Зан агар оташ намешуд: шаш бонуе, ки номашон фаротар аз Тоҷикистон рафтааст

© Sputnik / Ратушенко / Гузариш ба медиабонкГулрухсор Сафиева, архивное фото
Гулрухсор Сафиева, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Sputnik Тоҷикистон дар Рӯзи модарон аз бонувоне ёд кард, ки дастовардҳояшон тоҷикон ва Тоҷикистонро дар ҷаҳон номдор кардаанд

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik, Фотима Яҳёева. Дар Тоҷикистон, ки ҷомеъае суннатӣ ва мардсолор дорад, аз нақши зан дар ҷомеъа ва хонавода камтар ёд мешавад.

Вале дар ин рӯз бояд аз бонувоне ёд кард, ки зебоиву нерӯи иродаашон ҳануз ҳам солортарин мардонро аз пой дар меоварад.

Зиндакунандаи Наврӯз

Ин басе намодин аст, ки ин навишторро бо ёди Бӯринисо Бердиева, яке аз номдортарин рӯзноманигорони тоҷик дар замони шуравӣ, оғоз мекунем. Зеро ҷашни Наврӯз дар сарзамини тоҷикон, ки дар замони шуравӣ бо он бархӯрде духӯра мешуд, бо номи вай пайванде ногусастанӣ дорад. Он замон ҳукумат иҷоза намедод Наврӯз ҷашн гирифта шавад, зеро онро бозмонда аз гузаштаи феодалӣ ва дорои решаҳои динӣ мешумурданд ва касоне, ки расму ойинҳои миллиро таблиғ ва баргузор мекарданд, муттаҳам ба миллигароӣ мешуданд.

Подпись документов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Зан агар оташ намешуд: 1400 зани истаравшанӣ мақоми роҳбарӣ доранд

Вале Бӯринисо Бердиева ҷуръате дошт, ки дар чунон шароите ҳам мавзуъҳои мамнуъро матраҳ кунад ва аз Наврӯз бигӯяд. Ин густохии вай касеро шигифтзада ҳам намекард, зеро ин бонуро, ки ба нотарсӣ ва ҳаққталошӣ ном бароварда буд, дар "болоҳо" низ хуб мешинохтанд. Аз ин рӯ, матолибе, ки вай дар рӯзномаи ҳизбии "Маориф ва маданият", ки сардабираш буд, дар бораи худшиносии миллӣ ва ҷашну ойинҳои наврӯзӣ мунташир мекард, ногаҳонӣ нашуданд.

Бархе аз давлатмардон он замон кӯшишу талош ҳам карданд то ин бонуи саркашро фармонбардор кунанд, вале бону Бердиева бештар аз он ҷуръат дошт, ки ҳам дасти онҳоро кӯтоҳ кунад ва ҳам андешаву тарҳҳояшро амалӣ гардонад. Ин буд, ки раҳбарони комунистӣ дар 23 сол натавонистанд ӯро аз сардабирии рӯзномаи ҳизбияшон барканор кунанд.

Бадбахтона, Бӯринисо Бердиева соли 2003 дар 76-солагӣ аз бемории саратон аз ҷаҳон чашм пӯшид. Вай вопасин солҳои умрашро дар тиҳидастиву нотавонӣ ба сар мебурд ва ҳеч подошеву унвоне барои он ҳама талошу кӯшишу кунишаш аз давлат ва миллат дарёфт накард. Танҳо дар соли 2017 буд, ки Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон ҷоизае ба ёди Бӯринисо Бердиева таъсис кард.

Ҷодуи Ховарзамин

Номи Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шуравӣ Малика Қаландарова, ки дар шаҳри Сталинобод (шаҳри Душанбе пештар чунин номе ҳам дошт) зода ва парварда шуда, дар Тоҷикистон барои бисёре аз калонсолон ошност. Авҷи шуҳрати ҳунари рақси тоҷикӣ бо номи вай пайванде гусастнопазир дорад.

Ҷойгоҳи занон дар ҷомеаи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Ҷойгоҳи занон дар ҷомеаи Тоҷикистон

Ҳарчанд Малика Қаландарова дар хонаводае яҳудӣ чашм ба ҷаҳон кушода ва аслан Мазол Яшуваевна Колонтарова ном дорад, аммо худро ҳамеша тоҷик шумурдаву шиносондааст. Аз ин ҷост, ки ҳарчанд солҳо боз дар Амрико зиндагӣ ба сар мебарад, аммо ҳамвора аз Тоҷикистон, ки ҷавонияш онҷо ба хушбахтиву шодмонӣ гузашта, бо меҳру некӣ ёд мекунад.

Замоне, ки вай дар Тоҷикистон бо гурӯҳи рақсии "Лола" ҳунарнамоӣ мекард, шуҳраташ фаротар аз марзу буми кишвар рафта буд. Ҳаракоти мавзуну дастафшониҳои ӯ бисёр дилҳоро рабудаву беқарор карда буд. Малика ҳунарпешаи калидии он гурӯҳи рақсӣ буд. "Лола" дар саросари Иттиҳоди Шуравӣ ҳунарнамоӣ мекард ва дар соли 1969, ки Малика 19-сола буд, барои нахустин бор ба хориҷ аз кишвар сафар кард.

Дар паи ин сафар Малика дар Ғарбу Шарқ ҳам ном баровард. Ӯро дар Афғонистон, Эрон, Ҷопон, Испониё, Туркия мешинохтанду дӯст медоштанд. Дар Русия яке аз дӯстдорони ҳунараш устод Игор Моисеев – ҳунарпешаи номдори балет, рақспардоз ва устоди рақс, буд. Вай бо Малика саросари ҷаҳонро гашта буд. Малика ҳам барои вай рақси "Духтари кӯҳистони тоҷик"-ро таҳия карда буд, ки хориҷиёнро бисёр хуш омада буд. Аз ин рӯ буд, ки Маликаро "Ҷодуи Ховарзамин" меномиданд.

"Ман ба бисёр кишварҳо сафар карда будам ва акнун дур аз зодбумам зиндагӣ дорам, вале Душанбе ва Тоҷикистон ҷони ман, зодгоҳи ман, нахустин нафасу нахустин гомҳоям ҳастанд", — гуфта буд Малика дар мусоҳиба бо расонаҳои тоҷикӣ дар охирин сафараш ба Тоҷикистон, ки бо даъвати хусусии раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон бо ҷашни 25-умин солгарди истиқлоли кишвар сурат гирифта буд.

Имрӯзҳо Ҷодуи Ховарзамин кӯдакони амрикоиро дар Омӯзишгоҳи байналмилалии Малика рақси тоҷикӣ меомӯзонад.

Афсунгари андешаҳо

Имрӯзҳо Гулрухсор Сафиева шояд ягона шоире аст, ки ақидаву назарҳояшро ба ҳисоб гирифтаву мегиранду хоҳанд гирифт. Агар бигӯем, ки вай шеър танҳо мегӯяд, дурӯғ гуфтаем. Зеро афзун бар шеър, ки вай дар 50 соли гузашта равишҳои наверо дар он падид оварда, ӯ сиёсатмадоре аст (дар солҳои 1989 – 1991 вай намояндаи мардумии Иттиҳоди Шуравӣ буд), ки дидгоҳу андешаҳояш барои дигарон появу замина дар кору кунишашон шудаанд.

Мусульманка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Арабистони Саудӣ ба занҳо иҷоза доданд, ки дар артиш хидмат кунанд

Мегӯянд, ки дар замони ҷанги Тоҷикистон, ки бисёре аз донишмандону шоирону адибону рӯзноманигорон қурбонии кушторҳои хиёбонӣ шуда буданд, ӯро низ ором намегузоштанд. Аммо ҳамин як суоли Гулрухсор нақшаи тарҳи қатлашро нақш бар об кард, ки аз қотилонаш пурсида буд: "Чигуна метавонед касеро бикушед, ки шеърашро дар мактаб аз бар мекардед?" Шояд ҳамин суол бар бадхоҳонаш кора карда ва шояд ҳам виҷдонашон бедор шуда, вале воқеъият ин аст, ки нерӯи суханаш андешаҳоро дигаргун мекунад.

Ҳунари ин муаллифи чандин маҷмуъаи шеърҳо, намоишномаҳо ва достонҳо ҳаводорону дӯстдорони фаровоне дорад. Ӯро на танҳо дар Тоҷикистон, ки берун аз он ҳам мешиносанд ва дӯст медоранд. Тарҷумаи осораш ба забонҳои инглисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, испониёӣ, финӣ, руминӣ, чехӣ, булғорӣ ва русӣ гувоҳ бар ин гуфта ҳастанд.

Аз маъруфтарин маҷмуъаҳои осори Гулрухсор Сафиева, ки ба забони русӣ тарҷума шудаанд, "Фиалка" (1971), "Песня родника" (1975), "Радужный цветок" (1978), "Зелёная колыбель" (1981) ва бисёре дигар ҳастанд. Худ Гулрухсор ҳам осори бисёре аз широну нависандаҳои русро ба забони форсии тоҷикӣ баргардон кардааст. Чунончи, вай бисёре аз шеърҳои Михаил Лермонтовро тарҷума кардааст.

Дармонгари дилҳо

Агар осори Гулрухсор андешаҳоро дигаргун мекунад, дастҳои Турсуной Зокирова на танҳо танҳои беморро, балки дилҳои дардмандро низ дармон мекунанд.

Мардуми Тоҷикистон ва Русия низ ӯро пас аз пирӯзияш дар ҷаҳорумин "Набарди экстрасенсҳо" дар шабакаи телевизюнии ТНТ шинохтанд. Вай дар он барнома гуфта буд, ки аз истеъдодаш пас аз даргузашти модараш дар соли 1993 огоҳ шуда буд. Ӯ гуфта буд, ки дар сӯги модараш ҳолаш чунон бад шуда буд, ки пойҳояш аз рафтан боз монда буданд ва то ба дигарон ёрӣ расондан нагирифт, натавонист ба худ боз ояд.

Вале дар ин чанд сол Турсуной дар дигар замина ҳам сазовори дӯстдориву арҷгузории ҳамшаҳриёнаш шудааст. Вай аз дармонгарӣ ба ёрирасонӣ ба бенавоён ва камтавонон рӯй овардааст. Ӯ "Бунёди Турсуной"-ро ташкил карда ва дар кӯтоҳтарин замон дар зодгоҳаш – шаҳри Гулистон Бунгоҳи фарҳангиву омӯзишӣ барои кӯдакони бенаво сохтаву роҳандозӣ кардааст.

Афзун бар ин, Турсуной дар шаҳри Гулистон бо сармояи худ сохтмони маскунии панҷошёна бо 35 кошона сохта, ки дар маросими пардабардорӣ аз он худ раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ширкат карда буд. Турсуной дар ин сохтмон 10 кошонаро ба камтавонҳо, ятимҳо ва хонаводаҳои бенаво дода буд.

Накӯкории Турсуной бо ин барномаҳо ба поён намерасад. Вай дар назар дорад омӯзишгоҳи вижае барои кӯдакони дорои тавонмандиҳои фаротабиъӣ, бунгоҳи пизишкӣ барои бенавоён, корхонаи бозёбии партовҳо барои ҳалли масоили бумзистӣ ва бунгоҳи гилдармониву гиёҳдармонӣ бисозад.

Тиллои ҷаҳон

Аз бонувони ҷавону номдор дар ин миён бояд аз Сабина Тӯраева ёд кард, ки 24-сола аст ва 10 бор қаҳрамони Осиё ва 3 бор қаҳрамони ҷаҳон дар варзиши теквондо шудааст. Дар Тоҷикистон бисёре ӯро мешиносанд ва шуҳраташ низ бештар аз бозгашти пирӯзмандонааш ба майдони ҳунарҳои размӣ аст.

Замоне буд, ки вай пас аз пирӯзиҳои пуршумор ва таваллуди писараш аз майдон канор рафт. Аммо торихи варзиши Тоҷикистон бисёр мавридҳоеро дар ёд дорад, ки бонувони варзишкор пас аз шавҳар кардан дигар ба майдон бар нагаштаанд. Дар чунин мавориде нақши мард дар хонавода барҷаста мешавад, ки мардсолорона тасмим мегирад, ки ояндаи ҳамсараш чигуна бошад.

Аммо, хушбахтона, Сабина аз чунин сарнавиште дар канор монд ва пас аз чаҳор сол таътил вай дар қаҳрамонии теквондои ҷаҳон дар Булғористон дар соли 2015 севумин медоли тиллояшро ба гардан овехт.

"Ту ягона шавҳаре ҳастӣ, ки ҳамсаратро роҳ додӣ дар мусобиқаҳо ширкат кунад. Ман ба ту ифтихор мекунам!", — гуфта буд Сабина, ки он пирӯзияшро ба шавҳару писараш эҳдо карда буд.

Зиндагии вай нишон медиҳад, ки бонуи ҷавони тоҷик метавонад дар бисёре аз заминаҳо дастовардҳое дошта бошад. Чунончи, вай на танҳо тавониста бо 2 фарзанди хурдсол парчами Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ бар афрозад, балки ҳамроҳ бо шавҳараш Далер Тӯраев, ки худ 4 бор қаҳрамони теквондои ҷаҳон, чанд бор қаҳрамони теквондои Осиё ва барандаи Ҷоми Урупо аст, насли нави теквондокорони тоҷикро тарбия кунад. Ҳамзамон вай дар бисёре аз барномаҳои фарҳангӣ низ ширкат мекунад ва ҳамаҷо намуна бошаду ҳамчунон модари меҳрубон ва ҳамсари нозанин бимонад.

"Падару модарам бароям ҳамеша намуна будаву ҳастанд. Бавижа модарам, ки ҳар боре, ки падарам дар паи маъмурияте сафар мерафт, соатҳо бо мо машқ мекард ва ҳар зарбаеро 50 бор такрор мекардем. Ин сахтгириҳояш он замон маро сахт хашмгин мекард, вале акнун, ки ба ин мақом даст ёфтаам, сахтгириҳояшро бисёр хуб дарк мекунам. Ҳамсари дӯстдору модари меҳрубону кадбонуи хушхонаву варзишкори пирӯзманд будан ва ҳамзамон дар умури ҷомеъа фаъол будан корест душвор, вале имконпазир", — мегӯяд ин варзишкори дӯстдоштаи мардуми Тоҷикистон.

Базморо

Дар ин миён аз Мунира Исомова низ бояд ёд кард. Зеро вай касе аст, ки дигаронро шоду хушбахт мегардонад. Мунира мудири бунгоҳи шодмонии "О"Бале" аст, ки тавониста санъати саргармиро коре рӯзомад ва судовар гардонад.

"Ҳафт сол пеш аз ин яке аз дугонаҳоям аз ман дархост кард, ки ҷашни арӯсияшро барномарезӣ ва баргузор кунам. Он замон буд, ки донистам, ки касеро хушбахт кардан чӣ хуб аст. Пас аз он ҷашн ман дигар тарҳҳоро канор гузоштам ва ин кореро пеш гирифтам, ки конунаш меҳру муҳаббат аст", — мегӯяд Мунира.

Аз он замон то кунун Мунира садҳо ҷашни арӯсиро барномарезӣ ва баргузор карда, вале ҳамин чанд вақт пеш тарҳи наве ба ёдаш омад, ки он ёрирасонӣ ба дигарон аст то дари бахташонро боз кунанд ва ишқашонро пайдо кунанд.

Дар паи иҷрои ин тасмим се ҳафта пеш аз ин – дар Рӯзи ошиқон Бунгоҳи шодмонии "О'Бале" нахустин бор дар Тоҷикистон барномаи "дӯстёбии шитобон"-ро роҳандозӣ кард. Ин бор ҳам тарҳаш комёб шуд. Дар ҷомеъаи суннатии Тоҷикистон, ки интизор мерафт аз ин барнома ба шиддат интиқод шавад, аз нахустин барномаи "дидор бо чашмони баста" истиқбол шуд.

Мунира ва кормандонаш тавонистанд довталабона дар як шом барои 10 ҷуфт дидор фароҳам кунанд. Дар миёни ин дӯстҷӯён асосан мардону заноне буданд, ки аз ҳамсаронашон ҷудо шуданд ва камтар умеде барои дубора ба даст овардани бахту хонавода доштанд.

Устод Мирзо Турсунзода дар бораи Мунира ва дигар бонувони тоҷик гуфта буд:

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,

Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо.

Лентаи хабарҳо
0