Оҳангсози ҷавони тоҷик дар озмуни байналмилалӣ пирӯз шуд

CC0 / Pixabay / Ноты на клавишах фортепиано, архивное фото
Ноты на клавишах фортепиано, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Соҳибҷон шогирди яке аз композиторони маъруф, Раиси Иттифоқи композиторони кишвари Краснодар, Арбоби ҳунари Русия профессор Чернявский Владимир Андреевич мебошад

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Оҳангсози ҷавони тоҷик Соҳибҷон Ҳасанов дар Фестивал - озмуни V - уми байналмилалии "Зебогӣ ва ҳамоҳангӣ дар эҷодиёт" дар Русия пирӯз шуд, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, Ҳасанов хатмкунандаи Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев буда, айни ҳол тибқи бурсияи таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши сеюми факултаи композитории Донишкадаи давлатии фарҳанги шаҳри Краснодар таҳсил менамояд. 

"Соҳибҷон шогирди яке аз композиторони маъруф, Раиси Иттифоқи композиторони кишвари Краснодар, Арбоби ҳунари Русия профессор Чернявский Владимир Андреевич мебошад", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Мақсад аз баргузории Фестивал-озмуни мазкур тавсеаи ҳамкориҳои гуногунрангии фарҳангӣ байни миллатҳо, мусоидат баҳри ташаккули истеъдодҳо ва рушди фарҳанги навоварӣ, инчунин омӯзиши самтҳои нави малакаи бадеӣ-эҷодии композиторони ҷавон ва навозандагону гуруҳҳои эҷодӣ- касбӣ арзёбӣ мегардад.

Ҳакамон маҳорату истеъдоди иштирокчиёнро аз рўи номинатсияҳои санъати овозхонӣ, санъати иҷрокунандагӣ, санъати рақс, санъати рассомӣ, санъати эстрадаю сирк ва Озмуни "Композитори ҷавон" (аз рўи сину сол) баҳогузорӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0