07:02 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
1273111

Масъулин мехоҳанд ин хонаро комил бисозанд то аз боду борону сармои Маскав газанд наёбад ва маконе барои ошноии хориҷиён бо фарҳанги тоҷикон ва ҳамчунин аксбардории навхонадорони тоҷики Маскав бошад

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Созмони фарҳангии тоҷикони Русия дар маркази порки "Кузминки" дар шаҳри Маскав "хонаи помирӣ" бунёд кард.

Раҳбари созмони "Нур" Алимамад Боймамадов дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ин хона дар чорчӯби ҷашнвораи фарҳангии Тоҷикистону Русия "Помир — Маскав" дар Музеи Маскав сохта ва ба намоиш гузошта шуда буд.

"Мудирият Музеи Маскав ин хонаро бисёр писандид ва дархост кард, ки онро дар шуъбаи ин осорхона дар порки "Кузминки" бозсозӣ кунем", — гуфт вай.

Пас аз баргузории он ҷашнвора ин хона чанд ҳафта дар саҳни Музей намоиш дода мешуд ва акнун онро дар порки "Кузминки" бозсозӣ мекунанд.

Музеи Маскав ва созмони "Нур" дар назар доранд рӯзҳои таътил дар ин "хонаи помирӣ" барои боздидкунандагон аз порк маҳфили афсонахонӣ роҳандозӣ кунанд.

  • Хонаи помирӣ дар Маскав
    Хонаи помирӣ дар Маскав
    © Фото : Рам Бекназаров
  • Боми хонаи помирӣ
    Боми хонаи помирӣ
    © Фото : Рам Бекназаров
  • Равзана
    Равзана
    © Фото : Рам Бекназаров
  • Хонаи помирӣ
    Хонаи помирӣ
    © Фото : Рам Бекназаров
1 / 4
© Фото : Рам Бекназаров
Хонаи помирӣ дар Маскав

"Мо пешниҳод кардем, ки дар баробари афсонаву достонҳои мардуми рус ба кӯдакон афсонаву достонҳои мадуми тоҷик низ гуфта шаванд. Бо ин роҳ бештар мешавад фарҳанги тоҷиконро ба дигар мардумон ошно кард", — бовар дорад раҳбари созмони "Нур" Алимамад Боймамадов.

Ҳамакнун деворҳои ин хона сохта шуда ва бомашро мепӯшонанд. Масъулин мехоҳанд ин хонаро комил бисозанд то аз боду борону сармои Маскав газанд наёбад ва маконе барои ошноии хориҷиён бо фарҳанги тоҷикон ва ҳамчунин аксбардории навхонадорони тоҷики Маскав бошад.

Ин хона тарҳи хонаҳои воқеъиро бозсозӣ мекунад. Хонаҳои помирӣ аз сангу чӯбу гил бунёд мешаванд ва на танҳо манзиле созгор бо боду ҳавои кӯҳистон ҳастанд, балки музеи ҳунари меъмории суннатӣ низ ба шумор мераванд.

Ин хонаҳо талфиқе аз меъморӣ ва фалсафаро ба намоиш мегузоранд ки аз жарфои торих реша мегирад ва омӯзаҳои зардуштӣ ва исломиро дар ҳам меомезад.

Чунончи, панҷ сутуни ин хона дар қадим бо номҳои Аноҳито, Суруш, Озар, Замёд ва Меҳр ёд мешуд. Акнун ин сутунҳо бо номҳои ҳазрати Муҳаммад (с), ҳазрати Алӣ (а), ҳазарати Фотимаи Заҳро ва ҳазрати Ҳасану ҳазрати Ҳусайн шинохта мешаванд.

Мавзуъ

Ҷалби сайёҳон: дар Маскав дар давоми чор рӯз хонаи Помирӣ сохтанд
"Мо аз Помир омадем...": ҷашнвораи фарҳанги Тоҷикистону Русия дар Маскав
Дар Помир умури иктишофии фузулоти нодир оғоз шуд
Барчаспҳо:
Хонаи Помирӣ, Алимамад Боймамадов, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ