11:15 21 августи 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.75
  • RUB0.14
Ғолибони озмуни  Мисс  ва Мистер Тоҷикистон

Мiss ва Мister Тоҷикистон муайян шуданд

Sputnik
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
106822

Барои ҷоизаи "Мисс Тоҷикистон" ҳам зебосанамҳои ҷавон ва ҳам дӯстрӯякҳо рақобат карданд. Ба даври ниҳоӣ 58 зебосанам роҳ ёфтанд

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik, Фотима Яҳёева. Барои нахустин бор дар Тоҷикистон озмуни зебоӣ ва истеъдоди "Мисс ва Мистер Тоҷикистон" баргузор шуд. Ин озмун рӯзҳои истироҳатӣ дар шаҳри  Душанбе гузашт.

Ҳамин тавр унвони "Мистер Тоҷикистон" насиби Багдан Ҳасанов шуд. Ӯ мудел нест. Касбаш сартарош аст.

Унвони "Мисс Тоҷикистон"-ро Малика Қаюмова, ки ду сол боз ба фаъолияти муделӣ машғул аст, соҳиб шуд.

  • Мисс и Мистер Таджикистан
    Мисс и Мистер Таджикистан
    Sputnik
  • Мисс и Мистер Таджикистан
    Мисс и Мистер Таджикистан
    Sputnik
  • Обладатель второго места в категории Mini Miss Tajikistan - София Иванова со своей мамой
    Обладатель второго места в категории "Mini Miss Tajikistan" - София Иванова со своей мамой
    Sputnik
  • Мисс и Мистер Таджикистан
    Мисс и Мистер Таджикистан
    Sputnik
  • Участница конкурса Young Miss Tajikistan
    Участница конкурса "Young Miss Tajikistan"
    Sputnik
  • Победитель в категории Young Miss Tajikistan Нозанин Якубова
    Победитель в категории "Young Miss Tajikistan" Нозанин Якубова
    Sputnik
1 / 6
Sputnik
Мисс и Мистер Таджикистан

Гран-прии озмунро мудели ҳирфаӣ Ёсуман Холова соҳиб шуд. Ӯ имсол дар озмуни байнулмилалии Miss Global Tourism 2017 дар Чин дуввумин забосанами ҷаҳон интихоб шуд.

Дар баробари ин дар озмун зебосанамҳои хурдсол ҳам ширкат карданд. Ҳамин тавр унвони Mini Miss Tajikistan-ро аз байни кӯдакони аз 3 то 8-сола Шаҳбону Ғуфронзода гирифту унвони Teen Miss Tajikistan — миёни зебосанамҳои аз 9 то 13-сола насиби Анастасия Ивановна ва унвони Young Miss Tajikistan — миёни иштирокчиёни аз 18 то 24-сола ба Яқубова Нозанин дода шуд.

Вручение дипломов победителям двух детских номинаций: Mini Miss Photo - Париса Ходжаева и Mini Miss Top Model - Самира Рахмонбердиева
Азиз Табаров
Вручение дипломов победителям двух детских номинаций: "Mini Miss Photo" - Париса Ходжаева и "Mini Miss Top Model" - Самира Рахмонбердиева

Озмуни "Мисс ва Мистер Тоҷикистон" даври интихобии тарҳи озмуни зебоии ҷаҳонӣ мебошад, ки таҳти раёсати Пер Карден баргузор мешавад.

Ҷоизаи аслии озмун-роҳхат ба озмуни ҷаҳонии Astana Fashion Beauty мебошад.

Дар умум дар озмуни зебоӣ беш аз 200 кас аризаи ширкат дода буд. Аз ин ҳисоб 58 довталаб ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.

Ҳайъати доварон аз коршиносони маҳаллию хориҷӣ иборат буд: Гулнора Толеугазинова —мудири маркази продюсерии Inkar Sezim, Ниссо Қаюмова — мудири NEW ERA Pro Group, Умед Кучкалиев – мудел ва тарроҳи машҳури тоҷик, Зумрад Боқииева ва дорандаи унвони "Мисс зрительских симпатий" дар озмуни байнулмилалии Miss Asia 2017, ки дар Ҳиндустон баргузор шуд — Моҳинур Замирова.

Барчаспҳо:
озмуни зебоӣ, "Мисс ва Мистер Тоҷикистон", Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ