10:29 30 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
1620142

Дирӯз Музеи Маскав мизбони тоҷикон буд. Баргузоркунандагони ҷашнвораи фарҳанги тоҷикиву русии "Помир - Маскав" майдонгоҳеро, ки дар миёни сохтмонҳои ин музей ҷой дорад, барои муддате гӯшае аз Тоҷикистон гардонда буданд

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Ҳарчанд имрӯзҳо дар пойтахти Русия "ҳаво бас ноҷавонмардона сард аст", аммо беш аз 3 500 кас аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз муҳоҷиру муқим дар Маскав аз ин ҷашнвораи фарҳангӣ боздид карданд.

Ин ҷашнвораро Музеи Маскав дар ҳамкорӣ бо созмони тоҷикии "Нур", гурӯҳи мусқии "Аркадий Котс", гурӯҳи Cineminers ва Бунёди Роза Луксембург омода карда буданд. Дар маросими оғози раҳбари созмони иҷтимоъии "Нур" Алимамад Боймамадов, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ, коргардон Анна Моисеенко суханронӣ карданд.

Ҳар кадоме аз онҳо меҳмононро хуш омад гуфтанд ва бар ин нукта таъкид карданд, ки ҳадаф аз баргузории ин ҷашнвора намоиши ҳунару фарҳанги тоҷикон ба манзури посдошти он дар миёни муҳоҷирон ва мондгоршудагон дар Русия ва ҳамчунин ошносозии русҳо бо фарҳанги тоҷикон аст.

Бо ин ҳадаф дар майдонгоҳ кӯчае аз рустоҳои кӯҳистониро бозсозӣ карда буданд ва хонае дар он сохта буданд то ҳар муҳоҷире худро дар хонааш эҳсос кунад.

Шоҳи мо омад…

Яке аз барномаҳои аслии ин ҷашнвора баргузории ҷашни арӯсӣ бо иҷрои ҳама суннатҳои асливу қадимии он буд, ки дар ҳамин хона бояд баргузор мешуд. Пеш аз он ки домод арӯсашро ба ин хона биёрад, муҷриёни ин бахш аз барнома Умед Ҷайҳонӣ ва Давлатсултон Назархудоева дар бораи ториху меъмории хонаи суннатии помирӣ барои меҳмонон аз дуру наздик ва русу тоҷик тавзеҳоте доданд.

Фестиваль культур России и Таджикистана, Памир-Москва
Sputnik / Стас Этвеш
Фестиваль культур России и Таджикистана, Памир-Москва

Чунончи, гуфта шуд, ки чунин хонаҳое дар қадим дар саросари Эронзамин — аз Хутан то Курдистон — сохта мешуданд. Аз он ҷумла, кохҳои шоҳону бузургон ва ниёишгоҳҳои Суғд низ чунин тарҳе доштаанд ва дар Рашту Дарвозу Бадахшон низ чунин хонаҳое сохта мешуда, вале бо гузашти замон ин хонаҳо танҳо дар Помир боз мондаанд. Ин хонаҳо афзун бар ин ки аз диди сохту меъморӣ ларзатобовар ҳастанд, ҷанбаҳои зебоишинохтӣ ва руҳонӣ низ доранд, ки меъморӣ ва фалсафаи исломиро дар ҳам омехта ва ҳамзамон зистгоҳу ниёишгоҳро дар худ мегунҷонанд.     

Мизбонон меҳмонон аз Австрия, Амрико, Люксембург, Олмон, Қирғизистон ва Қазоқистонро дар ин хона ба расми қадима ҷобаҷо карданд. Як сӯ мардон нишаста буданд ва дигар сӯ бонувон ва домоду арӯс дар ҷойгоҳе ки "тахт" хонда мешавад, нишастанд. Пас аз баргузории "маросими шаръӣ" базм оғоз шуду ҳунармандон мардумро ба рақс кашиданд.

Мардум аз ин базм чунон хурсанд шуданд ки аз чеҳра гӯё хонда мешуд, ки дӯшизагон орзу доранд зудтар хонадор шаванд ва ҷавонон ҳам бо дидани хонаи помирӣ аз сохтусози манзили ояндаи худ меандешанд.

Бонувон ҷашни арӯсиро бо диққати томм тамошо мекарданду ҳар як расму ойинашро бо сурҳои замони худ мсанҷиданд, мардони бузургсолтар ин хонаи помириро бо манзилҳои худ муқоиса кардаву баҳои дару тирезаи онро ҳисобу китоб мекарданд.

Анзор се сол мешавад, ки дар Маскав кор мекунад. Вай дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, орзу дорад чунин хонае бисозаду сипас арӯсашро ба он биёрад: "Ман  медонам, ки сохтани хонаи помирӣ бо нархи имрӯза хеле гарон меафтад. Вале зиндагӣ дар манзилҳои замонавиро хуш надорам. Ду соли дигар кор карда бармегардаму ҳатман хонаи бобоӣ бунёд мекунам. Ва баъд, Худо хоҳад, зан мегирам".

Палав, ширчой ва мавизу тут

Агар тоҷикон аз тамошои ин ҷашну базму хона аз ёру диёр ёд мекарданд, хориҷиён аз он шигифтзада шуда буданд. Мизбонон барои онҳо дар "хонаи помирӣ" дасторхонеро густардаву бо палаву ширчойу нону кулчаву мавизу туту зардолу ва дигар хӯрданиҳову шириниҳо ороста буданд. Хориҷиён оши палавро чашидаву барпо шудани як хонаводаи ҷавонро бо забонҳои гуногун табрик мегуфтанд.

Фестиваль культур России и Таджикистана, Памир-Москва
Sputnik / Стас Этвеш
Фестиваль культур России и Таджикистана, Памир-Москва

Яке аз онҳо Ян Маршалл аз Бритониё буд, ки ду сол боз устоди донишгоҳи Мактаби олии риёзии Маскав аст. Ӯ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки аз роҳ мегузашт, ки овози мусиқӣ таваҷҷуҳашро ҷалб карду ӯро ба ин сӯ овард.

"Баргузории барномаро наметавонам арзёбӣ кунам, чун коршинос нестам, вале ҳаминро дақиқ мегӯям, ки оши палав бисёр хушмазза аст ва фазои ин ҷашнвора бисёр хуш аст", — гуфт ӯ.

Тоқӣ, цемак, печак

Дар канори "хонаи помирӣ" маконеро бозоргоҳ карда буданд, ки дар он маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик ба намоиш гузошта шуда буд.

Яке ҷӯробҳоро медиду дигаре тоқӣ ба сар мекард, севумӣ мӯраҳои рангорангро ба гардан меовехту чаҳорумӣ печакҳо ё наворҳои рангорангро, ки дар гесувонаш мебофт.

Чанде аз бонувони рус пеши дукони гарданбандҳои сангӣ ҷамъ шудаву асл будани онҳоро бо маъдансанги намоишӣ месанҷиданд.

Навозандагон дар ҷустуҷӯи созе чун рубобу сетору дутор буданд. Вале ҳаводорони мусиқӣ чашм ба ангуштони созандагон дӯхтаву остинро бар зада омодаи рақс буданд.

Рӯбарӯи "хона" саҳнае буд, ки пас аз "ҷашни арӯсӣ" дар он намоиши пӯшоки суннатии арӯсу домод баргузор шуд. Муҷриёни ин барнома Фарзона Ширинбек ва Умед Ҷайҳонӣ дар бораи рамзу маънии рангҳо ва ҳар кадоме аз пӯшокҳо тавзеҳоте муфассал доданд.

Аз ҷумла гуфта шуд, ки маънии рангҳои сурху сафеду сабз, ки рангҳои миллии тоҷикон ҳастанд, мутаносибан озодӣ, оромӣ ва ободӣ аст. Ин барнома, ки ба манзури посдошти фарҳангу суннати сур ё ҷашни арӯсиву домодӣ баргузор шуд, ҳамагонро бисёр хуш омад.  Бавижа "домод" ин "маросим"-ро ҷиддӣ гирифта буду мехост аз фурсати муносиб истифода бурда, "арӯс"-ро ҳамонҷо хостгорӣ кунад.

"Суруди Абдул"

Дар бахше дигар аз барнома филме дар бораи зиндагии як муҳоҷир бо номи "Суруди Абдул" намоиш дода шуд. Толоре, ки филм намоиш дода мешуд, пур аз тамошобин буд. Мардум аз дидани бархе аз саҳнаҳо гоҳе механдиду бархеро гиря гулӯгир мекард.

"Ин зиндагии ман аст", — гуфт Лутфия, ки саҳнае аз филмро монанд ба зиндагии худ ёфта буд.

"Ростӣ, ман қаблан дар бораи зиндагии муҳоҷирон дар Русия фикр намекардам. Гӯё онҳоро намедидам. Вале пас он, ки Анна Моисенко — коргардони филми мустанади "суруди Абдул", маро ба ин ҷо даъват карду ин филмро дидам, дарк мекунам, ки чӣ гуна барои муҳоҷирон зиндагӣ дар ду ҷаҳони комилан гуногун душвор аст", — гуфт Елена Закирка дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Дар майдон рақсу бозӣ ҳамчунон дошт, вале бисёре аз мардум дигар ба хонаҳояшон баргашта буданд ва гӯё офтоб низ дар паси абрҳо пинҳон шудаву хабар медод, ки рӯз инак ба поён мерасад.

Пас аз намоиши филми "Суруди Абдул" дар худи ҳамон толор баҳсе миёни муҳоҷирон ва коршиносони умури муҳоҷират барпо шуд.

Муҳоҷират…

Коршиносон дар таҳлилҳои худ аз ҷанбаҳои гуногуни муҳоҷрат гузориш медоданду муҳоҷирон ба саволҳои бешуморашон посух мегирифтанд.

Донишҷӯи соли сеюми донишгоҳи Маскав, Сайёра дар бораи баргузории ҷашнвора гуфт, ки барномааш хуб буд, вале маконаш тангӣ мекард ва имкон набуд, ки ҳама гӯшаҳояшро тамошо кунанд.

"Дар миёни издиҳом ман хешу таборамро ёфтам дидор тоза кардем. Намошии филми "Суруди Абдул" ва  мизи гирд дар мавзуъи муҳоҷиратро бисёр писандидам, зеро шеваи наве дар баргузории ҷашнвораҳо аст".

Раҳбари созмони "Нур" Алимамад Боймамадов дар мусоҳиба бо мо аз баргузории ин барнома чунин натиҷагирӣ кард, ки Музеи Маскав "хонаи помириро" бисёр писандида ва дархост карда, ки онро дар шуӯъбаи ин осорхона дар парки Кузминки бозсозӣ кунанд ва пешниҳоде ҳам шуд, ки дигар ҷои баргузории туйи домодию арусии тоҷикони Маскав бошад.

Барчаспҳо:
Алимамад Боймамадов, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ