Сайёра Сафарӣ: ҳаргиз бо ҳампешагонам роман надоштам

© Из личного архива Сайёры СафариСёра Сафари, архивное фото
Сёра Сафари, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
"Гулчатой"-ро қариб як соат дар яке аз хиёбонҳои марказии Маскав интизор шудем. Вай дар даст гулдастае ҳозир шуд. Пур аз ҳаяҷон буд. Гуфт гулдастаро кадом мухлсие фиристодаву ӯро шом рестурон даъват кардааст

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Сайёра Сафарӣ, ҳунарпешаи тоҷики синемои Русия, чанде пеш бо Sputnik Тоҷикистон мусоҳиба кард.

Вай ҳашт сол пеш аз ин ҳунарҷӯи Ҳунаркадаи театрии Шепкин (Высшее театральное училище (институт) имени М. С. Щепкина) дар пойтахти Русия шуда буд. Ҳанӯз ҳунарҷӯи соли дуввум буд, ки шинохтатарин нақшаш — "Гулчатой"-ро дар филме офарид. Ӯ ки ба гуфти худаш тасодуфан вориди санъати синемо шуда, акнун яке аз муваффақтарин ҳунарпешаҳои ҷавони Русия аст.

Сайёра Сафарӣ мегӯяд ба тоҷик буданаш ифтихор мекунад ва иҷрои нақши духтари тоҷик дар филм барояш мояи сарфарозӣ хоҳад буд. Аммо насионалист несту дар интихоби ҳамсар шитоб надорад ва ҳануз шаҳзодаи орзуҳояшро дучор нашудааст… 

Аммо чуноне ки мегӯяд, сухан аз забони Луқмон хуш аст…

Сайёра..

Ман дар Душанбе ба дунё омадаам. Мо дар хонаводаамон чаҳор фарзандем. Бародару хоҳари бузургам ҳар кадоме хонавода доранд. Ману хоҳари хурдиам дар Маскав зиндагӣ дорем. Ҳар кадоме пешаеро касби худ интихоб кардаем. Хоҳарам ҳам замоне ҳунарпеша буду нақш меофарид, аммо ҳоло аз олами кино дур аст.  Падарам устоди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аст.  Модарам мактабро дар Қазоқистон хатм кардаву, мехост балерина шавад, аммо падарамро дӯст доштаву хонаводаро ихтиёр кардааст. Ман бо хонаводаам равобити бисёр хуб дорам. Рӯзе нест, ки бо скайп бо онҳо суҳбат накунам.

Дар хурдсолӣ гӯё раиси маҳалла будам. Ҳама кӯдакон мушкилоташонро пеши ман меоварданд. Замоне расид, ки камгап шудаму дар худ фурӯ рафтам ва худро инсони ҷиддӣ вонамуд мекардаму ба китобхонӣ машғул гаштам.

Дар ёд дорам, он замон барқро зуд-зуд хомӯш мекарданд. Он лаҳзаҳо дӯстдоштатарин замоне бароям буданд, зеро  "ситораи хонадон" мешудаму ҳунарнамоӣ мекардам. Шамъҳоеро, ки он шабҳо рӯшан мекардем, бисёр дӯст медоштам. Онҳо бароям илҳоми тоза мебахшиданд ва ҳануз ҳам илҳомбахшанд.

Падарам маро "телевизор" меномид, модарам иҷоза намедод мӯйҳоямро кӯтоҳ кунам, дар хурдсолӣ ман ҳам "Гулчатой" барин мӯйҳои бофта доштам. Ҳамеша аз хоҳари бузургам тақлид мекардам ва мехостам мисли вай бошам. Вай бисёр инсони наҷиб аст…

© Из личного архива Сайёры СафариСайёра Сафари, архивное фото
Сайёра Сафари, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сайёра Сафари, архивное фото

Душанбеи даврони хурдсолиам

Душанбеи даврони кӯдакиамро бисёр хуб дар ёд дорам. Дар ёд дорам, ки он замон барои мо садои тир як чизи оддие шуда буд. Зуд-зуд он вақтҳо ба ёдам меояд. Хуб дар ёдам мондааст, ки чӣ гуна чархболҳои ҷангӣ аз болои хонамон парвоз мекарданду мани аз ҷаҳон бехабар барояшон шеър мехондам. Ёд дорам, ки модарам рӯзе давон омада ману хоҳарамро бағал карду ба хона даровард ва дару тирезаҳоро баст… Мо ҳайратзада мепурсидем: чаро дару тирезаҳоро бастед?!

Он рӯзҳо ҳар аз гоҳе ҷангҷӯёне худсарона ба манзиламон медаромаданд ва яхдони хурдакакеро, ки дар долон меистод кушода, ҳар чиро ки мехостанд, мегирифтанду мерафтанд. Хонаро аз назар мегузаронданд. Модарам мегуфт, инҳо амакҳоятон ҳастанд, мо ҳам фикр мекардем, ки воқеъан хешовандамон ҳастанд. Он рӯзҳо даврони мушкили зиндагии мо буданд. Ёд дорам, ки падару модарам мегуфтанд пул дорем, аммо хӯрокворӣ пайдо намекунем. Замоне буд, ки пас аз соати 20 кӯча намебаромадем. Он рӯзҳоро хуб дар ёд дорам ва ин ҳама пас аз ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар буд, ки мо ҳам шоҳидаш ҳастем.

Нахустин нақш

Нахустин нақшҳоямро замоне офарида будам, ки довталабона бо созмони хайрияи амрикоии "Youth Power" ҳамкорӣ мекардам. Онҳо нақши гирифторони бемории ВИЧ-СПИД ва ё муътодон (наркоманҳо) буданд, ки бо иҷрояшон мардумро аз пайомадҳои ин бемориву эътиёд огоҳ мекардем. Ҳамон замон як рэпсарои тоҷик ҳам даъватам карда буд, ки сурудҳоеро бо ҳам иҷро кунем, ки он сабтҳо ҳануз ҳам ҳастанд.

Замоне, ки ман донишомӯзи синфи 11 будам, ширкати синемасозии "Мосфилм" барои сохтани филми "Десантура" ба Душанбе омада буд. Ҳамон ҳамон маро иттифоқан барои иҷрои нақше даъват ва интихоб карданд. Пас аз ин коргардони филм маслиҳатам дод, ки ҳунарпеша шавам. Падару модарам нахуст розӣ набуданд, аммо ҷидду ҷаҳди маро дида розӣ шуданд.

Маскав ва Сайёра Сафарӣ

Ман дар хонаводае ба дунё омадаам, ки ҳаргиз мавзуъи миллигароӣ дар он матраҳ нашуда буд. Ростӣ, модарам русизабон аст. Аммо ман Сайёра Сафарӣ ҳастам, на Сафарова. Шунида будам, ки дар раисҷумҳури Тоҷикистон гуфта, беҳтар аст дар насабҳо аз пасванди "-ова" даст кашем. Фикр кардам, Сайёра Сафарӣ аҷаб номи зебое мешавад ва ҳаминро интихоб кардам. Ман бо интихоби ин насаб роҳи худро дар Русия мушкилтар кардам. Зеро агар, масалан, Сафарова мешудам, иҷрои нақши Оля, Марина ва Екатеринаро бе ҳеч мушкиле бароям муносиб медиданд. Аммо барои Сафарӣ гоҳе муносиб намебинанд. Вале ман ҳамеша роҳи мушкилро интихоб мекунам, то муваффақ шавам.

Пас аз он, ки даврони донишҷӯиям ба поён расид, мисли дигар муҳоҷирон бо мушкили санаду мадрак дучор шудам. Ҳар се моҳ як бор бояд аз Русия хориҷ мешудаму дубора санад гирдоварӣ карда худро сабти ном мекардам. Сипас муҷаввизи кор гирифтам ва ҳар моҳ молиёт пардохт мекардам. Ҳатто мавориде буд, ки аз барои камбуди муддати эътибори муҷаввиз нақшеро ба ман намедоданд. Аз ин рафту омаду даводаву бюрократия хаста шудаму дархости шаҳрвандии Русияро кардам ва қарор аст ба наздикӣ онро дарёфт кунам.

Гулчатой

Филми "Гулчатой"-ро дар шаҳри Чимканд дар Қазоқистон сохта будем. Он замон Узбакистон иҷоза надода буд дар қаламраваш филмбардорӣ кунем. Бештари ҳунарпешаҳои он филм узбакистонӣ, вале тоҷик буданд. Барои ин нақш 300 ҳунарпеша дар  ҳунарозмоӣ (кастинг) ширкат карда буданд. Дар миёни онҳо ҳеч тоҷике набуд. Ягона тоҷик ман будам ва маро интихоб карданд.

Нонпазӣ ва гову асп дар филм

Ман дар замони сохтани он филм 21-сола будам ва нонпазиро дар ҳамон рӯзҳои филмбардорӣ ёд гирифтам. Аспсаворӣ ва гӯсолачарониву говдӯширо низ ҳамон замон ёд гирифтам. Куллан бигӯям, хонадориву кадбонугиро дӯст медорам.

© Из личного архива Сайёры СафариСайёра Сафари, архивное фото
Сайёра Сафари, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сайёра Сафари, архивное фото

Сайёра боз кадом ҳунарҳоро дорад?

Суруд хондану рақсиданро дӯст медорам. Ҳоло достоннависиро оғоз кардаам. Мехоҳам афзун бар ҳунарпешагӣ пешаи дигареро ҳам барои худ касб кунам. Аммо муҳимтар аз ҳар пешаву коре бароям инсон будан аст.

 

Рози зебоии Сайёра

Меваву тараборро дӯст медорам. Бисёр об менӯшам. Бисёр пиёдаравӣ мекунам. Гоҳе худравамро дуртар гузошта роҳпаймоӣ мекунам. Наметавонам дар фитнес-клуб зиёд машқ кунам, аммо меравам.

Зебоии алии инсон дар ботини ӯст. Ман дар филмҳо нақш меофарам, аммо зиндагиам дар филму синемо хулоса намешавад. Ҳар рӯз бароям чун филме оғоз мешаваду аз ҳар касе, ки дучорам мешавад, панде мегираму чизе меомӯзам.

Худамро ситора эҳсос накардаам

Боре ҳам худро ситора эҳсос накардам. Замоне, ки филми "Гулчатой" омода шуд, онро аз оғоз то поён тамошо кардам. Аммо аунун нақшҳои офаридаамро пурра тамошо намекунам. Ман дар шабакаҳи иҷтимоъӣ ҳам чандон то дер вақте наменишинам. Ҳатто барои Инстаграм ҳам вақти зиёде надорам. Фикр мекунам, агар ҳар амали худро дар шабакаҳо ба намоиш бигзорам, хотири касеро метавонам озурда кунам… Шояд ин аз фарҳангии тоҷикиам бошад, ки хоксориро дӯст дорам.

Тоҷикон бисёр номаву паём менависанд.

Шаш моҳ пеш аз ин дар Тоҷикистон будам. Барои диду боздид бо падару модару хешовандонам рафтам будам. Бо ҳунарпешаҳои тоҷик низ иртибот дорам. Ман аз тоҷикон чи аз Тоҷикистону чи аз Русия бисёр номаву паём дарёфт мекунам. Касе барои нақшҳоям сипосгузорӣ мекунад, касе меҳру муҳаббаташро изҳор мекунад. Ҷавоне навишта буд: "ҳамсарам филмҳои шуморо ҳамеша тамошо мекунад ва модарам салом мерасонад." Барои ин ҳама таваҷҷуҳи мухлисон бояд заҳмат кашид ва нақш офарид. Бо бархе аз ҷавонони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоъӣ дӯстӣ дорам. Ба духтарон аз касбу ҳунарам маслиҳат медиҳам. Аммо ду-се бор мухлисони узбакам пурсиданд, ки оё узбекам? Гуфтам, на, тоҷикам. Онҳо пас аз он дигар дигар нанавишатанд.

Зиндагии хусусӣ

Гуфтаниам, ки дар зиндагии заминӣ шаҳзода вуҷуд надорад. Маро ҳар аз гоҳе хостгорӣ мекунанд. Масалан, борҳо шуда, ки мардон аз як нигоҳ хостгорам шудаву пешниҳод додаанд, ки ҳамсафари зиндагияшон шавам. Нахустин бор маро дар 16-солагӣ писари хуҷандие хостгорӣ карда буд. Падарам он замон сахт хашмгин шуда буд.

Миллияти ҳамсари ояндаам бароям муҳим нест, муҳим инсони нек буданаш аст. Ҷавононе аз ҳар ҳар пешаву коре хостгорам мешаванд.  Дар миёнашон ҳунарпешаҳое низ буданд, ки дар филме ҳамроҳ нақш офарида будем. Аммо ҳамаро радд кардам. Ҳаргиз бо ҳампешагонам роман надоштаам. Мавориде буд, ки ҳамдигарро чашми дидан надоштем, аммо дар филм нақши ошиқонро бозӣ мекардем.

Шавҳари ояндаи ман бояд хӯву хавосе монанд ба худамро дошта бошад. Аммо ҳануз ёри дилхоҳамро наёфтааму қасдам пешравӣ дар ҳунару пешаам аст.

© Из личного архива Сайёры СафариСайёра Сафари, архивное фото
Сайёра Сафари, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сайёра Сафари, архивное фото

Зани тоҷик

Бароям офаридани нақши зани тоҷик дар синемо ифтихор аст. Занони тоҷик ба назари ман қавииродатар аз занҳои рус ҳастанд. Зани тоҷик метавонад дар як замон ҳам модар, ҳам ҳамсар, ҳам коргар ва ҳам тарбиягар бошад. Шояд дар Урупо занон метвонанд миёни хонавода ва кор якеро интихоб кунанд. Аммо зани тоҷик вуҷуди худро барои хонаводааш мебахшад.

"Салом, Маскав" ва муҳоҷирон

Офаридани нақши Гуля — зани муҳоҷир дар филми "Салом, Маскав" бароям мушкиле надошт. Ман худ муҳоҷир будаам ва аз ҳама мушкилоти муҳоҷирон хуб огоҳам. Мутаассифона, ин падида вуҷуд дорад ва мардум аз ночорӣ ба дигар кишвар мераванд. Воқеъан ба касоне, ки дар Меҳанашон комёб гаштаанд, ҳасад мебарам.

Фарҳанги тоҷикӣ ва бӯсу канор дар филм

Дар аввал ҳангоми иҷрои саҳнаҳои бистарӣ хело нороҳат мешудам.  Аммо ин касби ман аст, чун ман инро интихоб кардаам, дигар ман бояд ҳар кореро, ки дар филмнома барои нақшам навиштаанд, иҷро кунам. Аслан бӯса кардан амали баде ё пасте нест. Падару модарам ҳам дигар нақшҳои офаридаамро оромона мепазиранд. Фикр мекунам, шавҳари ояндаам маро пеш аз ҳама ҳамчун ҳунарпеша қабул хоҳад кард.

Шумо ҳам дар хурдӣ филми ҳиндӣ тамошо мекардед?

Филмҳои ҳиндиро бисёр тамошо мекардам. Хонаамон пур аз аксҳои Шоҳрух Хон буд. Ҳануз ҳам Шоҳрух Хонро эҳтиром мекунам. Орзу дорам бо вай нақшеро иҷро кунам. Чанде пеш коргардони болливудӣ пешниҳод карда буд, ки дар филме  нақш офарам. Гуфтам, мехоҳам бо Шоҳрух Хон нақшофарӣ кунам. Гуфт, ин мавзуъро баррасӣ хоҳад кард…

Ду нақши дигар

Ҳамин рӯзҳо филме омода шудааст, ки "Вернут любой ценой" (Ба ҳар баҳое бояд баргардонд) ном дорад ва бояд то чанде дигар аз Шабакаи аввали телевизюни Русия намоиш дода шавад. Филм аз замони шуравӣ ҳикоя мекунад. Дар филми дигаре, ки дар бораи зиндагии ҳазрати Исо аст, нақши зани қаҳрамони аслии филмро бозӣ кардаам. Бақияаш ҳоло махфӣ бимонад. Ҳама розҳоро замон ошкор мекунад.

Аз муаллиф

Сайёра Сафарӣ бо ҳама шӯҳраташ нигоҳ накарда, ба назарам бисёр духтари хоксор ва аз ҳама муҳимаш индустдӯст намуд. Чӣ иртиботе миёни қаҳрамонҳои офаридааш, ба мисли Гулчитай ва шахсияташ дар ӯ дидам. Ҳангоми падруд, касе ба вай бо забони тоҷикӣ паёмак навист. Гуфт, ҳампешагони русам бо тоҷикӣ навистаанд. Аҷаб тоҷикдухтаре, ки русҳоро тоҷикӣ омӯхта…

Лентаи хабарҳо
0