Пирӯзии Аниса Собирӣ дар ҷашнвораи синамо дар Ню-Йорк ва намоиши филми тоҷикӣ дар Амрико

© Sputnik / Амир ИсаевВ Душанбе состоялась фотовыставка Анисы Сабири "Знаки Согдианы"
В Душанбе состоялась фотовыставка Анисы Сабири Знаки Согдианы - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пирӯзӣ дар ҷашнвораи синамо дар Ню-Йорк ба коргардони ҷавон имкон медиҳад, ки филми “Нолаи танбӯр”-ро дар Амрико намоиш диҳад

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Коргардони тоҷик Аниса Собирӣ дар ҷашнвораи синамои Imagine This Women’s International Film Festival дар Ню-Йорк соҳиби мукофот гардид.  

Ҳайати доварон ва мунаққидон ба филми “Нолаи танбӯр”-и коргардони ҷавон баҳои баланд доданд ва Аниса дар номинатсияи коргардони беҳтарин пирӯзиро ба даст овард.

Дар ин бора худи Аниса дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст.

Ҷоизаи бадастовардааш ба Аниса имкон медиҳад, ки филми “Нолаи танбӯр”-ро дар Амрико намоиш дода, даромад ба даст орад.

Бояд зикр кард, ки ба Imagine This Women’s International Film Festival 20 коргардони дигар низ кори худро пешкаш карда буданд.

Ҷашнвора ҳамасола бо мақсади дастгирии занони ҳунарманд баргузор карда мешавад.

Ҳайати доваронро коргардонҳо, мунаққидон ва филмсозҳои амрикоӣ намояндагӣ мекарданд. Барномаи фестивал аз якчанд номинатсия: беҳатрин филми кутоҳ, беҳтарин кори операторӣ, коргардони беҳтарин, беҳтарин филми мазҳакавӣ, беҳтарин филми ҳуҷҷатӣ ва беҳтарин аниматсия иборат буд.

Нахустнамоиши филми “Нолаи танбӯр” 8 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад ва баъди дар кинотеатри “Кайҳон” намоиш дода мешавад.

Ёдовар мешавем, Аниса Собирӣ чанде пеш гуфта буд, ки филми ӯ дар ҷашнвораи Пуссании Куриёи Ҷанубӣ низ намоиш дода мешавад.

Лентаи хабарҳо
0