Далер Назаров дар бораи Лидуш Ҳабиб: "барои мо ӯ ҳамеша зинда аст"

© Sputnik / Амир ИсаевКонцерт в память барда Лидуша Хабибо в Душанбе, Далер Назаров
Концерт в память барда Лидуша Хабибо в Душанбе, Далер Назаров - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Лидуш Ҳабиб аз ангуштшумор ҳунармандонест, ки хурду бузурги мардуми Бадахшон ӯро мешиносаду сурудҳояшро азёд медонад. Агар умр вафо мекард, ин марди ҳунар имрӯз 55-сола мешуд

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Лидуш Ҳабиб-шоир, бард ва ҳунарманди Бадахшонзамин аст, ки аз дарди халқи худ ҳикоят мекард. Сурудҳои ӯро имрӯз овозхонони ҷавон бозсароӣ мекунанду аксари сарояндагони ҷавон ӯро устоди худ мешуморанд.

Далер Назаров устоди ҳунари тоҷик, дар як консерте, ки ба ёдбуди барди тоҷик-Лидуш Ҳабиб бахшида шуда буд дар бораи Лидуш гуфт, ки чунин инсонҳо ҳамеша зиндаанд.

"Онҳое, ки тавонистанд маҳбубияти ҷомеаро ба даст биёранд, то ҷовидон зиндаанд. Барои мо Лидуш ҳамеша зинда аст".

Вид на город Хорог, ГБАО. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Фаъолони иҷтимоъӣ мехоҳанд кӯчае дар Хоруғ ба номи Лидуш Ҳабиб гузошта шавад

Овозхони гурӯҳи "Авесто" Таҳмина Рамазонова, Лидуш Ҳабибро инсони ояндабин гуфта буд.

"Лидуш Ҳабиб инсоне бо ҳарфи бузург аст. Ӯ ояндабин буд. Агар мо сурудҳои ӯро гӯш кунем ҳамаи онҳо дар бораи мушкилоти актуалӣ навишта шудаанд. Лидуш инсонест, ки тавонист бо шеърҳояш дар бораи ҳамаи чиз бигӯяд", — гуфт Таҳмина.

Ҳар ҷо, ки беадолитию бевиҷдонӣ авҷ мегирифт, Лидуш онро бе тарсу ҳарос ба қалам додаву ошкоро интиқод мекард. Ӯ ҳамчунин бо шеърҳояш ишқи худро ба  Ватану мардумаш бисёр зебову воло бозгӯӣ кардааст. Ишқ яке аз мавзуъҳои марказии ашъори Лидуш Ҳабиб буд. Ӯ ишқу ошиқиро дар сурудаҳояш бисёр ҷаззоб ба риштаи назм кашидааст. Аз барои ҳамин тасвири эҳсосоти ошиқона ӯро дар Бадахшон аз хурд то бузург дӯст медоранду сурудҳояшро зам-зама мекунанд.

Аксари шоирони ҷавони Бадахшон, ки бо забони шуғнӣ эҷод мекунанд, Лидуш Ҳабибро устоди худ мешуморанд.     

Бовар Абдураҳмонов — яке аз шоирони ҷавону пайрави Лидуш мегӯяд, ки аз устодаш ростгӯиро омӯхтааст.

"Аз Лидуш Ҳабиб бисёр чизҳоро омӯхтам. Шеърҳои ӯ ба ман илҳом мебахшанд. Бо гузашти солҳо маънои шеърҳои Лидушро хубтар дарк мекунаму бузургии ӯро бештар мефаҳмам.  Яке аз боризтарин вижагиҳои шеърҳои Лидуш содаву равон буданашон аст. Ин ҳунарест бисёр шигарф — бо вожаҳое сода мушкилоту фалсафаи зиндагиро ба қалам додан. Яке аз муҳимтарин дарсҳое, ки ман аз Лидуш омӯхтаам, ростгӯӣ аст", — гуфт Бовар Абдураҳмонов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ҳамин бузургию ростгӯии Лидуш Ҳабиб буд, ки гурӯҳе аз фаъолони иҷтимоъӣ дар номае аз шаҳрдори Хоруғ Арамбегим Маҳтобшоева дархост кардаанд кӯчае ё мактабе дар шаҳри Хоруғ ба номи шоир ва барди марҳум Лидуш Ҳабиб гузошта шавад.

Лидуш Ҳабиб 2 майи соли 1963 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ба дунё омадааст. Пас аз хатми донишгоҳи давлатии шаҳри Самара, солҳои 80-уми асри гузашта, Лидуш Ҳабиб ба Ватан бозгашта фаъолияташро ба ҳайси хабарнигори русзабони рӯзномаи "Бадахшони Советӣ" оғоз кардааст.

Ҳанӯз аз овони донишҷӯӣ Лидуш ба эҷоди шеърҳо ба забонҳои шуғнӣ ва рӯшонӣ оғоз кардаву дарди ҷомеаро ба қалам додааст.

Имрӯз Лидуш Ҳабибро дар Бадахшон ва фаротар аз он хурду бузург мешиносанду сурудҳояшро аз ёд медонанд.

Лентаи хабарҳо
0