20:30 19 феврали 2018
Пахши мустақим
Тоҷикон дар Русия чойхонаи Роҳат бунёд карданд

Тоҷикон дар Русия чойхонаи "Роҳат" бунёд карданд

© представительство мин.труда Таджикистана в России
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
106630

Бо ифтитоҳи як чойхонаи дигар дар Русия 20 тан аз муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҷойи кор таъмин шуданд

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Бо ибтикори соҳибкорони тоҷик дар шаҳри Воронеж  чойхонаи "Роҳат" ифтитоҳ ёфт, хабар медиҳад дарфтари матбуотии Намояндагии Вазорати меҳнати ҶТ дар Русия.

Бино бар иттилои манбаъ, соҳибкорон Ҳомидҷон Фазлиев ва Ҷамолиддин Хоҷаев чанд сол аст, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Нақшаи  кушодани чойхонаи миллиеро, ки дӯстдорони ошхонаи шарқӣ, хусусан тоҷикӣ тавонанд аз он баҳрабар шаванд, соҳибкорон чанд сол боз мекашиданд.

Таджики открыли в Воронеже чайхану Рохат
Тоҷикон дар Русия чойхонаи "Роҳат" бунёд карданд

Чойхонаро ба муносибати чойхонаи машҳури пойтахт — "Роҳат" ном карда, ошпазонро махсус аз Тоҷикистон даъват кардаанд.

Ба гуфтаи соҳибкорон, онҳо ошпазони моҳирро даъват кардаанд.

"Ошпазон барои мизоҷон палов, самбусаву манту, ва лағману мастоваро ба тарзи махсус омода карда медиҳанд. Ҳамчунин "Роҳат" бо услуби шарқиёна сохта шуда, деворҳои он бо кандакориву  сӯзанӣ ва либоси миллӣ оро дода шудааст",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Таджики открыли в Воронеже чайхану Рохат
Тоҷикон дар Русия чойхонаи "Роҳат" бунёд карданд

Манбаъ афзудааст, пас аз ифтитоҳи чойхонаи "Роҳат" зиёда аз 20 тан, ки бештарашон муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд, ба ҷойи кор таъмин шудаанд.

Барчаспҳо:
Чойхонаи "Роҳат", Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ