19:48 23 майи 2018
Пахши мустақим
Баарзу Абдураззоқов, акс аз бойгонӣ

Барзу Абдураззоқов бо даъвати Тошканд дар Узбакистон намоишнома иҷро мекунад

© Sputnik / Руслан Кривобок
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
18530

Интизор меравад дар авохири моҳи декабр намоишномаи "Фарҳод ва Ширин" аз рӯи асари ҳамноми Алишер Навоӣ бо коргардонии ин устоди ҳунари тоҷик дар саҳнаҳои Тошканд иҷро шавад

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Коргардони саршинос Барзу Абдураззоқов бо даъвати Вазорати фарҳанги Узбакистон дар Тошканд намоишнома иҷро мекунад.

Дар ин бора ҳунарманд ба Sputnuk Тоҷикистон иттилоъ дод.

Вай гуфт, масъулини Узбакистон аз ӯ даъват карданд, ки дар он кишвар намоишномаеро ба саҳна гузорад.

Барзу Абдураззоқов дар Театри Муқимӣ дар шаҳри Тошканд намоишномаи "Фарҳод ва Ширин"-ро аз рӯи асари ҳамноми Алишер Навоӣ иҷро хоҳад кард.

"Дар нақша гирифтаем, ки намоишнома дар авохири моҳи декабри ҳамин сол дар саҳнаи Тошканд иҷро шавад", — гуфт ин коргардони номдор.

Вай афзуд, ки намоишномаи "Фарҳод ва Ширин"-ро тоза аз рӯи асари маъруфи Алишер Навоӣ таҳия кардааст.

"Ин ҳаштумин бор мешавад, ки дар Узбакистон намоишнома иҷро хоҳам кард. Охирин намоишномаам дар он кишвар дар соли 2007 иҷро шуда буд", — тавзеҳ дод вай.

Барзу Абдураззоқов чанд сол боз дар саҳнаҳои бузурги Қирғизистон ва Қазоқистон намоишнома иҷро мекунад.

Вай то кунун беш аз 50 намоишномаи гуногунро дар намоишсароҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Узбакистон ва Русия пешкаши тамошобинон намудааст. Ӯро яке аз беҳтарин коргардонҳои театр дар Тоҷикистон мешиносанд. Соли 2001 давлати Тоҷикистон ӯро бо унвони "Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон" сарфароз кард.

Барчаспҳо:
намоишнома, Барзу Абдураззоқов, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ