10:52 19 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Пианист Самир Абдуразаков

Тоҷик буданашро нагуфтанд: ранҷиши корбарону посухи падари Самир ва шабакаи аввали Русия

© Nissor Abdourazakov
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
335010

Самир Абдураззоқов - пианинонавози хурдсол, вале аллакай номии тоҷик дар барномаи "Лучше всех!" ҳунарнамоӣ кард. Тоҷиконе, ки аз ишора нашудани ватани Самир нигарон буданд, зери наворҳо вокуниши шадиде нишон доданд. Падари Самир гуфт, ки ба вай ҳам каме алам кард. Шабакаи аввали Русия мегӯяд, вақти монтажи барнома "ба ин паҳлӯҳо аҳамият намедиҳанд"

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Самир Абдураззоқов - пианинонавози хурдсоли тоҷик ҳамагӣ даҳ сол дорад, аммо истеъдоду заковаташ ӯро дар гӯшаҳои гуногуни дунё машҳур кардааст.

Хабари ҳунарнамоии Самир дар барномаи "Лучше всех!"-и ҳунарманди номии Русия Максим Галкин ҳанӯз  ҳафтае пеш аз барнома аз саҳифа ба саҳифаи Фейсбук бознашр мешуду корбарони тоҷик интизори барнома буданд.

Самир ҳунари фавқуллодаашро бори дигар дар "Лучше всех!" исбот кард. Барои ҳунар ва заковаташ ҳазорҳо нафар таҳсину офарин гуфтанд. Аммо пайдо шуданд нафароне, ки нигарон буданд: "чаро аз тоҷик будани Самири ҳунарманд ҳарфе гуфта нашуд?". Самирро ровӣ аз Шветсия гӯён муаррифӣ кард.

Зрители удивились, что участники шоу Лучше всех не упомянули о родном Таджикистане
Facebook
Зрители удивились, что участники шоу "Лучше всех" не упомянули о родном Таджикистане

Бархеҳо нигарон буданд, ки номи Тоҷикистон дар ҷое ёд нашуд, ҳатто нафароне пайдо шуданд, ки Ниссор Абдураззоқовро "таъна" мекарданд, ки номи Тоҷикистонро нагирифт ва аз Тошканду Шветсия гуфт.

"Нисор ҳатто номи Тоҷикистонро нагирифт. Аз Тошканд ва Шветсия гуфт! Онҳо худро тоҷик намегӯянд, ватани онҳо акнун дигар аст, Самир ҳам дар он ҷо (Шветсия) таваллуд шудааст", - навиштааст як корбари дигар.

Ниссор Абдураззоқов баъди барнома дар саҳифаи Фейсбук навишт, ки дар асл дар барнома сухан аз Тоҷикистон зиёд буд, аммо бурида шуд.

Sputnik Тоҷикистон бо падари Самир сӯҳбат кард ва пурсон шуд, ки дар асл барнома чигуна сабт шуд. Абдураззоқов гуфт, "ба вай ҳам каме алам кард".

"Самир як рӯз пеш аз барнома дар Гамбург ҳунарнамоӣ дошт. Сипас рост ба ҳавопаймо нишаста, ба Маскав парвоз кардем. Ба Русия саоти 3-и шаб расидем. 4-5 соат хоб карда, ба машқ рафтем. Самир хуб баромад кард. Тамоми барномаро дар як бор сабт карданд", - нақл мекунад вай.

"Рӯзноманигорони "Лучше всех!" худашон моро пайдо карданд. Билет хариданд. Дар фурудгоҳ пешвоз гирифтанд. Дараҷаи ташкилиашон олӣ буд. Ҳаммааш хуб гузашт, ман иддаое надорам", - афзуд вай.

Аммо Абдураззоқов низ изҳори таассуф мекунад, ки қисаматеро, ки аз Тоҷикистон гуфта буданд, бурида шуд.

"Агар росташро гӯям, камтар аламовар буд, дар натиҷаи барнома тоҷик будани Самир ёдрас намешавад. Ӯ  ҳатто дар Шветсия таваллуд шуда бошад ҳам, доим Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад. Худи барнома ҳам барои тамошобинон аз собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аст. Касе дар Шветсия ин барномаро тамошо намекунад", - мегӯяд вай.

"Ман хело  мехостам, ки  дар барнома қисмате монад, ки Самир худро тоҷик мегӯяд. Ману ҳамсарам дар Тоҷикистон таваллуд шудаем. Волидонам дар Тоҷикистон ҳунармандони номианд. Ҳар ҷое ки Самир ҳунарнамоӣ мекунад, ман талаб мекунам, ки ӯ на танҳо Шветсия, балки Тоҷикистонро низ муаррифӣ мекунад. Ӯ дар шиноснома шаҳрванди Шветсия аст. Ман мехоҳам, ки шиносномаи Тоҷикистонро низ соҳиб шавад. Касе аз ин тарафи масъала огоҳ аст, маро мефаҳмад", - таъкид мекунад Ниссор.

Дар сабт дар бораи Тоҷикистон мо зиёд гуфта будем.

Ба гуфтаи Абдураззоқов, Максим бо Самир сӯҳбати тӯлоние дошт. Пурсид, ки Самир худро кӣ меҳисобад - тоҷик, рус ё швед. Самир, гуфт, ки албатта тоҷик меҳисобад. Пурсид, ки оё ба Тоҷикистон боре сафар кардааст.

"Сабти барнома қариб як соат давом кард, аз тамоми ин танҳо 11 дақиқааш ба эфир баромад. Албатта ман ҳайрон шудам, ки чаро чизе аз ин гуфтаҳо ба эфир набаромад. Аммо домони касе намегирам, ки чаро ин тавр шуд", - афзуд Ниссор Абдураззоқов.

Ба Sputnik Тоҷикистон даст дод, ки бо ташкилкунандагони барномаи "Лучше всех!" дар ин бора сӯҳбат кунад.

"Вақти монтажи барнома мо ба дигар паҳлӯҳо аҳамият медиҳем. Барнома дар як соат ба навор гирифта мешавад, аммо аз ин танҳо 15 дақиқааш намоиш дода мешавад, дигараш паси парда мемонад", - мегӯянд намояндагони шабакаи аввали Русия.

Хонаводаи фарҳангии Абдураззоқовҳо

Волидони Самир ва бобову бибиаш аз хонаводаи фарҳангӣ мебошанд.

Ҳабибулло Абдураззоқов - ҳунарманди номии шӯравӣ ва ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон аст. Ӯ чун коргардон беш аз 50 филм ба навор гирифтааст.

Ҳамсараш Шарофат Рашидова - Ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон, устоди рақс аст ва замоне дар ҳайъати "Лола" рақс кардааст.

Падари Самир ҳаёти худро ба мусиқӣ бахштдааст. Ҳоло дар Шветсия мактаби мусиқии худро дорад.

Модари Самир, Таҳмина раққосаи яке аз ансамблҳои номии Тоҷикистон буд. Ҳоло ӯ низ устоди рақс аст.

Мавзӯъҳои асосӣ