10:37 23 июли 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.93
  • RUB0.15
Парвина Бандишоева

Парвина Бандишоева: донишҷӯӣ дар Чин осон нест

© Фото : Аз саҳифаи Парвина дар фейсбук
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
119790

Чигуна Парвина бахши магистратураи Донишгоҳи Уханро хатм карду чаро аз устодони донишгоҳ дилшикаста аст. Sputnik Тоҷикистон дар бораи зиндагии донишчӯ дар Чин, мушкилоти таҳсил ва дастовардҳову нақшаҳои ояндаи Парвина пурсон шуд

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Дар пайи эълом шудани "Соли ҷавонон", Sputnik Тоҷикистон тасмим гирифт дар бораи ҷавонони муваффақи тоҷик аз ҳар гӯшаву канори ҷаҳон хабар диҳад.

Парвина Бандишоева пас аз хатми бахши бакалаври Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон барои идомаи таҳсил дар бахши магистратура Чин рафт. Ӯ имсол Донишгоҳи Уханро, ки яке аз бонузуфтарин макотиби олии Чин аст, бо муваффақият хатм кард.  

Парвина кист?

Парвина Бандишоева 11 май соли 1992 ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро дар шаҳри Душанбе хатм карда донишҷӯи даонишкадаи забоншиносии Донишгоҳи русӣ-тоҷикӣ шуд. Пас аз хатми чор соли таҳсил дар бахши омӯзиши забони чинӣ довталаби такмили тахассус дар Донишгоҳи Ухани Чин шуд. Имсол он донишгоҳро бо муваффақият ба поён бурд. Тафреҳи дӯстдоштааш варзиши бадан ва рақс аст. Парвина дар гурӯҳи рақсии "Парасту" дар Донишгоҳи славянӣ низ фаъолият кардааст.

Парвина Бандишоева
© Фото : Аз саҳифаи фейсбуки Парвина
Парвина Бандишоева

Сафарҳои пай дар пай: Чин тасхир мекунад

Маркази Конфуҷӣ дар Душанбе ҳарсола дар таътили тобистона донишҷӯёнро барои омӯзиши забони чинӣ ба Урумчӣ мебарад. Парвина низ сафари нахустинашро бо истифода аз ҳамин имконият шуруъ кард.

Бори нахуст Парвина дар соли аввали таҳсилаш дар Донишгоҳи славянӣ ҳангоми таътили тобистона ба шаҳри Урумчӣ сафар кардааст. Ӯ дар муддати се моҳ ба омӯзиши забони чинӣ машғул шуд. Парвинаро табиъат ва фарҳанги мардуми ин макон тасхир кардааст.

"Ман ин шаҳр ва умуман табиати Чинро бисёр писандидам ва тасмим гирифтам, ки бояд барои идомаи таҳсил ва омӯхтани забони чинӣ баргардам", — гуфт Парвина аз ёддоштҳои сафари нахустинаш.

Фикри идомаи таҳсил дар Чин ҳамоно Парвинаро ором намегузошт ва ӯ ҳамроҳи дугонааш дар озмуне онлайн ширкат карду комёб шуд ва бо дастгирии падару модараш ба Чин сафар кард. Ин бор Парвина донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгориии Хайнан шуд.

"Пас аз ним соли таҳсил бо роҳнамоии дӯстонам ба шаҳри Ухан рафтам. Яке аз қадимтарин ва бонуфузтарин донишгоҳҳои Чин дар ҳамин шаҳр ҷойгир аст".

Манижа Буйдоқова
© Фото : Из личного архива Манижи Будаковой

Пас аз сарсониҳои доништалабӣ дар Чин, Парвина дар Донишгоҳи шаҳри Ухани қарор гиритфу имсол ин мактаби олиро бо ихтисоси "омӯзгори забони чинӣ" хатм кард.

Мушкилоти донишҷӯёни тоҷик ва дилшикастагӣ аз устодони донишгоҳ

Парвина мегӯяд ягона мушкиле, ки донишҷӯёни тоҷик ва натанҳо онҳо, дучор мешаванд, ин навиштани поённома ё кори дипломӣ аст.

"Ягона чизе, ки маро дар Чин дилшикаста кард, ин муносибати устодони роҳнамо, ҳангоми навиштани поённома буд. Муттассифона роҳбарон ба донишҷӯёни худ таваҷҷуҳе надоранд ва дар рафти кор масъулиятеро ҳам эҳсос намекунанд", — гуфт бо таассуф Парвина.

Ба қавли Парвина, таҳсил дар бахши магистратура барояш сахту душвор буд. Ҳатто мавридҳое пеш омада, ки ӯ суханони устодонро хуб дарк намекард, вале ба ҳама мушкилиҳо нигоҳ накарда ӯ донишгоҳро хатм кард.

Парвина — омӯзгори чиниҳо

Да баробари мушкилот таҳсил дар кишвари хориҷ  хубиҳои худро дорад.

Парвина дар давоми солҳои таҳсил дар Чин бо ториху фарҳанги мардуми Чин аз наздик шинос шудааст. Ӯ қадри вақтро хуб медонад ва бовар дорад, ки дунё имрӯз дунёи лаёқатдорон аст.  Дар Чин Парвина дар баробари таҳсил ба кӯдакони чинӣ забони англисӣ омӯзонидааст.

"Ман пеш аз таътил дар кӯдакистон ва мактаби миёна фаъолият кардам. Ба кӯдакони чинӣ забони англисӣ дарс медодам".

Омӯзгориву забономӯзӣ ягона ҳунарҳои Паривна нестанд. Ӯ иҷрокунандаи хуби рақсҳои миллӣ ҳам ҳаст. Парвина нахустин касе буд, ки Тоҷикистонро дар ҷашнвораи фарҳангии Донишгоҳи Ухан муаррифӣ кард.

"Маро ҳангоми ҳунарнамоӣ ҳаяҷон фаро гирифта буд. Дар баробари намояндагони дигар кишварҳо ман Тоҷикистонро бори нахуст дар ҷашнвораи фарҳангӣ муаррифӣ кардам", — мегӯяд Парвина.

Парвина ҳангоми муаррифии Тоҷикистон дар ҷашнвораи фарҳангӣ
© Фото : Аз саҳифаи фейсбуки Парвина
Парвина ҳангоми муаррифии Тоҷикистон дар ҷашнвораи фарҳангӣ

Пазмони оши палав

Паврина мегӯяд хӯрокҳои чинӣ аз хӯрокҳои миллии тоҷикон ба куллӣ фарқ мекунанд. Афзун бар ин, ҳар як вилояти Чин хӯрокҳои махсуси худро дорад.

"Паз аз зиндагии тӯлонӣ дар Чин наметавонам бигӯям, ки кадоме аз хӯрокҳо — тоҷикӣ ё чинӣ хушмаззатар аст. Бегумон, хӯрокҳои худамонро бисёр пазмон шудам. Фирк мекунам барои ҳар мардуме хӯрданиҳои худияш хушмаззатар аст",- гуфт Парвина дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Парвина шод аст, ки пас аз чанде ба Тоҷикистон бармегардад. Ӯ ният дорад дар Тоҷикистон забони чиниро барои тоҷикон биёмӯзонад.

Дар ин кори нек ба Парвина комёбиҳо орзу дорем.

Мавзуъ

Омодагии донишҷӯи тоҷик барои бунёди сирк дар Қурғонтеппа
Барои Ватан: чӣ гуна Ҳусния дар Амрико забонҳои помириро ҳифз мекунад
Барчаспҳо:
таҳсил дар Чин, Парвина Бандишоева, Чин

Мавзӯъҳои асосӣ