14:16 16 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Рукопожатие, архивное фото

Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо масоили сиёсӣ ва ҳуқуқи инсонро баррасӣ намуданд

© Sputnik
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
26 0 0

Ҳайати намояндагони кишвар дар ҷаласаи ҳафтуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо штркат намуда масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ, ҳуқуқи инсон, инчунин мавзӯъҳои байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Брюссел 22 ноябри соли 2018 ҳайати намояндагони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи ҳафтуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурӣ ва Иттиҳоди Аврупо ширкат варзиданд, иттилоъ додааст хабаргузории “Ховар”.

Манбаъ афзудааст, ки ҷониби Иттиҳоди Аврупоро Вазири федералии Аврупо, ҳамгироӣ ва корҳои хориҷии Австрия Карин Кнайсл, ҳамчун намояндаи кишвари раисикунандаи Иттиҳоди Аврупо роҳбарӣ кард.

Рӯзномаи нишаст баррасии ҷанбаҳои калидии шарикӣ ва ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ, ҳуқуқи инсон, инчунин мавзӯъҳои байналмилалӣ ва минтақавиро фаро гирифтааст.

Зимни ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин роҳу воситаҳои тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судмандро муҳокима намуданд. Самтҳои асосии ҳамкорӣ, вазъи равобити тиҷоратӣ-иқтисодӣ, мавзӯи об ва энергетика, амнияти сарҳадӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, инчунин ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва масоили байналмилалӣ матраҳ гардиданд.

Пас аз анҷоми ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ нишасти матбуотӣ бо иштироки роҳбарони ҳайатҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо сурат гирифтааст. Дар нишасти матбуотӣ ҷонибҳо аз натиҷаҳои ҷаласаи барпошуда ибрози қаноатмандӣ намуда, барои идома додани муколамаи созанда манфиатдории худро таъйид карданд.

 

Барчаспҳо:
ҳуқуқ, сиёсӣ, Иттиҳоди Аврупо, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ