08:44 27 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
4210

Сокини 77-солаи шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт Шарофат Мамадҷонова пули барои зиёрати Ҳаҷ ҷамъовардаашро ба маблағи 33 ҳазор сомонӣ барои бунёди Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Ашт тақдим кард

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Равобити умумии ҳукумати ноҳияи Ашт менависад, ки Шарофат Мамадҷонова ин маблағро дар ҷаласае, ки таҳти раёсати раиси ноҳия баргузор шуда буд, ба масъулин пешниҳод кард.

Шарофат Мамадҷонова дар ҳузури раиси ноҳияи Ашт гуфтааст, тақдими пули сафари Ҳаҷҷаш ба Маркази таҳсилоти иловагӣ ба далели он аст, ки ӯ дар ин марказ солҳо фаъолият карда буд.

 

"Фарзандам Мамадҷонов Муродҷон аз ман хоҳиш кард, ба Ҳаҷ равам, аммо нахостам. Чун вазъи саломатиам он қадар хуб нест. Зиёда аз 9 сол дар Маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият бурда, барои таълим додани бошандагони ин марказ саъю кӯшиш намудаам. Дар 55-солагӣ аз он даргоҳи бароям муқаддас ба нафақа баромадам. Акнун мехоҳам, ки ҳарчӣ зудтар ин бино бунёд ва ободу зебо гардад ва фарзандони мардум аз ин даргоҳ соҳиби илм гарданду касб омӯзанд", — гуфтааст холаи Шарофат.

Шарофат Мамадҷонова соҳиби нӯҳ фарзанд аст ва 22 сол боз бознишаста мебошад. Шавҳараш Мамадҷонов Аҳмадҷон дар 48-солагӣ вафот кард ва бори тарбияту бузург кардани фарзандон ба дӯшаш афтод.

Худи Шарофат Мамадҷонова зиёда аз 9 сол дар ҳамин Маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият бурдаву дар тарбияи бошандагони он саҳм гузоштааст.

Барчаспҳо:
барои сохтмони марказ, тақдими маблағ, Шарофат Мамадҷонова, ноҳияи Ашт

Мавзӯъҳои асосӣ