17:53 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Трех летний мальчик Нуъмон Мирзоёров изучает географию

Истеъдоди фавқуллода: чӣ гуна Нӯъмони сесола пойтахти ҳамаи кишварҳои дунёро аз худ кард

© Одноклассники / ХОТИРМУРОД МИРЗОЁРОВ
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
107560

Нӯъмонҷони сесола-як сокини хурдакаки Тоҷикистон бо истеъдоди фавқуллодааш байни корбарони интернет машҳур шуд. Ӯ метавонанд номи тамоми пойтахтҳои кишварҳои дунёро номбар кунад. Падари ин кӯдак, ки ба фарзандаш дарси ҷуғрофиё меомӯзад, мегӯяд худаш ҳам бехабар буд, ки фарзандаш ин қадар тезҳуш аст

ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Аввалҳои моҳи март буд, ки наворе дар шабакаи Одноклассники машҳур шуд. Дар он писараки хурдсоле, бо марде саволу ҷавоб мекард. Чун мард номи кишварҳоро мегирифт, ин кудак ба таври худ номи пойтахтҳои онҳоро такрор мекард. Ҳарчанд писарак тамоми ҳарфҳоро талаффуз карда наметавонист, вай номи пойтахтҳоро бехато мегуфт. Хабари тезҳушии писарак аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба расонаҳо расид ва маълум шуд, ки ин кӯдак Нӯъмон ном дорад ва дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ ба сар мебарад.

Sputnik Тоҷикистон хонаводаи ин кӯдаки тезҳуши тоҷикро пайдо кард ва пурсон шуд, чӣ гуна ба  Нӯъмонҷони хурдакак даст дод, ки ба ин дастовардҳо ноил шавад.

Ҳар касе к-ӯ дур монд аз асли хеш

Хотирмурод Мирзиёрови 30-сола дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ ба сар мебарад. Ӯ ва ҳамсараш Умеда Мирзоёрова 2 писар доранд: Ориёни 5-сола ва Нӯъмонҷони 3-сола. Маҳз тезҳушии ин ду писарак хонаводаи Мирзоёровҳоро машҳур кардааст.

Хотирмурод маълумоти олӣ дорад. Ӯ факултаи Телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотии Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм кардааст. Вале бо далели ин кори кори мувофиқе дар Тоҷикистон намеёбад, роҳи Русияро пеш мегирад.

"Ҳар сол баҳорон Русия меоям ва мобайнҳои тирамоҳ ба Ватан бар мегардам. Дар як сол шаш моҳ ҳамроҳи хонаводаам мемонам ва боз шаш моҳи дигар дар Русия кор мекунам",- мегӯяд вай.

Трехлетний мальчик Нуъмон Мирзоёров со своей семьей
Трехлетний мальчик Нуъмон Мирзоёров со своей семьей

 

Моҳи октябри соли 2017 низ Хотирмурод ба Ватан бар гашт. Зимистон имсол ба сокинони деҳаҳои Тоҷикистон сабуктар омад. Зеро лимити барқ бардошта шуд ва мардум имконият пайдо карданд, ки рӯзона ҳам телефонҳояшонро заряд диҳанд ё телевизор тамошо кунанд. Аммо Хотирмурод, ки ба омӯзиши ҷуғрофия шавқ дошт, рӯ ба китобхонӣ овард.

 "Барои мактаббачагони деҳаамон давраи таътили зимистона буд. Рӯзе аз писари акаам хоҳиш кардам, ки ба ман китоби дарсии ҷуғрофиёашро то сар шудани маткаб дода истад. Ҳама гапу кор аз ҳамин сар шуд",- нақл мекунад вай.

Ман китобро гирифтаму дар атрофам Ориёнҷони 5-сола ва Нӯмонҷони 3-сола бозӣ мекарданд. Ногоҳ китобро хонданӣ будам, ки Ориён- писари калониам ба наздам омад. Дар болои саҳифаи китоб парчами Тоҷикистон дарҷ ёфта буд. Вай ба ман ногоҳ гуфт, ки "ана парчами Тоҷикистон" ва ман ҳайрон шудам, мегӯяд  Хотирмурод.

Ба гуфтаи ӯ, сипас падар аз Ориён мепурсад, ки "ту агар парчами Тоҷикисторо донӣ, оё медонӣ, ки пойтахти Тоҷикистон куҷост?"

Посухи Ориёни хурдакак боз падарро шигифтзадатар мекунад. Вай мегӯяд, "бале, Душанбе".

Хотирмурод мегӯяд, аслан писаронаш кунҷкоб ҳастанд. Онҳо доим ба падар саволҳои зиёде медиҳанд.

"Ман ба Ориён  як офарин гуфтаму ба хонадан машғул шудам. Аммо писарам аз ман боз пурсид, ки дигар кишварҳо низ шаҳр доранд. Вақте ки аз ман ҷавоби мусбӣ шунавид, ӯ хоҳиш кард, ки ба вай номи онҳоро ёд диҳам",- афзуд Хотирмурод.

Ориён ва падараш "кор"-ро аз Иттиҳоди давлатҳои мустақил сар карданд.

"Мо аввал номи 15 кишвари ИДМ-ро азёд кардем ва сипас 7 кишвари тараққикардаи дунёро омӯхтем. Аммо дар ин вақт танҳо писари калониам маро ҳамроҳӣ мекард",- мегӯяд Хотирмурод.

Як шаб вақте ки падару писар саволу ҷавоб мекарданд, Нӯъмон-писари хурдии хонавода, ки дар атрофи онҳо бозӣ мекард, ба саволу ҷавоб ҳамроҳ шуд ва баробари акааш  ба саволҳои падар ҷавоб додан гирифт.

"Аз ҳамон рӯз рақобат байни ду писари  ман сар шуд. Ҳар ду ҳам кӯшиш мекарданд, ки гуфтаҳои маро начаккондаву нарезонда азхуд кунанд. Мо дар се-чор рӯз номи 60 кишвари дунёро бо пойтахтҳошон азёд кардем. Аммо ман ҳамин 60 кишварро медонистам",- мегӯяд муаллими кӯдакон.

Рӯзе як хешованди хонавода ба хонаашон омад ва аз Хотирмурод пурсон шуд, ки барои чӣ дигар кишварҳоро ба фарзандонаш намеомӯзад. Ӯ дар посух мегӯяд, ки шароити ёфтани маводҳои ҷуғрофиро надорад.

"Вай кас ба ман гуфтанд, ки аз ин ҷиҳат ба ман кӯмак мекунанд ва дарҳол ба ман аз интернет рӯйхати 230 кишвари дунёро бо пойтахтҳояшон ва парчамҳояшон ёфта доданд",- афзуд вай.

Ҳамин тавр, Хотирмурод ҳар шаб аз ним соат то ду соат бо фарзандонаш дар сари мизи дарсхонӣ менишастанду ҷуғрофиё меомӯхтанд. Онҳо аввал кишварҳоеро интихоб карданд, ки талаффуз карданашон осонтар буд. Ҳамин тавр, то охирҳои моҳи феврал Ориёнҷону Нӯъмонҷон номи 130 кишвари дунёро бо пойтахтҳояшон аз ёд карданд.

Нияти нек — ними давлат

Хотирмурод мегӯяд, вақте ки дар Русия буд, доим барномаҳоеро тамошо мекрад, ки дар он аз тезҳушии наврасон ва кӯдакон нақл мекарданд.

"Ман доим барномаи "Удивительные люди" ва "Лучше всех" —и ровии машҳур Максим Галкинро тамошо мекардам ва ният мекардам, ки фарзандони ман низ рӯзе машҳур шаванд",- мегӯяд Хотирмурод.

Ба гуфтаи Хотирмурод, вай пас аз ин дастоварҳои писаронаш мехост наворе гирифта дар интернет мунташир кунад. Аммо дар деҳаи Урметан ки сурати интернет суст буд, ба вай даст надод, ки ин корро кунад.

"Бародарам ба Русия сафар дошт. Вай гуфт, ки кӯдаконро ба навор мегираду дар Русия ба интернет мепартояд. Он вақт Нӯъмон ва Ориён 130 кишварро медонистанд",- нақл мекунад вай.

Ҳамин тавр, ба гуфтаи ҷавон, бародараш наворро дар Русия рӯзи 27 феврал дар шабакаи Одноклассники ҷой дод ва ин наворро дар чанд рӯз ҳазорон нафар тамошо карданд. Ҳоло ин навор дар шабакаи Одноклассники наздики 65 ҳазор бор боздид шудааст.  

"Офарин"- як сухане ки кӯдаконро рӯҳбаланд мекунад

Хотирмурод мегӯяд, ҳоло фарзандонаш ба дастовардҳои бештаре расидаанд. Дар як моҳи март онҳо алифборо омӯхтанд, аз харита 182 кашвари дунёро нишон дода номи пойтахтҳояшонро гуфта ва парчамҳояшонро нишон медиҳанд. Афзун бар ин аз харита хати экватор, шимолу ҷануб ва шарқу ғарбро нишон дода метавонанд.

"Ҳоло акнун ба омӯхтани номи президентҳои ҷаҳон сар кардем. Ориён ва Нӯъмон номи раисҷумҳури 7 кишвар-Тоҷикистон, Русия, Узбакистон,Қирғизистон, Қазоқистон ва Амрико ва Туркманистонро медонанд", — мегӯяд вай.

Ба гуфтаи падари ин кӯдакони тезҳуш, вай нақшаҳои зиёд дорад. Аммо имконият ба ӯ даст намедиҳад, ки ҳамаи онҳоро амалӣ кунад.

"Як офарин гуфтани ман боис мешавад, ки Нӯъмону Ориён рақобаткунон тамоми гуфтаҳои маро аз худ кунанд. Чуноне ки бо ман дарс мехонанд, ҳатто бо падарам, ки собиқаи зиёди муаллимӣ дорад, дарс намехонанд",- мегӯяд Хотирмурод.

Аммо, мегӯяд вай, вақт ба вай даст намедиҳад, ки ҳамаи нақшаҳои худро амалӣ кунад.  Хотирмурод ба наздикӣ ба Русия бар мегардад ва аз пайи пешбурди рӯзгор шавад.

Ӯ изҳори нигаронӣ мекунад, кӯдаконаш дар ин муддат бе муаллим мемонанд.

Братя Нуъмон и Ориён Мирзоёровы
Братя Нуъмон и Ориён Мирзоёровы

"Масъалан ман орзу дорам, ки кӯдаконам дар барномаҳои гуногуни тезҳушӣ иштирок кунанд. Яке аз онҳо барномаи "Лучше всех"- и Максим Галкин аст. Аммо ҳоло Нӯъмон ва Ориён забони русиро намедонанд. Ман бошам барои ҳозир фурсати бо онҳо ёд доданро надорам",- мегӯяд вай бо изҳори нингаронӣ.

Нӯъмон, ки барои синну соли хурдаш диққати ҳамагонро бештар ҷалб кардааст, аз ҳамсолонаш қадпасттар ва камвазнтар аст. Хоирмурод мегӯяд, инҳо дар хурдӣ  зуд-зуд бемор мешуданд.

"Нӯъмон мегӯяд, ки агар калон шавад духтур мешавад ва ба кӯдаконеро ки мисли худаш инкишофи ҷисмонаишон суст аст, бо доруи калсия глюконат медиҳад, то ба зуддӣ инкишоф ёбанд. Ориён бошад, мехоҳад ки полис шавад",- мегӯяд Хотирмурод.

Хотирмурод мегӯяд, ҳоло фарзадонаш дар хона барои дарсомӯзӣ як ҳуҷраи алоҳида доранд. Дар он ҷадвали алифбо, акси қаҳрамонҳои Тоҷикистон, харитаи сиёсии ҷаҳон, ки аз рӯйи он Нӯъмон ва Ориён 30 кишвари ҷаҳонро нишон дода метавонанд,  овехта шудааст.

Ифтихорнома ва таваҷҷӯҳ

Падари кӯдакони хушзавқ мегӯяд, бади камтаре ки навор дар Одноклассники машҳур шуд, рӯзноманигорон ӯро пайдо карданд.

"Қариб тамоми расонаҳои Тоҷикистон бо мо мусоҳиба карданд. Аввал аз расонаҳои ноҳия омдаанд, баъд виоят ва баъд ҷумҳурӣ. Аз шабакаи "Мир 24" низ моро нишон доданд. Ман аз ҳамаи онҳо барои диққаташон миннатдорам. Ба наздикӣ аз рӯзномаи "Ҷумҳурият" ба манзили мо омада, ба Нӯъмонҷон ифтихорнома доданд ва як телефон тӯҳфа карданд",- мегӯяд вай.

Ба гуфтаи ӯ, баъди ин гузоришҳо ҳамдеҳагонаш ба манзили онҳо меомдаанд ва Нӯъмонҷонро медиданду табрик мекарданд.

"Писаронам дар асл дар кӯча бозӣ намекунанд. Аммо, вақте ки бо ман ба кӯча мебарояд ё ба ҷое мераванд, ҳама бо эҳтироми хос бо онҳо муроҷиат мекунанд ва ҳама аллакай ин ду писарамро мешиносанд",- мегӯяд вай.

Хотирмурод аввалҳои моҳи апрел ба Санкт-Петербург меравад, вай мегӯяд то рафтан барои фарзандонаш чанд супориш омода кардаанд. Ӯ мехоҳад ҳангоми бозгашт ба Ватан маводҳои дигари ҷуғрофӣ бубарад ва дарсхониро бо писараконаш идома диҳад.

"Акнун ман як шавқи дигаре дорам. Мехоҳам ин истеъдоди худоди фарзандонамро сайқал диҳам ва ба дастовардҳои бештаре ноил шавам",- афзуд Хотирмурод.

Барчаспҳо:
ҷуғрофия, тезҳушӣ, падар, навор, писар, Нӯъмон Мирзоёров, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ