07:47 22 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.72
  • RUB0.14
Женская сборная Таджикистана по футболу , архивное фото

Дастаи мунтахаби бонувони тоҷик дар Чемпионати Осиёи Марказӣ-2018 иштирок мекунад

© Национальный олимпийский комитет Республики Таджикистан
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
26 0 0

Дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ-2018, ки аз 23 ноябр то 1 декабр дар Тошканд баргкзор мегардад, дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон ширкат мекунад

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik.  Аз  23 ноябр то 1 декабри соли равон дар шаҳри Тошканд Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ-2018 (CAFA) доир мегардад, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Дар чемпионати мазкур  дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол бо роҳбарии сармураббӣ Сулаймон Бобокалонов ширкат мекунад.

Дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ-2018  5 дастаи бонувон аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон, Афғонистон ва Эрон иштирок намуда, байни ҳам рақобат мекунанд.

Аз рӯи низомнома, чемпионати CAFA миёни бонувон тибқи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор шуда, ғолиб дастае интихоб мегардад, ки холи бештар ба даст меорад.

Бояд ёдовар шуд, ки чанде пеш дар шаҳри Тошканд чемпионати CAFA миёни наврасони то 16-сола баргузор шуд ва дар он Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҷои сеюмро ишғол карда буд.

 

Барчаспҳо:
дастаи мунтахаби Тоҷикистон, бонувон, футбол, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ