Аз сохтусоз то сафорат: донишҷӯёни тоҷики Маскав дар куҷоҳо кор мекунанд

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкМигранты на строительном объекте. Архивное фото
Мигранты на строительном объекте. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Донишҷӯӣ аз беҳтарин даврони зиндагии ҷавонон ҳаст. Дар ин давра аст, ки ҷавонон роҳи зиндагии ояндаашонро пайдо мекунанд
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Бисёре аз ҷавонон дар ин давра таҳсили илм мекунад, бархе касбу кореро пеш мегиранд, гурӯҳе ҷаҳонгардӣ мекунад, вале ҳама ошиқ мешаванду бархе низ хонавода барпо мекунанд.
Вале донишҷӯёни тоҷике, ки дар донишгоҳҳои Маскав таҳсил мекунанд, зиндагии дигаре доранд. Бисёре аз онҳо ночоранд на танҳо дар таътилот, балки дар замони таҳсил низ кор кунанду ҳам худро ва ҳам хонаводаашонро таъмин кунанд.
Sputnik Тоҷикистон тасмим гирифааст дар “Соли ҷавонон” дар бораи зиндагии донишҷӯёни тоҷик за саросари ҷаҳон гузориш диҳад.
Шиновар Бекназаров донишҷӯёи соли севуми бахши муҳандисии барқ дар Донишгоҳи давлатии кишоварзии Маскав аст. Ӯ қасд дорад то моҳи сентябр — то оғози соли хониш — кор карда пуле ҷамъ оварад то тавонад китобу дафтару дигар донишафзорҳояшро харид кунад.
Ӯ мегӯяд, ки барои донишҷӯён пайдо кардани кор дар Маскав осон нест.
“Ба куҷое, ки муроҷиат кунӣ, сараввал аз доштани шаҳрвандӣ ва баъд аз ҳуҷҷатҳо (муҷаввизи кор, ки барои донишҷӯён ҷудогона буда на патент, балки иҷозатномаи кор ном дорад) мепурсанд. Вале барои иҷозатномаи корро гирифтан донишҷӯ бояд сараввал қарордоди кориеро ба Маркази чандкораи шаҳрдории Маскав (МФЦ) бибарад, ки онро бидуни иҷозатномаи кор дар ягон ҷо намедиҳанд ”, — гуфт Шиновар ва афзуд, ки қавонини Русия бисёр зидду нақз ҳастанд.
Вале ба қавли ин донишҷӯи тоҷик, дар аксари маворид доштани таҷриба ва огоҳ будан аз касби худ метавонад донишҷӯро комёб кунад. Вай худ пас аз ҷустуҷӯҳои тулонӣ тавонистааст коре пайдо кунад.
“Ман феълан дар сохтмон кор мекунам. Вақте корфармо бо ман суҳбат кард, донист ки ман аз касбам хуб огоҳам ва таҷриба ҳам дорам. Ӯ маро бе муҷаввизи кор қабул кард ва тарҳеро ба ман вогузор кард. Ман ҳам ду тан аз муҳоҷиронро ҳамкор гирифтам ва тавонистам ҳам худу ҳам онҳоро соҳиби кор кунам”, — мегӯяд бо ифтихор ин донишҷӯи тоҷик.
Ба гуфти Шиновар, кор кардан дар риштае, ки таҳсил карда бошӣ, ҳам ҷолиб асту ҳам судовар.
“Ман симати муҳандисӣ надорам ва корам кашидани сими барқ ба утоқҳост, ки поинтарин дараҷа дар барқкорӣ аст. Вале ҳеч касе аз симатҳои баланд корашро оғоз намекунад, аз ин рӯ бовар дорам, ки пас аз хатми донишгоҳ дар заминаи таҳсилиям кор пайдо мекунам”, — гуфт хушбинона донишҷӯи тоҷик дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Малика Тоирова донишҷӯи соли чаҳоруми бахши равоншиносӣ дар Донишгоҳи омӯзгории Маскав аст. Ӯ мегӯяд, ки танҳо барои гузарони вақт ва гуфтугӯ бо одамон дар таътилот кор мекунад.
“Маро падару модарам намегузоранд, ки кор кунам. Вале ман мехоҳам даромади шахсии худро дошта бошам ва таътилотамро беҳуда мегузаронам”.
Малика дар ошхонаи ширкати “Тойота” сандуқдорӣ (кассир) мекунад. Ба қавли ӯ, муҳимтарин шарт барои пайдо кардани кор доштани таҷриба аст ва набуди ҳуҷҷат монеъа намешавад.
“Албатта дар ҳама ҷо ҳуҷҷат талаб мекунанд, вале барои корфармоён таҷриба доштан муҳимтар аз ҳуҷҷату санад аст. Ман пештар ҳам дар сандуқдорӣ кардаам ва роҳу равиши ин корро хуб медонам. Аз ин рӯ ин кор бароям ҷолиб аст”, — гуфт Малика ва афзуд, ки ҷои кор барояш муносиб аст, чун ниёзе надорад савори нақлиёти умумӣ шавад.
Маликаро ҳамкоронаш хуб мешиносанд ва боре аз ӯ хоҳиш ҳам кардаанд, ки барояшон ягон хӯроки тоҷикӣ омода кунад. Малика барояшони қурутоб омода кардааст, ки бисёр писандашон омадааст.
“Мудирамон ҳатто хост, ки қурутобро дар меню дохил кунем. Ман ҳам розӣ шудам”, —мегӯяд бо ифтихор Малика.
Ӯ афзуд барои ӯ чун барои равоншиноси оянда гуфтугӯ бо мардум ва мубодилаи афкор бо шахсиятҳои гуногун бисёр судманд аст.
Мурод Раҷабеков Донишгоҳи меъмории Маскавро хатм кардаву акнун донишҷӯи соли дувуми Донишгоҳи дӯстии милали Маскав аст.
Ба гуфти ӯ, аслитарин мушкили донишҷӯён дар Маскав камбуди даромад аст. Вале ёфтани ҷои кор на ба доштани мадраки таҳсилӣ ё дигар аснод, балки ба доштани ошноҳо вобаста аст. Мурод дар риштаи корофаринии муҳандисӣ бо ҳазинаи худаш таҳсил мекунад. Ӯ дар ноҳияи Балашиха дар сохтмони манзилҳои баландошёна коргари сохтмон аст.
“Ман дар бахши шабона таҳсил дорам, аз ин рӯ барои кор кардан вақтам бисёртар аст. Асосан барои пардохти пули қарордоди донишгоҳам, барои зиндаги худ дар Маскав кор мекунам”, — гуфт Мурод ва афзуд, ки барои хонаводааш дар Тоҷикистон ҳам аз пасандозҳояш кӯмак мекунад.
Мурод нақша дорад имсол каме сармоя пасандоз карда соли оянда хонадор шавад.
Ҳангома Ошурбекова донишҷӯи соли чаҳоруми Академияи байнуамилалии Маскав дар бахши забоншиносӣ ва мудирияти байналмиаллӣ таҳсил мекунад. Ҳангома мутарҷими забони инглисӣ аст. Ин донишҷӯи тоҷик то андозае муваффақ ҳам шудааст. Ӯ дар бахши равобити умумии сафорати Баҳрайн кор мекунад.
“Ман аз ҷои корам бисёр розӣ ҳастам. Нахустин бор ман ба ин ҷо дар соли дувуми донишҷӯиям омада будам. Вақте масъулин забондонии маро диданд, маро боз ба кор даъват карданд. Ва ман дар соли севуми донишҷӯиям аз бахши рӯзонаи донишгоҳ ба бахши шабона гузаштам. Акнун панҷ рӯз кор мекунаму дар рӯзҳои таътил дарс мехонам”, — гуфт Ҳангома дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ба қавли Ҳангома, дар ҷои кор аз ӯ ягон ҳуҷҷате ҳам талаб накардаанд, фақат як санаде аз донишгоҳ дар бораи таҳсилаш лозим шудаасту бас.
Монанди Шиновару Шамсия ва Муроду Ҳангома дар Русия чандин ҳазор ҷавонони дигар ба сар мебаранд, ки бархе аз онҳо донишҷӯ ҳастанду аксарашон муҳоҷири корӣ.
Вале мақсади ҳамаи онҳо як аст — кумак кардан ба падару модар ё хоҳару бародаре, ки дар Тоҷикистон ба иллати набуди кор ба музди моҳиёнаи онҳо чашм дӯхтаанд.
Лентаи хабарҳо
0