15:56 23 майи 2018
Пахши мустақим
Фаридун Муҳсинзода

Чӣ гуна омӯзгори ҷавон Шойгуро ба Тоҷикистон даъват кард

© Фото : Аз бойгонии Фаридун Муҳсинзода
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
142771

Фаридун Муҳсинзода омӯзгори таърих ва ҳуқуқи шаҳри Хуҷанд чанде пеш аз номи кулли ҷавонони дунё дар Ҷашнвораи "Русия-кишвари имкониятҳо" дар Маскав суханронӣ кард

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Фаридун Муҳсинзода дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи ширкат дар Ҷашнвораи "Русия-кишвари имкониятҳо", дидор бо раисҷумҳури Тоҷикистон ва зиндагии омӯзгорони Хуҷанд нақл кард.

Фаридун Муҳсинзода 9 июни соли 1994 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Ӯ донишомӯхтаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров мебошад. Касбаш омӯзгори таърих ва ҳуқуқ. Фаъолияти омӯзгориро Фаридун аз соли 2012 дар гимназияи рақами 4 оғоз карда дар ҳоли ҳозир ба хонандагони синфҳои русӣ таърих ва ҳуқуқро меомӯзонад.

Парчам ҳамеша дар барам аст

Аз 11 то 20 март дар шаҳри Маскав нахустин Ҷашнвораи ҷаҳонии "Русия-кишвари имкониятҳо" баргузор гардид. Дар ин Ҷашнвора ширкаткунандагони фаъоли Ҷашнвораи ҷавонон ва донишҷӯёни ҷаҳон, ки тирамоҳи соли 2017 дар шаҳри Срочи баргузор шуд, ширкат карданд.

Тоҷикистонро дар ин Ҷашнвора панҷ ҷавони фаъол: чор кас аз шаҳри Душанбе ва як нафар аз шаҳри Хуҷанд муаррифӣ карданд. Дар умум дар ин ҷашнвора 300 ҷавон аз тамои қитъаҳои дунё ширкат карданд.

Фаридун Муҳсинзода мегӯяд, ки дар Ҷашнвораи Сочи дар озмуни зеҳние пирӯз шуду ба ин далел ӯро боз ба ин Ҷашнвора ҳам таклиф карданд.

Дар масромими кушодавшавии Ҷашнвораи "Русия-кишвари имкониятҳо" Фаридун аз номи ҷавонони 142 кишвари дунё суханронӣ кард.

"Бароям сухан кардан аз номи кулли ҷавонони дунё бисёр ҳаяҷонангез ва боиси ифтихор буд. Ман дарк мекардам, ки ин имконияти хубест барои муаррифии Тоҷикистон. Ва ҳангоми баромад кардан парчамамонро бо худ гирифта ба саҳна баромадам. Умуман парчами Тоҷикистон ҳамеша дар барам буд", — гуфт бо ифтихор Фаридун дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Фаридун Муҳсинзода мегӯяд, ки дар ин сафар Русия барояшон беҳтарин шароитҳоро фароҳам карда буд.

"Шароитамон ногуфтанӣ зур буд. Моро дар Маскав дар меҳмонхонаи "Ҳаят" ва дар Новосибирк дар меҳмонхонаи панҷситорадори "Марриотт" ҷой доданд", —ба ёд меорад Фаридун ва меафзояд, ки дар баробари ин ҷавононро дар доираи ин ҷашнвора ба маконҳои таърихии Маскав, осорхонаҳо ва маконҳои ҷолиб бурданд.

Вале дар баробари ин Фаридун мегӯяд беҳтарин лаҳзаҳояш, дарёфти дӯстони нав ва суҳбат бо ҷавонон аз "Қазоқистону Қирғизистон, Туркманистон, Узбакистон, Канада, Филипин ва дигар кишварҳо" будааст.

Дидор бо Шойгу ва даъват ба Тоҷикистон

Дар чорчӯби ин Ҷашнвора барномаҳо, намоишгоҳҳо ва дидорҳои зиёде бо кормандони баландпояи Русия доир шудааст.Фаридун Муҳсинзода дар ин Ҷашвора бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин, вазири дифоъ сия Сергей Шойгу ва вазири саноату ВУХ аз наздик дидору мулоқот кардааст.

"Ман дар як намоишгоҳи навоварӣ будам. Ногоҳ дидам, ки Сергей Шойгу ҳам даромаду ба тарафи ман омад. Ман даррав бо ӯ салом додам ва гуфтам, ки аз Тоҷикистон омадаам. Шойгу ҳам дасти маро фишурд. Ман ӯро ба Тоҷикистон даъват кардам. Ӯ бо розигӣ сар ҷунбонид", — ба ёд меорад омӯзгори ҷавон.

Фаридун вақти холӣ надорад

Фаридун мегӯяд вақти холӣ надорад ва ҳамеша ба тарбияи насли наврас машғул ҳаст. Ҳатто дар фасли тобистон ба ҳайси директори истироҳатгоҳи "БМТ-Шоҳин" фаъолият мекунад.

Ба гуфти Фаридун ҳамин фаъолиятаи босамараш буд, ки ду маротиба аз ҷониби раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо планшету айпад қадрдонӣ шудааст.

"Ман соли 2013 дар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон дар шаҳри Душанбе ширкат кардаму соли 2014 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд бо раисҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кардем", — гуфт Фаридун ва афзуд, ки дар ҳамрду маврид ҳам барои фаъолияташ аз ҷониби раисҷумҳур планшет ва айпад ҳадя гирифтааст.

Ҳич гоҳ насиҳати раисҷумҳурро фаромӯш намекунам

Фаридун мегӯяд, ки ҳадя хуб аст, вале насиҳати одамони кордон ба вижа раисҷумҳур беарзиш. Фаридун ба ёд меорад, чӣ гуна пас аз мулоқот бо раисҷмҳур дар даромадгоҳи "Қасри Арбоб" расм гиритфаанду Раҳмон ҷавононро насиҳат кардааст.

"Ман ҳич гоҳ насиҳати раисҷумҳурро фаромӯш нахоҳам кард. Раисҷумҳур гуфт, ки "нағз хонед, оянда ин Ватан ва сарзаминро обод кардан даркор, барои мо мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ лозиманд, забонҳои хориҷиро омӯзед", —ба ёд меорад омӯзгори ҷавон.

Муздам ба зиндагиям мерасад

Дар даврони шӯравӣ касби омӯзгорӣ аз серталаботтарин буд. Наздики 90 дарсади хонандагони як синф орзу мекарданд, ки дар оянда омӯзгор шаванд. Чун музди кори омӯзгорон ҳам баланд буду касби омӯзгорӣ пурифтихор.

Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон кам ҷавононе ёфт мешаванд, ки хошиҳи омӯзгор ё муаллим шуданро доранд. Яке аз далелҳои аслиаш музди ками кори омӯзгорӣ дар баробари пурмасъулиятӣ ва сарбории зиёд аст.

Вале Фаридун аз касби интихобкардааш розӣ аст. Ӯ мегӯяд, ки шароити корӣ барои омӯзгорон, имрӯз бо пешрафти технология хеле хуб шудааст.

"Мо синфхонаҳои замонавӣ дорем, ки бо айёниятҳо ва тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Имрӯз давлату ҳукумат омӯзгорон ба вижа омӯзгорони ҷавонро бисёр дастгирӣ мекунад", — мегӯяд Фаридун.

Фаридун мегӯяд, ки музди кор барои зиндагиаш кифоя аст. "Ҳастанд хонандагоне, ки барои ба донишгоҳ дохил шудан дар назди ман дарси иловагӣ меомӯзанд ва ман ба онҳо ба аври шартномавӣ дарс мегӯям".

Барчаспҳо:
омӯзгори ҷавон, Фаридун Муҳсинзода, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ