20:28 19 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Аксбардор Назир Аббос. Акс аз бойгонӣ

Покистоние аз Ню-Йорк: Тоҷикистон Меҳани дувуми ман аст

© Фото : Nazir Abbas
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
31770

Кам гардишгаре фасли зимистонро барои сайёҳат дар Тоҷикистон интихоб мекунад, вале аккос аз Ню-Йорк ҳам гардиш карду ҳам аз дидаҳояш ба ваҷд омад

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Зимистони Тоҷикистон зебогии хос дорад ва на ҳар кас онро дида метавонад, мегӯяд суратгир аз Ню-Йорк Назир Аббос.

Назир дар қисми покистонии Помир ба дунё омадаасту пас аз чанде хонаводааш ба Ню-Йорк кӯч бастааст. Ӯ худро тоҷики вахонӣ гуфта муаррифӣ мекунаду мегӯяд, ки дар Амрико дӯстони тоҷик хеле бисёр дорад.

Моҳи декабри соли 2017 Назир орзуи деринаашро бароварда кард. Ӯ ба дидани кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон рафт. Дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон аккос дар бораи хотироти худ аз ин боздид нақл кард.

"Сафарамро ҳафтае пеш оғоз кардам. Нахуст ба Қирғизистон рафтаму акнун дар Тоҷикистон ҳастам ва баъдан ба Қазоқистону сипас ба Ню-Йорк бар мегардам", — гуфт ӯ.

Дорога на Ишкашим, архивное фото
© Фото : Nazir Abbas
Дорога на Ишкашим, архивное фото

Назир мегӯяд, ки ҳамагӣ чаҳор рӯз дар Бишкек буд, вале мардумашрро хеле дӯст дошт.

"Як рӯзам дар соҳили Иссиқ-Кӯл дар деҳае гузашт-гашту гузор кардам, ба меҳмонӣ рафтам, ғизоҳои маҳаллиро чашидам", —ба хотир меорад Назир.

Пас аз Қирғизистон ӯ ба Тоҷикистон сафар кард. Барои боздид аз Тоҷикистон гардишгар ду ҳафта ҷудо кардааст.

"Ин сафари нахустини ман ба Тоҷикистон аст ва ман ин маконро хеле дӯст доштам. Душанбе-шаҳри хурди хубест, ки ҳамаи чиз дораду ҳама талаботи гардишгарро қонеъ мекунад", — нақл мекунад суратгир ва меафзояд, ки кӯҳҳои Тоҷикистон дар қалбаш ҷои худро дорад.

Барои наздиктар шудан ба кӯҳҳо Назир ба Помир сафар кардааст.

"Кӯҳҳои сарбафалаккашида бо қуллаҳои барфпӯш-давои беҳтарин барои руҳу ҷон аст", — мегӯяд Назир.

Кам касе аз гардишгарон фасли зимистонро барои сайёҳат дар Тоҷикистон интихоб мекунанд, гашту гузор дар фалси зимистон дар Тоҷикистон интихоби худи аккос будааст.

Жизнь в Ишкашиме, архивное фото
© Фото : Nazir Abbas
Жизнь в Ишкашиме, архивное фото

"Мутмаъинам, ки тобистон инҷо дучанд зебост, вале зимистони Тоҷикистон ҳам хеле қашанг аст, танҳо бояд онро дид. Аксари гардишгарон аз сафар дар ин фасл даст мекашанд, вале ман мехостам бубинам, ки Тоҷикистон дар фасли зимистон чӣ гуна аст. Ман медонистам, ки ин ҷо ин вақт чӣ гуна боду ҳаво аст, вале ман мехоҳам бо мардуми маҳаллӣ бо тарзи зисти онҳо бештар ошно шавам", — шарҳ дод ӯ.

Назир дар кӯчаҳои шаҳри Хоруғу ноҳияи Ишкошим аллакай гашту гузор кардааст.

"Барои ман гашту гузор дар деҳаҳои Бадахшон хушбахтист. Ҳама маро барои чойнӯшӣ даъват мекунанд, ин меҳмоннавозӣ бисёр помириёна аст",- гуфт ӯ.

Албатта дар ин сафар Назир дақиқае ҳам аксбардорашро ором нагузошт, то ҳар як манзараи зебои Тоҷикистон ва чеҳраҳои хандони мардуми тоҷикро сурат гирад.

Жительница Хорога, архивное фото
© Фото : Nazir Abbas
Жительница Хорога, архивное фото

"Чеҳраҳои табиатан зебои мардуми маҳаллӣ зеби суратгирист. Ман фарқияте миёни тарзи ҳаёти помириҳои Тоҷикистон ва Покистон намебинам. Мардум, забон, фарҳанг, меъморӣ ҳамааш яксон аст. Ман бе ягон шубҳа метавонам Помирро ватани дуюми худ бигӯям", — бовар дорад Назир.

Аккоси покистонӣ дар кӯчаҳо бо мардум суҳбат кардааст ва забондонии ҷавонони Бадахшон, ки озод бо забони англисӣ суҳбат мекунанд, ӯро ба ҳайрат гузоштааст.

"Афсус, ки ман забони русиро балад нестам, вагарна ин кори хубе мешуд дар сафари ман. Вале мушкилоти бузургтарин барои ман роҳҳо буданд. Ман аз Душанбе то Ишкошим 13-15 соат рафтам. Ноҳамвории роҳҳо ҳамчунин ҳаракат аз як ноҳия ба ноҳияи дигари ВМКБ-ро мушкил мекунад", — гуфт Назир.

Ба гуфти гардишгар ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарда сафар дар Тоҷикистон ба ӯ бисёр писанд уфтодааст.

"Дар баъзе аз деҳаҳо ҳатто алоқаи мобилӣ ҳам нест. Зиндагӣ дар Помир бисёр сахт аст, вале ман ин ҷо хушбахттарин мардуми дунёро вохӯрдам, ки пештар дар ҳиҷ ҷо надида будам. Барои ман, ки ба зиндагии шаҳрӣ дар Ню-Йорк одат кардаам, зиндагӣ дар Помир душворӣ накард, чун ман дар кӯҳҳо бузург шудаам. Рӯҳан ман ба кӯҳҳо тааллуқ дорам, агарчӣ ҷисман дар шаҳри пурталотум ба сар мебарам. Барои ҳамин метавон гуфт, ки сфар ба Тоҷикистон рӯҳу ҷонамро якҷо кард", —изҳор дошт Назир.

Дар пеш аккоси покистониро гашту гузор дар дигар ноҳияҳои Тоҷикистон интизор аст.

Барчаспҳо:
сайёҳат, гардишгарӣ, Назир Аббос, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ