06:08 22 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR11.06
  • RUB0.14
Манижи

Олӣ ва ғайриоддӣ: дар Маскав консерти Манижа Сангин баргузор шуд

© Sputnik Стас Этвеш
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
28950

Манижа-овозхони номдори тоҷиктабори Русия дирӯз албоми навашро ба тамошобинони Маскав пешкаш кард

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Манижа Сангин-овозхони тоҷиктабори Русия рӯзи 14 апрел, дар толори консертии "Дом союзов" ҳунарнамоӣ кард.

Дар ин шом овозхони номдор албоми тозаи худро бо номи #ЯIAМ иҷро кардааст. Албатта сурудҳои машҳурашро ҳам тақдими мухлисон кардааст.

"Манижа ғайриоддӣ олӣ аст! Матни сурудҳо, мусиқӣ, майдон, барқбозӣ дар толор, ҳамааш дар сатҳи лозима! Консерт хеле олӣ буд. Сипос Манижа,  барои кушодгӯӣ ва заминӣ будан!",-навиштааст корбаре дар саҳифаи фейсбукии худ.

Ёдрас мешавем, ки ин сиюмин консерти Манижа дар толри бузург мебошад. Охирҳои моҳи октбр, Манижа дар ҳамин толор ба мухлисони москвагиаш консерти худро пешниҳод карда буд.

Ба консерти Манижа Сангин ҷавонони Маскав, ки дар шабакаҳои Instagram ва Facebook эҷодиёт ва зиндагии овозхони дӯстдоштаи худро пайгирӣ мекунанд, омада буданд.

Ногуфта намонад, ки Манижа яке аз камтарин овозхононе ҳаст, ки аз технологияҳои замонавӣ дар омода кардани намоҳанг истифода мекунаду дар саҳифаи Instagram-аш беш аз 250 ҳазор аъзо дорад.

Барчаспҳо:
Манижа Сангин, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ