03:34 23 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.82
  • RUB0.14
Студенты МГЛУ на занятии, архивное фото

Аз Шабнам то Зулайхо: чӣ гуна духтарони рус дар Маскав забони тоҷикӣ меомӯзанд

© Sputnik / Стас Этвеш
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
95880

Гурӯҳе иборат аз нӯҳ духтари нозанини рус дар факултаи тарҷумонии Донишгоҳи давлатии забономӯзии Маскав забони тоҷикӣ меомӯзанд

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Sputnik Тоҷикистон дар дарси кушоди донишҷӯёни курси сеюми факултаи тарҷумонии Донишгоҳи давлатии забономӯзии Маскав  ширкат карду бо духтарони забондон дар бораи мушкилоти омӯзиши забони тоҷикӣ дар Маскав суҳбат кард.

Маркази фарҳанг ва забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи давлатии забономӯзии Маскав соли 2012 таъсис ёфааст. Дар ин марказ се устоди забоншинос ба донишомӯзон дарс мегӯянд. Эраҷ Собиров ба донишҷӯён тарҷумаи ҳарбиро меомӯзонаду Хуршеда Ҳамроқулова адабиёти тоҷикро барояшон дарс медиҳад, Сафармо Толибӣ бошад, ба донишҷӯён дарси муошират мегӯяд.

Маркази забони тоҷикии ин донишгоҳ гӯшае аз фарҳанги Тоҷикистонро мемонад. Дар мобайни синфхона парчами бузурги Тоҷикистон гузошта шудаву дар болояш суруди миллӣ ҷой дода шудааст.

Студенты МГЛУ на занятии, архивное фото
© Sputnik / Стас Этвеш
Студенты МГЛУ на занятии, архивное фото

Аз тарафи чапу рост марказро аксҳои шоирону бузургони адабиёти классику муосири тоҷик аз қабили Умар Хайём, Саъдӣ Шерозӣ, Абдураҳмон Ҷомӣ, Камол Хуҷандӣ, Садриддин Айнӣ, Лоиқ Шералӣ, Мирзо Турсунзода ва ғайра оро медиҳад.

Дар синфхона ҷевоне ҳам ҳаст, ки дар он китобҳо ба забони тоҷикӣ ҷой дода шудааст. Дар болои ҷевон лухтакҳои тоҷикӣ бо атласу адрас ва мӯйҳои майдабофӣ ҷилва мекунанд.

Ҳамчунин дар ин синф асбобҳои мусиқии тоҷикӣ-доираву сетору таблак чун тараннумгари фарҳанги баланди мусиқавии тоҷикон ҷой дода шудааст. Ва гӯшае махсусан барои тоқиҳои минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бахшида шудааст.

Маъмулан дар мактабҳои олии Маскав дарс соати нӯҳ оғоз мешавад, вале дарси забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи забономӯзиии Маскав аз соати ҳашт чун дар Донишгоҳҳои Душанбе оғоз шуд.

Аз дари даромад моро нӯҳ духтари хушқадқу қомати рус "Хуш омадед"-гӯён пешвоз гирифтанд, ки шунидани чунин суханон дар Маскав бисёр шодиовар аст. Устод Эраҷ Собиров тоқии ранги кабуди помирӣ дар сар, дарси кушодро дар мавзӯъи Наврӯз оғоз кард.

© Sputnik
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии забономӯзии Маскав дар васфи Наврӯзу баҳор шеър қароат мекунанд

 

Нӯҳ духтари рус яке паси дигаре ба қироати шеърҳои тоҷикӣ дар васфи баҳору Наврӯз оғоз карданд. Маро талаффузи хуби ҳарфҳои ҳ, ғ ва қ дар ҳайрат гузошт.

"Наврӯз шуду лолаи хушранг баромад,

Булбул ба тамошои дафу чанг баромад

Мурғони ҳаво ҷумла бикарданд парвоз

Мурғи дили ман аз қафаси танг баромад", — гӯён донишҷӯе бо номи Катя ба қироати шеър оғоз кард.

Ҳашт духтари дигар яке паси дишгаре бо лаҳни хос қироати шеърро идома доданд.

Пасон духтарон презентатсияеро дар бораи Наврӯз ба мо намоиш доданд.

"Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашни рӯи дунё аст. Беш аз панҷ ҳазор сол пеш ин ҷашни бузург таҷлил мешуду акнун дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамасола чун иди байналмилалӣ таҷлил мешавад", — нақл мекард Юлия.

"Бозиҳои аслии наврӯзӣ, ки дар Тоҷикистон маъмуланд-бузкашӣ, куштигирӣ, ва ғайраҳо мебошанд. Дар ин ҷашн дастархони идона ороста мешавад, ки аз хӯрокҳои ҳафт син ва ҳафт шир иборат аст", — идома медод дигаре.

Ҳамин тавр духтарон бо завқи том дар бораи Наврӯз нақл карданду мо бо устодашон дар суҳбат шудем.

Собиров Эраҷ хатмкардаи факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Дар Донишгоҳи давлатии забономӯзии Максав аз моҳи сентябри соли 2017 фаъолият мекунад. Ба гуфти Собиров барномаи дарсиро на донишгоҳ, балки худи устодон интихоб мекунанду ба донишомӯзон дарс мегӯянд.

Собиров мегӯяд, ки дар раванди дарсдиҳӣ ба мардуми хориҷ мушкили аслӣ набуди фазои муошират ҳаст. Вале барои ҳалли ин мушкил, Маркази фарҳанги тоҷикон дар Маскав ва сафорат ин донишҷӯёнро ба чорабиниҳои гуногун даъват мекунад.

"Барои донишҷӯёни мо аслан фазои муошират дар Маскав намерасад. Чанд рӯз пеш донишҷӯёни мо дар ҷашни Наврӯз, дар ВДНХ Маскав ширкат карданду бо хотири болида за он ҷо бозгаштанд", — гуфт Эраҷ Собиров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Аз меҳмоннавозӣ то забондӯстдории тоҷикон

Дар факултаи тарҷумонии Донишгоҳи забоншиносии Маскав, нӯҳ духтари рус донишомӯзӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки забони тоҷикӣ бисёр забони форам ҳаст ва онҳо ба хулоса омадаанд, ки мардуми тоҷик забони худро беҳад дӯст медоранд.

"Мардуми тоҷик бисёр меҳмоннавоз ҳастанд, вақте мо дар Наврӯзи ВДНХ ба назди тоҷикон рафта ассалому алайкум гуфтем, онҳо дар ҳайрат монданд. Дарҳол пурсиданд: "шумо тоҷик, эронӣ ё ҳамсаратон тоҷик". Мо гуфтем, не мо донишҷӯ ҳастем ва забони тоҷикӣ меомӯзем ва онҳо дар ҳайрат уфтоданд", —гуфтанд духтарон ва афзуданд ки умуман халқи тоҷик забонашонро бисёр дӯст медоранд, вақте мо калимае ба забони тоҷикӣ мегӯем дар бозору мағоза бемалол тахфиф бароямон кафолат дода мешавад.

Забони тоҷикӣ дар Маскав кумак мекунад…

То имрӯз наздики як миллион тоҷик дар Русия кору фаъолият мекунад. Бештари ҳамватанони бурунмарзии мо дар мағозаҳо ба савдои меваҳои хушк, ки беҳад писанди мардуми хориҷ аст, машғул мешаванд. Юлия яке аз донишомӯзон мегӯяд, ки дар ин росто забони тоҷикӣ беҳад кумак мекунад.

"Рӯзе амакам ба ман маблағ доду маро ба бозори назди хонаамон барои хариди меваҳои хушк равон кард. Ман ба назди савдогар омада ба забони тоҷикӣ гуфтам, "Ассалому алайкум"-ин чанд пул? Савдогар ҳайрон шуду 500 рубл бароям тахфиф кард. Ман ба хона бозгашта пули боқимондаро ба амакам додам, ӯ ҳайрон шуду гуфт, чӣ тавр? Ман гуфтам ин асрор аст".

Дар Донишгоҳи давлатии забономӯзии Маскав анъанае ҳаст, ки то оғози дарс ва тақсимот ба гурӯҳҳо, донишҷӯён намедонанд, ки кадом забонро ба шакли забони аслии тарҷумонӣ хоҳанд омӯхт. Ин донишҷӯёнро хабари омӯхтани забони тоҷикӣ шоккӣ кардааст.

"Ин як сирри донишгоҳи мо аст. Мо то оғози дарсҳо намедонестем, ки кадом забонро меомӯзем. Вақте ҳамаи гурӯҳҳоро тақсим карданду ба синфхонаҳо фиристоданд фақат мо нӯҳ кас мондем ва устодонамон гуфтанд акнун вақти гурӯҳи вижа расид. Мо дар ҳаяҷон будем, ки оё дохил нашудаем ва ин чӣ гуна забоне бошад. Устодонамон гуфтанд забони тоҷикӣ ва мо шоккӣ шудем", — нақл мекунад Юлия.

Ба гуфти донишҷӯён пеш аз омӯзиши забони тоҷикӣ онҳо дар бораиТоҷикистон чизе намедонистанд. "Фақат медонистем, ки чунин кишвар вуҷуд дорад". Имрӯз бошад ин духтарон озодона ба забони ин кишвар суҳбат мекунанду дар орзуи сафар кардан ба Тоҷикистонанд.

Ҷӯянда-ёбанда

Омӯзиши забони бегона барои ҳар нафар аз алифбою калимаю ибора оғоз мешавад. Ин гурӯҳ мегӯяд, ки аз аввал иборае дар варақи гурӯҳи онҳо навишта шуда буд, вале онҳо ки маънояшро намедонистанд, имрӯз бошад ин ибора сармашқи кори онҳо ва шиори онҳо шудааст.

"Дар рӯи коғази мо "Ҷӯянда-ёбанда" навишта шуда буд. Вале мо аввал маънояшро намедонистем, замоне ки тарҷумаашро пурсидем дигар ин ибора шиори гурӯҳи мо шуд", — нақл мекунад Настя ва се донишҷӯёи дигар ба ӯ ҳамроҳ шуда, калимаҳои дӯстдоштаи худро ба забони тоҷикӣ мегӯянд, ки "лаблабу", "мувафаққият" ва "булбул" будааст.

Ин духтарон муътақиданд, ки дар оянда чун мутахассисони хуби забондон фаъолият хоҳанд кард.

"Дар Донишгоҳ ба мо мегӯянд, ки чун шумо забони тоҷикиро меомӯзед-яъне ин муҳим аст. Мо соли 2020 чун мутахассис дар риштаи тарҷумаи ҳарбӣ аз забони тоҷикӣ донишгоҳро хатм мекунем. Ва мо нахустин мутаххассисоне дар ин соҳа хоҳем буд. Фикр мекунам ояндаи мо дар ин самт дурахшон аст", бовар доранд донишҷӯён.

Чун ихтисоси ин гурӯҳ тарҷумони соҳаи низомист духтарон аз торномаи Sputnik Тоҷикистон хоҳиш карданд, хабарҳо дар ин мавзӯъ бештар шаванд, то онҳо аз ин тарҷумаҳо истифода кунанд.

"Мо бештар ба хабарҳо таваҷҷуҳ дорем, вале мутассифона мо дар сайтҳои хабарӣ ҳам бештар иттилооти такрорро мебинем. Масалан хабаре дар бораи сафари Владимир Путин ба кишваре ҳам ба забони русӣ ва ҳам тоҷикӣ яксон аст. Мо мехоҳем бештар хабарҳои маҳаллиро мутолиа кунем то бо фарҳангу зиндагии мардуми таҳҷоӣ бештар ошно шавем",-даъват карданд духтарон.

Аз Шабнам Сурайё то "Арӯси замонавӣ"

Духтарон изҳор доштанд, ки ба хотири беҳтар омӯхтани забони тоҷикӣ сурудҳо гӯш мекунанд.

"Мо аслан сурудҳои Шабнам Сурайё ва Зулайхоро гӯш мекунем. Ҳамчунин дирӯз қисми аввали филми "Арӯси замонавӣ"-ро тамошо кардему қисми дуюмашро оянда тамошо хоҳем кард", — гуфтанд духтарон ва таъкид карданд, ки филмро бидуни тарҷума тамошо мекунанду забони филми "Арӯси замонавӣ" барояшон фаҳмо аст.

Мушкили омӯзиши забони тоҷикӣ дар Маскав

Имрӯз бо пешрафти технологияи муосир қариб ҳар як кишвар барои омӯзиши забонаш ба дигарон, барномаҳои зиёдеро роҳандозӣ кардааст, ки кас роҳат метавонад бо истифода аз ин барномаҳо, ин ё он забонро аз худ кунад. Масалан барои омӯзиши забони англисӣ, русӣ, олмонӣ ё испонӣ ҳазорҳо вебгоҳ ва барномаҳои вижаи онлайн омода шудааст.

Вале мутассифона барои омӯзиши забони тоҷикӣ ғайр аз вебгоҳҳои тарҷумонӣ, Google translate ва дигарҳо, барномаҳои вижаи онлайн вуҷуд надорад, то шаҳрванди кишвари хориҷ битавонад роҳат забони тоҷикиро аз худ кунад.

Ин донишҷӯён ҳам аз набуди чунин манобеъ танқисӣ мекашанд.

"Мо калимаҳои зиёди ҳаммаъноро вомехӯрем, ки аксари онҳо дар тарҷумаҳои интернетӣ ҷой дода нашудааст. Бештар аз китобҳо истифода мекунем, вале онҳо ҳам аз даврони шӯравӣ боқӣ мондаанд ва устодонамон мегӯянд, ки баъзе аз тарҷумаҳо он ҷо нодурустанд. Албатта агар барномаҳои мукаммали онлайн барои омӯзиши забони тоҷикӣ дар интернет вуҷуд медошт, забономӯзӣ осон мешуд", — гила мекунанд донишҷӯёни рус.

Ба Тоҷикистон меравем

Ин гурӯҳ барои бештар ошно шудан бо фарҳангу зиндагиии мардуми тоҷик нақша дорад дар авоили моҳи сентябр ба Тоҷикистон сафар кунад.

"Устодамон Сафармо Толибӣ барои сафари гурӯҳии мо ба Точикистон бо сафорати Тоҷикистон дар Русия мувофиқа кардааст ва насиб бошад мо моҳи сентябр барои ошноӣ бо мардум ва боздид аз шаҳри Душанбе ба Тоҷикистон меравем", — мегӯянд бо хушнудӣ духтарони рус.

Мавзӯъҳои асосӣ