19:45 17 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Далер Назаров, архивное фото

Далер Назаров Наврӯзро бо тоҷикистониёни Русия якҷо таҷлил мекунад

© Facebook / Daler Nazarov studio
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
961 0 0

Ҳунарманди маъруфи тоҷик моҳи март, дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар ду шаҳри бузурги Русия консерт медиҳад

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Далер Назаров, ҳунарманди номии тоҷик дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз дар Русия ҳунарманоӣ мекунад. Дар ин бора дар саҳифаи расмии ҳунарманд дар Фейсбук хабар дода мешавад.

Консерти Назаров дар ду шаҳри бузурги Русия - Маскав, 22 март ва Екатеринбург, 19 март баргузор хоҳад шуд.

"Ба наздикӣ дар бораи консерт маълумоти бештаре хоҳем дод. Барои таҷлили Наврӯз якҷо бо мо омода шавед", - гуфта мешавад дар эълони саҳифаи Daler Nazarov studio.

Дар ҳамин ҳол, ҳунарманди дигари тоҷик, Ҷонибек Муродов низ хабар додааст, ки Наврӯзро дар Лондон таҷлил мекунад.

Консерти ин ҳунарманди тоҷик рӯзи 23 март дар меҳмонхонаи Royal Garden Hotel баргузор мешудааст.

Ҷашни Наврӯз яке аз идҳоест, ки дар Тоҷикистон ва бурун аз он ботанатана таҷлил карда мешавад. Имсол тоҷикистониён дар ин ҷашн 6 рӯзи истироҳатӣ доранд. Тантанаҳои асосии наврӯзӣ дар шаҳри Норак баргузор хоҳад шуд.

Дар Маскав низ ҳамасола Наврӯз бо шаҳомати хос таҷлил карда мешавад. Тоҷикону узбакон, тоторҳову қирғизҳо ва дигар халқиятҳое, ки ин ҷашнро таҷлил мекунанд, дар ВДНХ маросими идона ороста, намоишгоҳ, консерт баргузор мекунанд ва хӯрокҳои миллӣ пешниҳод мекунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ