14:08 16 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
ОАО Сангтудинская ГЭС-1 оказало благотворительную помощь, приуроченную к Международному дню пожилых людей

Кумакҳои башардӯстонаи 57 кишвари дунё ба Тоҷикистон

© пресс-служба "Сангтудинская ГЭС-1"
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
111 0 0

Тайи 10 моҳи соли ҷорӣ 57 кишвари дунё ба Тоҷикистон кумакҳои башардӯстона ироа карданд

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Дар давоми 10 моҳи соли ҷорӣ 57  кишвари хориҷӣ ба Тоҷикистон бо арзиши ҳудуди 39 миллион доллар кумакҳои башардӯстона ироа кардаанд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Манбаъ афзудааст, ки Ҳиндустон кумакдиҳандаи аслии Тоҷикистон дар заминаи инсондӯстӣ мебошад. 16,2 дарсади кумаки башардӯстона, ки Тоҷикистон дарёфт кард, саҳми Ҳиндустон ва 15,6 дарсади дигар саҳми Русия мебошад.

Баъди Ҳиндустону Русия Шветсария 11,2 ва Чин 11,1 дарсад ба Тоҷикистон  кумакҳои башардӯстона расонидаанд.

Ҳаҷми кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта тақрибан 2 баробар коҳиш ёфтааст. Дар моҳҳои январ-октябри соли гузашта Тоҷикистон бо арзиши  беш аз 65,1 миллион доллар кумаки инсондӯстона дарёфт карда буд. Ин дар ҳоле буд, ки шумори кишварҳои кумакдиҳанда соли гузашта 51-то, яъне дар муқойиса бо соли ҷорӣ камтар буд.

Соли гузашта беш аз нимаи кумаки инсондӯстона ба Тоҷикистонро Чин (33,6 дарсад) ва Русия (19,2 дарсад) ироа карда буданд.

Барчаспҳо:
кумак, Русия, Ҳиндустон, башардӯстона, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ