Тӯҳфаи Маҳмадшоева пас аз консерти баҳсбарангез: Ҷонибек ва Зулайхо дуэт хонданд

© SputnikС концерта таджикской певицы Зулайхо Махмадшоевой
С концерта таджикской певицы Зулайхо Махмадшоевой - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи Ҷонибек Муродов, сарояндаҳо ин сурудро бахшида ба Рӯзи байналмилалии ошиқон омода кардаанд

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Сарояндаҳои тоҷик Ҷонибек Муродов ва Зулайхо Маҳмадшоева таронаеро бо номи "Юсуф ва Зулайхо" омода намуда, ба қавли хадашон ба ошиқон тақдим кардаанд.

Ҷонибек Муродов дар Фейсбук пештар хабар дода буд, ки бахшида ба Рӯзи ошиқон як таронаи навро, ки бо Зулайхо Маҳмадшоева ҳамсароӣ кардааст, мунташир мекунад.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от Zulaykho Mahmadshoeva (@zulaykhoofficial)

Маҳмадшоева низ дар саҳифаи Инстаграм хабар дод, ки ин тарона ба мухлисонаш "тӯҳфаи идона ба Рӯзи ошиқон аст".

Ёдрас мешавем, охирҳои моҳи декабри соли 2018 Маҳмадшоева бо сафари ҳунарӣ ба Маскав омада буд. Ӯ дар рафти як баромадаш, дар пайи нофаҳмӣ бо ташкилкунандагон тарки консерт кард ва боиси баҳсу интиқоди мухлисонаш гардид.

Дертар Зулайхо бо нашри як изҳорот дар саҳифаи расмияш дар Инстаграм гуфт, нофаҳмӣ дар консерти шаби 27-уми декабр дар яке аз тарабхонаҳои Маскав натиҷаи фиребкории ташкилкунандагони он буд ва тақозо намуд, ки онҳо зарари мухлисонро ҷуброн кунанд.

Лентаи хабарҳо
0