09:20 25 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Муин Бачонаев

Падари Муин дар бораи ҳайраташ дар таваллудхона: мижгонҳояш аз аввал дароз буданд

© instagram / muinbachonaev
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
339 0 0

Абрӯвону мижгонҳои дарозу сиёҳ писаракро на танҳо дар Русия ба ҳама ошно кард, балки аксҳои вай дар Бритониё низ мунташир шудаанд

ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Муин Баҷонаев – писараки 11-солаи тоҷик ҷаҳониёнро бо мижгонҳои дарозаш  мафтун кардааст. Дар бораи ин писараки беҳамтои тоҷик ҳатто  рӯзномаи “Daily Mail”-и Бритониё  навиштааст.

Муин 11-сола аст ва дар соли 2010 хонаводааш аз Тоҷикистон  ба Маскав кӯчидаанд. Муин дар академияи “Спартак”  футболбозӣ мекунад ва мехоҳад бозингари беҳтарин шавад.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от Муин Бачонаев (@muinbachonaev)

Ӯ писараки  оддиест, аммо мижгонҳои дароз ва абрӯвони аҷибаш лоиқи ворид шудан ба Китоби рекордҳои Гинесс мебошанд. Ҳоло дарозии мижгонҳои Муин  4,3 сантиметрро ташкил карда, то рафт дароз мешаванд.

Худи писарак мегӯяд, ки бо доштани ин ҳама хосиятҳои зоҳирии ғайриоддӣ худро хуб ҳис мекунад, дар худ чизи зиёдатиеро намебинад ва мехоҳад, ки касе ба миҷгонҳои дарози вай аҳамият надиҳад.

“Ман ҳам мисли дигарон зиндагӣ мекунам ва мижгонҳоямро нигоҳубини махсус намекунам. Худро роҳат ҳис мекунам, бо онҳо аллакай одат кардаам”, - мегуяд вай.

Ҳар вақте, ки Муин ба кӯча мебарояд роҳгузарҳо ҳатман ба мижгону абрӯи ӯ менигаранд.

Падари писарбачча Зайдулло Баҷонаев мегӯяд, ки аллакай дар таваллудхона аз мижгонҳои дарози писараш шигифтзада шуд. Онҳо пас аз таваллуд то лабаш мерасиданд.

Волидон аз ин ҳолат ба таҳлука афтода ба пизишкон муроҷиат кардаанд. Табибон сабаби дарозшавии ғайриоддии мижгонҳои писарро дар фаъолияти ғайриоддии омили таъсири ирсияти вай медонанд.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Я в детстве

Публикация от Муин Бачонаев (@muinbachonaev)

“Табибон гуфтанд, ки гени вобаста ба дарозшавии мижгонҳояш бисёр фаъол кор мекунад”, - тавзеҳ дод Зайдулло.

Ба ақидаи мутахассисон, ягон ҳаракати нодуруст ва ё истеъмол доруе ҳангоми ҳомиладории модар шояд боиси мижгондарозии Муин шудааст.  Ҳайратовар он аст, ки дар оилаи Баҷонаевҳо Муин ягона шахси мижгондароз аст.

Волидон мегӯянд, бо ҳамин далел ҳам номи писарашонро Муин номиданд.

Ёдрас мешавем, соҳиби дарозтарин мижгон дар дунё як зани чинӣ мебошад. Дарозии мижгонҳои зан 12,4 см ташкил медиҳад.

 

 

Барчаспҳо:
Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ