21:00 19 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Номаи табрикотӣ дар Рӯзи ошиқон. Акс аз богйонӣ

Ошиқони Душанбе ба куҷо бояд раванд?

CC0 / Pixabay
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
15701

Рӯзи Валентин баҳонаи хубест бораи баёни ишқу эҳсоси худ ба дӯстдошта

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik, Фотима Яҳёева. Рӯзи Валентин дар Тоҷикистон ҷашн нест, аммо дар ин кишвари афсонаии суннатгаро низ бисёре аз ҷавонон бесаброна фаро расидани 14 февралро мунтазиранд то ки бори дигар муҳаббату ишқи худро ба маъшуқашон баён намоянд, ё ниҳоят, дасту дили худро барои он ягона ва бемислу монандашон пешниҳод кунанд.  

Sputnik Тоҷикистон муайян кард, ки чӣ гуна дар Душанбе Рӯзи ошиқон ҷашн гирифта мешавад.

Ишқи худро дар Душанбе пайдо кун

Дар Рӯзи Валентин фурӯшандагон имкони шод намудани муштариёнашонро бо пешниҳодҳои шавқовар аз даст намедиҳанд ва, албатта, даромад аз фурӯши маҳсулоти қандӣ-гулдастаӣ хоҳанд бардошт.

Дар остонаи 14-уми феврал бисёриҳо дар пайи таҳияи тарҳҳо ва саҳмҳои бениҳоят бузург мешаванд. Махсусан ин бор бунгоҳи шодмонии "О'Бале", ки тасмим гирифтааст ба "дилҳои танҳо" имкони ёфтани муҳаббати худро диҳад.

"Бунгоҳи мо худ ба худ барои тӯҳфаи бахт офарида шудааст, аммо ин дафъа тарҳи озмоишии "Дӯстёбии шитобон"-ро роҳандозӣ намуда, тасмим гирифтем, ки, агар чунин гуфта шавад, дар ибтидои ин эҳсосоти зебо қарор гирем. Ин фикри нав нест — speed dating, яъне дӯстёбии шитобон, 20 соли пеш дар Ғарб ба вуҷуд омада буд, вале дар Тоҷикистон ин, албатта, чизи наве хоҳад буд", — гуфт ба Sputnik Тоҷикистон намояндаи "О'Бале" Фарангис Исомова.

Ҳамин тавр, то 14-уми феврал оҷонсӣ 20 нафар зану мардро аз Душанбе ҷамъ мекунад, ки дар назди онҳо имкони во хӯрдани нисфҳои дигари дӯстдоштаашон пайдо хоҳад шуд. Иштирокчиёнро дар ин шакли вохӯрии якум, чун қоида, аз рӯи манфиатҳои умум, категорияи синну сол ва ҳолати мақомии кунунияшон интихоб мекунанд.

"Тарҳро шурӯъ намуда, мо, ростӣ, таваҷҷӯҳи хосеро интизор набудем, чунки зеҳнияту анъанаҳои Тоҷикистон барои чунин намуди шиносоӣ на он қадар муносибанд. Аммо бо шигифтии олӣ мехоҳам гӯям, ки хоҳишмандон моро аризаборон карданд. Дар байни онҳо махсусан он нафароне буданд, ки синнашон аз 30 зиёд буд. Бисёре аз онҳо дар гузашта таҷрибаи на он қадар хуби ҳаёти оилавӣ доранд. Мардони бисёре ҳастанд, ки ҷудо шудаанду кӯдакдоранд", — мегӯяд ӯ.

Дар шакли классикии speed dating ҳар як иштирокчӣ 10 вохӯрии рӯ ба рӯи 5-дақиқаӣ дорад. Пас аз ҳар як вохӯрӣ таассурот ӯ дар бораи «корти меҳрубонӣ» ба қайд гирифта мешавад.

"Мо як варианти классикӣ хоҳем дошт. Роҳандозии онро ба мо раёсати меҳмонхонаи Hyatt Regency Hotel ба анҷом мерасонад, ки он дар натиҷаи омӯзиши «корти меҳрубонӣ» ба яке аз ҷуфтҳои баҳамомада хӯроки шоми ошиқона пешкаш хоҳад кард. Ҳадаф, албатта, хӯроки шом нест, балки шиносӣ аст. Бар ин бино, дигарон метавонанд ошноияшонро пас аз вохӯрӣ низ идома диҳанд. Мо инро, албатта, барои ҷони ширин, барои манфиати онҳое барпо мекунем, ки дилҳояшон шикастаанд", — таъкид мекунад Фарангис.

Шабнишинӣ дар меҳмонхонаи "Серена"

Ниятҳои хуби худро дар ин рӯз ҳамчунин сарвари намояндагии Фонди кӯдакони СММ дар Тоҷикистон (UNICEF) Лучиано Калeстини иброз намуд.

Мард зоҳиран хеле ҷиддист, охиро гузаштаи ӯ хеле ҳайратовар аст —  зиёда аз даҳ сол дар чунин кишварҳое ба мисли Конго, Ироқ, Косово, Тимори Шарқӣ ва Лубнон кору зиндагӣ кардааст, вале тасмим гирифт, ки ба сокинони Душанбе худро аз тарафи дигар зоҳир намояд.

"Мо дар озмуни ҳутели "Серена" шабнишинии рақсӣ баргузор хоҳем кард, ки ба Рӯзи ошиқон бахшида мешавад. Мо онро дар шоми 17 феврал мегузаронем. Ва лаҳзаи ҷолиби шабнишинӣ он мешавад, ки роҳбари идораи намояндагии ЮНИСЕФ ба сифати диджей ҳунарнамоӣ мекунад. Омехтаи композитсияҳои гуногун иштиёқи вай аст", — шарҳ медиҳад намояндаи созмон Шӯҳрат Ҷӯраев.

Аммо бо ин, ба гуфтаи ӯ, аҷоибии кор хотима нахоҳад ёфт. Он маблағе, ки дар ин шабнишинӣ ҷамъ оварда мешавад, ба созмони "Ирода", чун кӯмакпӯлӣ ба кӯдакони маъюб, супурда мешавад.

"Нархи чипта 250 сомонӣ (28 доллар) аст. То имрӯз мо тавонистем беш аз 40 чипта фурӯшем, ва мо, албатта, чунин ният дорем, ки ҳадди ақал 300 чипта бояд фурӯшем, то ки кӯмаки молии мо ба кӯдакони ниёзманд бештар самаранок бошад", — илова кард вай.

Сафари ройгон дар Душанбе барои ошиқон

Дар ҳамин ҳол, ширкати пойтахтии "Рахш Такси", ки нақша дорад рӯзи 14 феврал тамоми ошиқонро дар Душанбе маҷонӣ кашонад, тасмим гирифтааст, ки ба ин сана саҳлнигорӣ накунад.

Барчаспҳо:
14 феврал, Рӯзи ошиқон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ