11:06 23 июли 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.93
  • RUB0.15
Сайимдмуртазо Бобоназарови 50-сола дар сар тоқӣ барои тамошои Ҷоми ҷаҳон-2018 ба Русия омадааст.

Мехостам бо Роналду ва Месси акс гирам: орзуи бобои Сайидмуртазо амалӣ нашуд

Сащифаи фейсбукии Наврӯз Хайрулбашар
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
93810

Сайимдмуртазо Бобоназарови 50-сола дар сар тоқӣ барои тамошои Ҷоми ҷаҳон-2018 ба Русия омадааст. Ӯ мухлиси дастаи Португалия ва Аргентина аст, вале изҳори нигаронӣ мекунад, ки ин ду даста дар сабқатҳо шикаст хӯрда, бозиро тарк карданд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Як сокини ноҳияи Ховалинг, ки худро мухлиси ашаддии футбол мегӯяд, барои тамошои Ҷоми футболи ҷаҳон-2018 ба Русия омадааст.

Наврӯз Ҳайрулбашар ном корбари Фейсбук дар саҳифааш хабар дод,ки Сайидмуртазо Бобоназаров 50 сол дорад ва дар ҷоми ҷаҳон баробари тамошои футбол Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ҳам  муаррифӣ мекунад.

Ба гуфтаи вай, ин марди тоҷик се бозии тимҳои Олмону Шветсия, Австралияву Перу ва Португалияву Уругвайро дар Сочӣ, дар  варзишгоҳҳо "зинда"  тамошо кард, вале орзуи асосии ӯ — акс гирифтан бо Лионел Месси ва Криштиану Роналду амалӣ нашуд.

"Мутаассифона дастаҳои Аргентина ва Португалия дар сабқатҳо шикаст хӯрданд. Ин ситораҳо аз майдон зиқ баромада рафтанду фурсати аксгирӣ нашуд", — мегӯяд бо изҳори нигаронӣ мард.

Аммо бобои Сайидмуртазо (дар сар тоқиву риш) аз он хурсанд аст, ки чеҳраи тоҷиконааш диққати аксари хориҷиёнро ҷалб мекунаду вай ба онҳо мегӯяд, ки аз Тоҷикистон аст.

 "Тоқӣ ва риши ман диққати аксарияти хориҷиёнро ҷалб мекард. Худам бехабар, маро дар телевизиони Русия нишон додаанд. Аз хона ба ман тамос гирифта гуфтанд, ки  Шуморо дар телевизион дидем ", — афзуд вай.

Сайидмуртазо Бобоназаров ҳатто тавонистааст дар рафти бозӣ хориҷиёнро ба Тоҷикистон даъват кунад.

"Вақте ки аз ман мепурсиданд, ки Шумо аз куҷо, ман бо ифтихор мегуфтам, аз Тоҷикистон. Дар соли рушди гардишгарӣ онҳоро ба Тоҷикистон ҳам даъват кардам", — мегӯяд Бобоназаров.

Ёдрас мешавем, дар Русия давраи чорякфиналии мусобиқоти ҷоми футболи ҷаҳон идома дорад.

6 июл тими мунтахаби Белгия бо Бразилия ба майдон баромада буд. Дар натиҷаи  ин бозӣ ғайриинтизор, яке аз дастаҳои беҳтарини футбол Бразилия Ҷоми ҷаҳонро тарк кард.

Имрӯз, соати 21:00 тимҳои Русия ва Хорватия мусобиқа мекунанд.

Барчаспҳо:
мухлисон, футбол, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ