20:18 20 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Давлат Худоназаров

"Ман тоҷикам, тоҷики помириам": Давлат Худоназаров 75-сола шуд

© Sputnik / Расул Шодиев
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
80820

Худоназаров дар хонаводаи зиёӣ - омӯзгор таваллуд шудааст. Модараш омӯзгор, падараш мудири мактаб буданд. Давлат низ омӯзгор шуд, аммо на дар мактаб. Ӯ дар филмҳои офаридааш, ки ба зудӣ дар дили мардум ҷо гирифтаанд, дарси ҳаёт мегуфт. Дертар Худоназаров ба майдони сиёсат омад

ДУШАНБЕ, 13 мар – Sputnik. Давлат Худоназаров -коргардони советӣ, сиёсатмадор ва ходими ҷамъиятӣ, Ҳунаманди мардумии ҶШС Тоҷикистони имрӯз, 13 март 75-сола шуд.

Худоназаров соли 1944 дар шаҳри Хоруғ, дар хонаводаи зиёӣ таваллуд шудааст. Модараш муаллими синфҳои ибтидоӣ ва падараш мудири мактаб буданд.

Хатмкардаи факултаи оператории ВГИК, Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи С. А. Герасимови Маскав мебошад. Фаъолияташро дар "Тоҷикфилм" оғоз карда, дар соли 1986 котиби аввали Шӯрои кинематографони ИҶШС Тоҷикистон интихоб шудааст. Аз ин пас, фаъолияти сиёсии Худоназаров оғоз мешавад. Ӯ соли 1989 дар интихоботи вакили мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ аз ноҳияи Шуғнон пирӯз мегардад. Тобистони соли 1990 коргардони тоҷикро раиси Федератсияи Иттиҳоди конематографистони СССР интихоб мекунанд.

Худоназаров дар аввалин интихоботи президентии Тоҷикистон иштирок намуда, 24 ноябри соли 1991 30 дарсад овоз мегирад. Дар натиҷа ҳарифаш Раҳмон Набиев пирӯз мешавад.

Вай соли 1993, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба Амрико даъват мешавад ва соли 1995 ба Русия бармегардад. Ӯ дар Маскав истиқомат ва фаъолияти иҷтимоиашро давом медиҳад. Худоназаров ба гурезаҳои Тоҷикистону Афғонистон дасти ёрӣ дароз мекунад. Аввалҳои соли 2000 ба сиёсат бармегардад ва раиси шӯъбаи ҳизби "Союз людей за образование и науку" дар Маскав интихоб мешавад.

Ҳамсраш вакил ва фаъоли иҷтимоии номӣ Гавҳар Ҷӯраева аст. Онҳо соҳиби ду писаранд.

Худоназаров соли 1971 ба ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ барои филми "Достони Рустам" сазовор дониста шудааст.

Ёдрас мешавем, зимистони соли равон Давлат Худоназаров бо рӯзноманигори Sputnik Тоҷикистон мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом дода буд. Ӯ дар мусоҳиба аз зодгоҳ, забон, анъана ва Тоҷикистон гуфта буд. Давлат Худоназаров махсус таъкид намуда буд, ки худро тоҷик мешудморад. Тоҷики помирӣ.

"Миллати ман тоҷик аст, гузаштагонам низ худро тоҷик мегуфтанд. Ҳоло ҳамшаҳриҳои ман худро помирӣ мегӯянд. Дар даврони кӯдакиям касе худро помирӣ намегуфт, мо тоҷикони пимирием, ки бо забонҳои гуногуни хеш гуфтугӯ мекунем. Дар қадим дар тамоми Осиёи Марказӣ бо ин забонҳо гап мезаданд, аммо соҳибони онҳо аз ҷониби истилогарон маҳдуд шуда, забонҳо ассимилатсия ва дар натиҷа нобуд шуданд", - таъкид карда буд вай.

Мавзӯъҳои асосӣ