15:20 19 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Мехрона Гайбуллоева

Муҳаббаташро пайдо кард, аз коллеҷ хориҷ ва бо холааш оштӣ шуд: Меҳрона баъди як сол

© Sputnik
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
367310

Меҳрона Ғайбуллоева, ки соли гузашта пас аз ширкаташ дар озмуни "Ты супер!" шинохта шуд, имсол ҳам ба саҳнаи озмун мебарояд. Овозхони ҷавон ба Sputnik Тоҷикистон нақл кард, ки дар як сол дар ҳаёташ чӣ тағйиротҳое ба амал омаданд

ДУШАНБЕ, 1 мар - Sputnik, Лев Рыжков. Моҳи март дар Маскав мавсими нави озмуни мусиқии "Ты супер!" - "Ту беҳтаринӣ!" оғоз мешавад, ки телевизиони НТВ ва оҷонсии иттилоотии Sputnik баргузор мекунанд.

Тоҷикистонро имсол низ Меҳрона Ғайбуллоеваи 18-сола намояндагӣ мекунад, ки соли гузашта дар озмун ширкат карда буд.

Spurtnik бо Меҳрона сӯҳбат кард ва пурсон шуд, ки дар як сол дар ҳаёташ чӣ тағйиротҳое рух доданд ва оё мушкилиҳое, ки дошт ҳалли худро пайдо карданд ё не.

Дар мавсими нави озмун бори аввал ба кӯдаконе, ки пештар низ дар "Ту беҳтаринӣ!" иштирок карда буданд, имконият дода шуд, то маҳорати худро бори дигар нишон диҳанд.

 Меҳрона дар шаш ҷо кор мекунад

Меҳрона Ғайбуллоева шояд аз ҳама хандонтарин духтари лоиҳаи "Ту беҳтаринӣ!" бошад. Ӯ бо ҳама забон ёфта метавонад ва сӯҳбаторост. Маълум аст, ки ӯ аз ширкати дуборааш дар озмун шод аст.

"Ман барои дидор бо дӯстона ба ин ҷо омадам. Умед дорам, ки ин мавсим аз мавсимҳои гузашта беҳтар мешавад".

Пас иштирок дар "Ту беҳтаринӣ!" ҳаёти Меҳрона тағйир ёфт. Ӯро вақти бозгашт бо эҳтиром пешвоз гирифтанд. Ҳатто мухлисони худро пайдо кард.

"Албатта, ман хуро як ситораи хурдакак ҳис мекунам, - мегӯяд Ғайбуллоева. Гоҳо ман чунин вонамуд мекунам, ки ситора ҳастам. Лекин, албатта, на ҳама вақт. Акнун маро зуд-зуд барои ҳунарнамоӣ ба чорабиниҳо даъват мекунанд. Бештари онҳоро қабул мекунам, аммо баъзан ин пешниҳодҳоро рад мекунам. Зеро вақт надорам, кор мекунам".

"Ман дар шаш тарабхона овозхон шуда кор мекунам. Дар ҳар яке нимсоатӣ дар як рӯз ҳунарнамоӣ мекунам. Маҷбурам. Зеро то ҳол иҷоранишинам ва барои хона харидан маблағ ҷамъ меоварам", - мегӯяд вай.

Меҳрона беақлӣ кард, аммо холааш ӯро бахшид

Меҳрона бо холааш, ки модар мегӯяд, оштӣ кард.

"Ман фаҳмидам, ки дар бештари нофаҳмиҳо худам гунаҳкор будам. Таассуф мехӯрам, ки бо модарам 3 сол ногапӣ будам. Ӯ маро тарбия кардааст. Хело хурсандам, ки мо оштӣ кардем. Модарам маро бахшид ва ман ҳам ӯро бахшидам. Ӯ маро дӯст медорад, ман ҳам ӯро. Ман беақлии зиёде карда будам ва пушаймонам. Ҳоло мисли дугонаем. Бале! Ман аз ӯ чизеро пинҳон намекунам. Ӯ дӯстдоштаи маро мешиносад ва хуб қабул кард", - меафзояд Меҳрона.

Ҷавони дӯстдоштаи Меҳрона Мурод ном дорад. Ӯ дар Санкт-Петербург зиндагӣ ва кор мекунад.

"Афзун бар ин, ки ман муҳаббати худро пайдо кардам, маро аз коллеҷ хориҷ карданд, - мегӯяд Меҳрона. - Умедворам, ки имсол барқарор мешавам. Шояд хаста шудам. Аммо барои истироҳат вақт надорам. Бояд кор кунам".

Ёдрас мешавем, Меҳрона соли гузашта дар озмуни "Ту беҳтаринӣ!" то давраи нимниҳоӣ роҳ ёфта буд. Пас аз озмун ӯро дар Душанбе хуш қабул карданд вай ба коллеҷи санъат дохил шуд ва аз ҷониби вазорати фарҳанг қадрдонӣ гашт. Афзун бар ин, раиси пойтахт барояш стипендия ҷудо кард.

Мавзӯъҳои асосӣ