Тоҷикони меҳмондӯст: сипосгузории дучархасаворони хориҷӣ аз мардуми Хоруғ

© Корбари Фейсбук Даврон ҚадамшоевСайёҳони хориҷиро ба тӯй даъват карданд
Сайёҳони хориҷиро ба тӯй даъват карданд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокинони маҳалли дучархасаворони хориҷиро, ки аз назди тарабхона мегузаштанд, бозистонда онҳоро ба маъракаи хурсандӣ даъват кардаанд

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сокинони маҳаллӣ дучархасаворони хориҷиро, ки роҳгузар буданд ба тӯй даъват карданд.

Тавре корбари Фейсбук Даврон Қадамшоев дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додааст, дучархасаворон аз кишварҳои аврупоӣ будаанд. Онҳо даъвати сокинонро пазируфта, ба базми хурсандӣ ҳамроҳ шудаанд.

"Пас аз рақсу зиёфат меҳмонон аз муҷрии тӯй хоҳиш карданд, ки онҳоро ба сухан даъват кунад. Гардишгарон аз меҳмоннавозии сокинон изҳори миннатдорӣ карданд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Бояд қайд кард, ки ин рухдод пас аз ду рӯзи ҳодисаи хунин дар Данғара ба вуқӯъ пайвастааст, афзудааст Даврон Қадамшоев.

Ёдрас мешавем, чанде пеш як гардишагари амрикоӣ ба милисаҳои шаҳри Душанбе барои кӯмаки фаврӣ изҳори миннатдорӣ карда буд.

Матю Пушел ном шаҳрванди Амрико бо ҳамроҳии оилааш ва кӯдаки хурдсолаш  дар дохили  таксӣ ҳамён ва ҳуҷҷатҳои худро фаромӯш мекунад.

Сипас гардишгар аз ин қазия "Пулиси сайёҳӣ"-и ВУД-ро хабардор кардааст.

Кормандони шуъбачаи сайёҳӣ онҳоро фавран ба Маркази "Шаҳри бехатар" оварда, автомашинаи таксиро пайдо намуда, дар муддати кӯтоҳ ҳамён ва ҳуҷҷатҳои ӯро бар мегардонанд.

Матю Пушел гуфтааст, ки умед надошт, киҳуҷҷат ва ҳамёнашро пайдо кунад ва фикр мекард, ки бо ин далел ба мушкилии бузурге рӯ ба рӯ мешавад, аммо кормандони милиса ба кӯмакаш шитофтанд.

Лентаи хабарҳо
0