Парвина Саидова либоси арӯсро намоиш дод

© Фото : Azu ProductionПарвина Саидова, архивное фото
Парвина Саидова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Модели машҳури тоҷик Парвина Саидова аксе аз пироҳани арӯсиеро намоиш доду ҳаводоронашро хушнуд кард

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Модели тоҷик Парвина Саидова аксеро бо пироҳани арӯсӣ дар саҳифа Instagram мунташир кард.

 

Публикация от Parinoz (@miss_fortuna) Июл 24 2017 в 10:52 PDT

 

Худи Парвина баъд аз гузоштани ин акс гуфт, ин пироҳан барои фотосессияи маҷаллаи "Домоду арӯс" гирифта шудааст.

"Ба ман аллакай чанд кас занг зада, шодбош гуфтанд. Ин акс барои маҷаллаи "Жених и нивеста" гирифта шудааст",- афзуд вай.

Чанде пеш Парвина Саидова дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон хабари шавҳар карданашро тасдиқ карда буд. Зебосанам гуфта буд,  дар бораи пӯшидани пироҳани арӯсӣ чизе гуфта наметавонад.

Ҳоло бошад мегӯяд, "агар маъракаи хурсандӣ барпо кардам, ҳатман дар сафҳаи фейсбукиам хабар медиҳам".

Лентаи хабарҳо
0