12:21 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.79
  • RUB0.15
Даниэл Рустамов

Ҳунарнамоии Даниел Рустамов дар озмуни "Песни" дар шабакаи ТНТ

© Sputnik
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
42010

Даниел Рустамов-ҳунарманди ҷавон пас аз ширкат дар озмуни ҳунарии "Голос", "X-Фактор" ва "Youthvision-2017" дар озмуни "Песни" дар шабакаи ТНТ Русия ҳунарнамоӣ кард

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Ҳунарманди ҷавони тоҷик Даниел Рустамов дар озмуни овозхонии "Песни" дар шабакаи ТНТ Русия ҳунарнамоӣ кард.

Дар ин бора Даниел дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст.

"Дӯстони азиз вақт расид. Шодам, ки ба ҳамаи шумо хабари ширкатам дар озмуни "Песни" дар шабакаи ТНТ-ро мерасонам. Ҳамин ҳафта рӯзи шанбе соати 21:00 бо вақти Маскав, ҳунарнамоии маро намоиш медиҳанд. Оинаи нилгунро мекушоему тамошо мекунем!", — навиштааст Даниел дар саҳифаи фейсбукии худ.

Даниел Рустамов то ин дам дар озмунҳои зиёде аз қабили "Голос", "X-Фактор" ва "Youthvision-2017" ширкат карда Тоҷикистонро муаррифӣ намудааст.

Дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Даниел гуфт, ки ҳар як ҳунарнамоии ӯ танҳо барои машҳур шудан набуда, ба хотири муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байнулмилалӣ ва кишварҳои хориҷ аст.

"Ман ҳамеша кӯшиш мекунам, дар кӯҷое набошам ватани худ-Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоям",-мегӯяд бо ифтихор ҳунарманди ҷавони тоҷик.

Даниел дар айни замон ба сабти албоми аввалини худ машғул аст.

Озмуни ҳунарии "Песни" чанд ҳафта боз дар шабакаи ТНТ Русия оғоз шудааст. Дар ин озмун беш аз 200 овозхон аз гушаю канори гуногуни Русия ва берун аз он ширкат карда ҳунари овозхонии худро ба доварон намоиш медиҳанд. Ҳадафи аслии ин озмун дарёфти ситораҳои нав барои ду ширкати бонуфузи шоу-бизнеси Русия, Black star ва Malfa мебошад.

Ситораҳои ояндаро Тимати ва Максим Фадеев барои ширкатҳои худ интихоб мекунанд. Ғолибонро дар баробари шартномаи ҳамкорӣ бо ширкатҳои бонуфузи шоу-бизнеси Русия, 5 миллион рубли русӣ интизор аст.

Мавзӯъҳои асосӣ