Меҳрона Ғайбуллоева ба "Ты супер!" бармегардад ва дар Кремл ҳунарнамоӣ мекунад

© Mikhail ZilberУчастница вокального конкурса "Ты супер!" из Таджикистана Мехрона Гайбуллоева
Участница вокального конкурса Ты супер! из Таджикистана Мехрона Гайбуллоева - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкаткунандаи давраи дувуми озмуни "Ту беҳтаринӣ!" Меҳрона Ғайбуллоева ба барнома бармегардад. Озмун аз консерти бузурге дар Кремл оғоз мешавад

ДУШАНБЕ, 22 фев - Sputnik. Телевизиони НТВ ва оҷонсии Sputnik аз оғози даври сеюми озмуни байналмилалии "Ты супер!" (Ту беҳтаринӣ!) барои кӯдакони ятим эълон мекунад.

Давраи нави озмун 5 март аз консерти бузурги хайриявӣ дар Қасри Кремл оғоз мешавад. Дар он иштирокдорони давраҳои гузаштаву нави озмун ҳунарнамоӣ мекунанд.

Якҷо бо кӯдакон ҳунармандоне чун Игор Крутой, Ёлка, Стас Пеха, Диана Арбенина, Владимир Пресняков, Зара, Алсу ва дигарон ба саҳна хоҳанд баромад.

Мехрона Гайбуллоева, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ барои Меҳрона кумакпулӣ таъин кард

Тамоми маблағи бадастовардашуда ба фонди хайриявии "Ты супер!" равона мешавад.

Иштирокдорони давраи севуми "Ту беҳтаринӣ!"

Фарқи муҳими давраи севуми озмун дар он аст, ки дар он на танҳо 21 давталаби нав иштирок мекунанд, балки 36 довталаби дигар аз давраҳои гузашта низ ҷалб карда мешавад.

Аз ҷумла аз Тоҷикистон ба Маскав овозхони ҷавон ва боистеъдод Меҳрона Ғайбуллоева сафар мекунад, ки дар давраи гузашта то нимфиналӣ расида буд.

Меҳрона феълан колеҷи мусиқиро хатм кардааст. Ба ӯ оҷонсии Sputnik ва раиси шаҳри Душанбе стипендия ҷудо кардаанд.

Озмуни "ту беҳтаринӣ!"  аз ҷониби телевизиони НТВ ва оҷонсии байналмилалии иттилоотии Sputnik бо сарпарастии Вазорати маорифи Русия баргузор мешавад. Дар он танҳо кӯдакони ятим ва ба фарзандӣ қабулшуда ҳаққи иштирок карданро доранд.

Лентаи хабарҳо
0