12:53 18 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.09
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Зулайхо Маҳмадшоева

Нашри намоҳанги нави Зулайхо Маҳмадшоева - "Гила"

© Sputnik
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
168 0 0

Дар шабакаи Youtube намоҳанги нави овозхони ҷавон - Зулайхо Маҳмадшоева бо унвони "Гила" мунташир шуд

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дар саҳифаи фейсбуки Зулайхо Маҳмадшоева дар бораи нашри суруд ва намоҳанги наваш хабар дода шудааст.

Намоҳанги тозаи сароянда "Гила" ном дошта матни суруд ба қалами Орзу Исоев тааллуқ дорад. Оҳанги ин сурудро Фаридуни Ризо эҷод кардааст. Ба гузориши манбаъ танзимгари мусиқӣ Роберт Мирзоян буда, овозро Муҳсин Шакарӣ сабк кардааст.

Продюсери тарҳ Бадриддин Сабур, коргардон — Азим Ҳикматуллоев аст. Зулайхо Маҳмадшоеваро дар ин намоҳанг Лидия Андре оро додааст.

Чанде пеш суруди тозаи сароянда "Роҳ" мунташир шуд, ки оҳанги онро сарояндаи номии Тоҷикистон Манижа Давлат эҷод кардааст.

Ёдовар мешавем, ки Зулайхо Маҳмадшоева рӯзи 29 апрели соли равон дар Маскав ҳунарнамоӣ карда буд. Он замон овозхони ҷавон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки аз хурдӣ пайрави Манижа Давлат буд.

"Ман Манижа Давлатро аз хурдӣ дӯст медораму пайрави сабки ӯ будам. Имрӯзҳо низ бо Манижа ҳамкорӣ дорам. Ӯ бароям оҳанг менависад, ман бошам иҷро мекунам".

Аз овозхонони ватанӣ Зулайхо-Манижа Давлат, Садриддин Наҷмиддин, Валиҷони Азизро меписандад. Аз сарояндагони рус ба эҷодиёти Нюша таваҷҷӯҳ дорад.

"Сабки Нюша ба ман писанд аст. Эҷодиёти ӯро пайгирӣ мекунам",-гуфта буд, Зулайхо.

Мавзӯъҳои асосӣ