Далер Назаров аз шӯҳрат, сирри эҷодиёт ва мактабе, ки то ҳол ташкил карда натавонист

© Facebook / Daler Nazarov studioДалер Назаров, архивное фото
Далер Назаров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Номи Далер Назаровро ҳар як тоҷикистонӣ медонад. Ҳунармандро на танҳо дар Ватанаш мешиносанд, исми вай солҳост, ки муаррифгари миллати тоҷик аст

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik, Фарзона Ширинбек. Дар Тоҷикистон нафаре нест, ки Далер Назаровро нашиносад, оҳангҳои ширини ӯро, ки то қаъри дилҳо мерасанду бо гузаштагону фарҳанги бостон пайванд медиҳанд, нашунида бошанд.

Далер Назаров на танҳо бозёфти фарҳангии тоҷикон, балки  ҷаҳон аст. Даҳсолаҳост, ки ҳунарманд Тоҷикистонро дар саҳнаҳои байналмилалӣ муаррифӣ карда, тамошобинонро бо мусиқии рӯҳнавозаш афсун мекунад.

Дар ҳошияи таҷлили ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон  ҳунарманд  тоҷикони Маскавро шод намуд ва дар чорабинии ботантанаи ҷашн, ки Сафорати Тоҷикистон дар Русия ташкил карда буд, ширкат кард.

Мост в Фанских горах Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Гардишгарони дармонда таронаи Далер Назаровро суруданд

 Ҳунарманд сурудҳои маъруфи худро, ки дар қалби ҳар як тоҷикистонӣ ҷо гирифтаанд, иҷро кард. Sputnik Тоҷикистон пас аз ҳунарнамоии Далер Назаров бо ӯ мусоҳиба орост.

Ман Далер Назаров будани худро фаромӯш мекунам

Дар рафти барномаи идона ба назди ҳунарманд чандин бор меҳмонон меомаданду эҳтиром ва таҳсин баён мекарданд.

Бештари онҳо аз Далер Назаров хоҳиш мекарданд, ки дар Олмон ё дгар кишварҳои Аврупо ҳунарнамоӣ кунад. Ҳунарманд ба ҳар яке бо табассум ва хоксорона муошират мекард.

"Ин хуб аст, ки ман доим Далер Назаров будани худро дар хотир надорам. Танҳо зиндагӣ мекунаму дар фикри кӣ будани худ нестам. Гоҳо нафареро во мехӯрӣ, ки мусиқии туро пазироӣ мекунад ва маълум мешавад, ки ту садҳо суруд ва мусиқӣ навиштаиву хондаӣ. Аммо худ ба худ ин чизро ҳис намекунӣ", — мегӯяд вай.

Бештари мухлисонаш ҳунармандро ифтихори миллат меноманд, аммо нигоҳи Далер Назаровдар ин ҷо дигар аст.

Аброр Назаров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аброр Назаров: на ҳар касе метавонад роҳи Далер Назаровро биравад

"Худро ифтихори миллат не, фиристодаи миллат меҳисобам, ки метавонад ба одамони дигар кишварҳо аз торихи Тоҷикистон бо забони онҳо — чун тарҷумоне нақл кунад.

Ифтихор — ин аз интихоби ҳар як кас  вобаста аст, касе метавонад ифтихор кунад, касе не, аммо ман худро фиристода меҳисобам: фиристодаи ин замин ва ин мардуме, ки доим ба фарҳанги ҷаҳонӣ дороии бузург ва ганҷ меорад ва бо сулҳпарвариву меҳмоннавозии худ маъруф аст", — тавзеҳ медиҳад Далер.

© Sputnik / Амир ИсаевКонцерт в память барда Лидуша Хабибо в Душанбе, Далер Назаров
Концерт в память барда Лидуша Хабибо в Душанбе, Далер Назаров  - Sputnik Тоҷикистон
Концерт в память барда Лидуша Хабибо в Душанбе, Далер Назаров

Ҳунарманд вазифаи худро дар он мебинад, то ба дигарон расонад, ки тоҷикон — қисми фарҳанги бузург ҳастанд, Тоҷикистон бошад, як кунҷи обод ва зебои ҷаҳон аст.

"Ман бисёр мехоҳам, ки ба Тоҷикистон нафарони зиёде меҳмон шаванд, ба фарҳанг ва анъанаҳои мо ошно шаванд. Мо метавонем бо фарҳанги худ ифтихор кунем. Дар ҳамин маънӣ ман худро фиристода меҳисобам".

Далер Назаров арзишҳо ва анъанаҳои тоҷикиро гиромӣ медорад

"Анъанаҳои тоҷикӣ хело зебо ва хело аҷиб ҳастанд. Бояд дар дили фарзандони худ меҳри фарҳанги тоҷикиро ҷо кард. Мо фарҳанги зебое дорем, ки одамонро ба ҳам меорад", — мегӯяд Назаров ва меафзояд, ки ваҳдат роҳи шифоёбӣ аз танидагӣ ва танҳоӣ аст.

Ҳамаи анъанаҳои тоҷикӣ асоси иҷтимоӣ доранд. Оҳангсоз ҳам анъанаеро мисол меорад, ки мардум барои якдигар бемузд манзил месозанд.

Сирри эҷодиёт — тағйирот аст

Далер Назаров ба ҳама чиз бо табассум муносибат мекунад ва  аз ҳама ҷо илҳоми эҷодӣ мегирад.

"Маро тасодуфҳои ҳаёт илҳом мебахшад. Ман аллакай дар зиндагӣ ягон чизи хосеро ҷустуҷӯ намекунам, барои он ки ҳар лаҳза аҷиб аст — ба мо хотиррасон мекунад, ки чигуна бо ин ҳаёт таомул мекунему чигуна ба он вокуниш мекунем", — мегӯяд вай.

Джурабек Муродов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷӯрабек Муродов дар бораи дӯстӣ бо Кобзон, охирон дидор ва накӯкории ҳунарманд

Ба гуфтаи ҳунарманд, ҳатто як вохӯрии оддие ҳам барояш аҷиб аст: мисол чорабинии идона дар сафорат.

"Метавон дар Маскав илҳом ҷуст, ё танҳо ба шаҳр нигоҳ карду  рӯҳияеро бардошт, ки дар Душанбе набуд. Сипас ба Душанбе баргашт — онҷо ҳатман рӯҳияи наверо метавон пайдо кард. Ҳар як субҳ нав аст ва ҳар рӯз як чизи наве медиҳад.

Албатта вақтҳое мешавад, ки дар ботини ман тағйироти вижае ба амал меояд, аммо вақтҳои охир ман асосан аз ҳаёт илҳом мегирам, аз ҳамаи он рӯйдоде, ки дар он рух медиҳад", — афзуд вай.

Шогирд надорам

Бештари ҳунармандони навкор орзу доранд, ки шогирди Далер Назаров шаванд, аммо вай барои қабули онҳо намешитобад.

"Агар хоҳиши сарояндагӣ бо шӯҳрат ёфтан бастагӣ дошта бошад, ман кӯмаке карда наметавонам. Шогирди ман шудан мушкил аст, барои ҳамин то ҳол мактаби худро ташкил карда натавонистаам — мактаби ғайриоддӣ, студияеро", — мегӯяд вай.

Дар нақшаҳои ҳунарманд  — ташкили мактаби анъанавӣ нест, балки маконест, ки дар он шогирдон озод бошанд.

Мусиқӣ — сабук ва нозук аст. Ба маҷбурӣ шогирдеро натметавон як нота ҳам омӯзонд. Ҳастанд нафароне, ки мактаби мусиқиро хатм мекунанду сипас мусиқиро як тараф гузошта, ба дигар кор машғул мешаванд. Барои чӣ? Барои он ки онҳо дарси мусиқиро дигаргун тасаввур мекарданд. Дар мактаб бошад ба онҳо сараввал бо асбоби мусиқӣ кор карданро омӯхтанд", — тавзеҳ медиҳад вай.

Бояд кӯшиши шогирдро дастгирӣ кард, на дар бораи он андешид, ки чигуна бо асбоби мусиқӣ кор мекунад. Бояд дар дили шогирд меҳр ва алангаи мусиқиро зинда нигоҳ дошт ва сипас навохтанро омӯхт.  Он гоҳ шогирд аз дарс ҳаловат мебарад", — боварӣ дорад ҳунарманд.

Аброр Назаров: я не хочу, чтобы мои дети ушли в творчество - Sputnik Тоҷикистон
Намехоҳам фарзандонам ҳунарпеша шаванд: Аброр Назаров

Набояд аз пирӯзӣ дар саҳна фикр кард, балки ҳаловат дар онро пеши назар овард.  Ҳоло тамоюле  аст, ки ҳунармандон ба воситаи муҳит дастгирӣ ё пазироӣ меҷӯянд. Аммо ба воситаи он бояд муҳаббатеро ифшо кард, ки дар он аст. Мусобиқа ва рақобат, танҳо нобуд мекунад. Оё метавонад касе беҳтар аз касе бошад? Вақте ки ҳунарманд ба саҳна мебарояд ва месарояд, ӯ беҳтарин аст, сипас дигар ҳунарманде мебарояду суруд мехонад — вай ҳам беҳтарин аст.

Ту он вақт беҳтаринӣ, ки ба худ бовар дошта бошӣ, вақте кореро мекунӣ, ки лоиқи ту аст, вақте дар худ ҳунареро пайдо мекунӣ, ки ба осонӣ анҷом дода метавонӣ, на ба зӯри чизе. Бояд ин осонӣ ва роҳатро пайдо кард", —  маслиҳат медиҳад вай.

Ба гуфтаи Далер Назаров, барои пайдо кардани худ вақти зиёд лозим аст, аммо меарзад.

"Аз ҳама муҳимаш — бояд худро пайдо кард. Ҳамаи он нафаронеро, ки во мехӯрам, аз он ҷиҳат баҳо медиҳам, ки то кадом андоза бо худ мувофиқ ҳастанд. Агар инсон ба худ мувофиқат кунад, пас ҳамааш хуб аст, вақте ки ӯ ба касе монанд шудан мехоҳад, онгоҳ вай худро дар азоб мемонад ва дар ҳаёти худ зиндагӣ намекунад", — меафзояд Назаров.

Далер Назаров дар бораи мухлисонаш дар Тоҷикистон ва Русия

Аввалин консерти Назаров дар Маскав 10 сол пештар баргузор шуда буд. Дар ин муддат ӯ тавонист бо вижагиҳои тоҷикони Русия ошно шавад.

"Фикр мекунам, ки ҳамватанони мо дар Русия ба ҳунари мардуми худ ниёзи бештаре доранд. Онҳо аз Тоҷикистон дуранд, вале ин дурӣ онҳоро ба фаҳмиши санъати сарзамини худ водор кардааст. Ин мухлисон  идроки хос доранд, ба онҳо метавон мусиқии гуногунро пешниҳод кард, чӣ ором ва чӣ баланду тезро, — мегӯяд Назаров.

Певица Манижа на концерте в Колонном зале дома союзов - Sputnik Тоҷикистон
Насиҳату "макияж" - шӯии Манижа дар саҳнаи Маскав: ҳунарнамоии сермухлиси овозхони тоҷик

"Ин ба мо имконият медиҳад, ки озмоиш кунем оҳангҳоеро эҷод кунем, ки одамонро набарад ва ё онҳоро насӯзонад, балки дилҳои онҳоро бо ҳам пайванд кунад, то якдигарро эҳсос кунанд: тоҷики имрӯза чӣ арзишҳоеро дорад, аз чӣ эҳсоси шодӣ мекунад ва ин ҳаётро чингуна эҳсос мекунад", — мегӯяд ҳунарманд.

Ба гуфтаи вай, тоҷикон ҳар ҷое набошанд, бо Тоҷикистон пайванд доранд, аммо арзишҳоеро низ азхуд мекунанд, ки хоси дигар халқиятҳоянд. Ингуна мухлис омода аст, ки намудҳои нави мусиқиро гӯш кунад. Барои ҳунарманд муҳим аст, ки мухлиси вай ҳама намуди муисиқии ӯро гӯш карда тавонад.

Аҷиб аст, ки барои чӣ Далер Назарови машҳур унвон надорад. Аммо ба ин инсони хирадманд нигариста, ба хулоса меоӣ, ки ба вай унвон лозим нест. Ӯ ошиқи мусиқӣ ва кишвари худ аст — ин ҳарду барои Далер Назаров кифоя аст.

Лентаи хабарҳо
0