Тоҷикистонро дар озмуни "Ту беҳтаринӣ!" Меҳрона намояндагӣ мекунад

© © Sputnik / Евгений ОдиноковМехрона Гайбуллоева участница шоу "Ты супер!", архивное фото
Мехрона Гайбуллоева участница шоу Ты супер!, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкаткунандаи озмуни байналмилалии овозхонии "Ту беҳтаринӣ!" (Ты супер!) аз Тоҷикистон Меҳрона Ғайбуллоева орзуи саҳнаи бузургро дорад ва дилпурона ба сӯи ҳадафаш меравад

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Намояндаи Тоҷикистон бори нахуст аст, ки дар озмуни байналмилалии овозхонии "Ту беҳтаринӣ!" ширкат меварзад. Ба ин озмун, ки бори дувум аз ҷониби телеканали НТВ ва бунгоҳи байналмилалии иттилоъотӣ ва родюи Sputnik ба роҳ монда шудааст, Меҳронаи 17-сола ба Маскав аз Душанбе омадааст.

"Ман аз кудакӣ месароям, аммо худомӯз ҳастам. Дар ҷое таҳсили махсус надидаам, чун қаблан бовар доштам, ки барои ҳунарманди ҳирфаӣ шудан, доштани овози қавӣ басанда аст. Хеле мехоҳам сароям, хеле! Дар зиндагӣ ҳадафи ягонаам овозхонист. Ба озмуни "Ту беҳтаринӣ!" омадам, то ғолиб шавам. Ва бовариам қатъист, ки барои ин неру ва тавоноии кофӣ дорам", — дилпурона мегӯяд Меҳрона.

Ва илова мекунад, ки ҳатто дар сурати мағлубият дар ин озмун, зиндагӣ барояш анҷом нахоҳад ёфт.

"Чун пружа ва озмунҳои дигар пеш меоянд ва ман дар он ҷо хатман сарбаланд мешавам ", — мегӯяд Меҳрона.

© © Sputnik / Евгений ОдиноковМехрона Гайбуллоева участница шоу "Ты супер!", архивное фото
Мехрона Гайбуллоева участница шоу Ты супер!, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мехрона Гайбуллоева участница шоу "Ты супер!", архивное фото

Модари ин духтари ҷавон нӯҳ сол пеш аз ин дар гузаштааст. Падараш, ба гуфтаи ӯ, пештар аз ин ҳодиса хонаводаро тарк кардааст. Аз ин рӯ Меҳрона бо хоҳарони хурдсолаш ду сол дар мактаб-интернат зиндагӣ ба сар бурданд. Пас аз он сарпарастиашонро холааш ба уҳда гирифт, вале вақтҳои ахир Меҳрона бо яке аз хоҳаронаш дар хонаи иҷора иқомат мекунад.

Участница вокального конкурса Ты супер! из Таджикистана Мехрона Гайбуллоева. - Sputnik Тоҷикистон
Меҳрона Ғайбуллоева-духтаре, ки Тоҷикистонро дар озмуни байналмилалӣ намояндагӣ мекунад

"Холаам, ки ба ҷойи модарам қабулаш кардам, хеле инсони хуб аст. Ман ӯро бениҳоят дӯст медорам, харчанд ба ҳам рост наомадем. Худро дар наздаш гунаҳкор эҳсос мекунам, чун зиёд азияташ додам, фиребаш кардам. Ҳоло сидқан аз ӯ бахшиш мехоҳам. Медонам, ки ӯ ману хоҳарамро хеле дӯст медорад ва аз фарзандони худаш кам намедонад", — мегӯяд Меҳрона ва хоҳиш мекунад, ки ин суханонаш ҳатман ба холааш расонда шаванд.

Меҳрона ҳунарнамоиро ҳануз аз синфи як дар консертҳои мактабӣ шуруъ кардааст. Чанд сол пеш ҳатто бо репсарои машҳури тоҷик Master Ismail овозхонӣ кард ва фаҳмид, ки аслан аз саҳнаи бузург наметарсад, баръакс худро хеле озод эҳсос мекунад. Шуруъ аз он замон борҳо дар консертҳои шаҳрӣ ҳунарнамоӣ карда, соле пеш ҳатто дар озмуни сарояндагони ғайриҳирфаӣ — "Ориоке" барандаи ҷойи дувум шуд.

Билохира Меҳрона иқрор шуд, ки бе таҳсилоти махсус наметавонад ҳунарманди касбӣ шавад. А ин рӯ моҳи сентябри соли 2017 ба бахши овозхонии Колеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов дохил шуд.

© Sputnik / Амир ИсаевМехрона Гайбулоева участница шоу "Ты супер!", архивное фото
Мехрона Гайбулоева участница шоу Ты супер!, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мехрона Гайбулоева участница шоу "Ты супер!", архивное фото

"Ба ин қарори ман Самир ном як ҷавон боис шуд. Бори аввал ӯро се сол кабл, вақте бо репсаро Мaster Ismail овозхонӣ кардам, дар паси саҳна дидам. Хеле аз ӯ хушам омад, чун бачаи "ширин" аст – гитор менавозад, фортопианоро ҳам балад аст, боз месарояд. Дӯстии мо пас аз паёмаш дар ВКонтакте оғоз шуд. Ӯ, албатта, дӯстписари ман нест, аммо аз эҳсосотам нисбаташ хабар дорад", — мегӯяд Меҳрона ва каме аз шарм сурх мешавад.

Ҳарчанд ҳунармандони дӯстдоштааш Полина Гагарина, Ани Лорак, гурӯҳҳои "ВИА Гра", Serebro, IOWA ва Артур Пирожков (Александр Ревва) мебошанд, Меҳрона роҳашро дар равияи поп рафтанӣ нест. Ӯ дар риштаи опера таҳсил мекунад ва бо услуби ҷаз месарояд.

"Ман ҳатман ба мақсадам мерасам ва овозхон мешавам", — бо итминон мегӯяд ӯ.

Озмуни байналмилалии овозхонии "Ту беҳтаринӣ!" ба кӯдакони боистеъдоде, ки бе нигоҳубин ва бе волидайн мондаанд, имкон медиҳад, аз худ хабар диҳанд ва саҳнаҳои бузургро тасхир кунанд. Дар мавсими дувуми озмун кӯдакону наврасон аз Русия, Белорус, Молдова, Эстония, Латвия, Қазоқистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Осетияи Ҷанубӣ ва Олмон ширкат мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0