Сипосномаи ҳизби президент ба Қадами Қурбон ва тавсифҳо аз ҳунараш: услуби хос дорад-Видео

© саҳифаи расмии овозхон Ҷонибек МуродовОвозхон Қадами Қурбон ҳангоми сабти нахустин клип бо имиҷи нав
Овозхон Қадами Қурбон ҳангоми сабти нахустин клип бо имиҷи нав - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки раисаш президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ба ҳунарманд Қадами Қурбон дар маросими расмие "Сипоснома" додааст. Намояндаи ҳизб таъкид мекунад, ки овозхон услуби хоси худро дорад ва хоксор аст

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Намояндагони Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон чанде пеш дар маросими расмие дар шаҳри Кӯлоб ба ҳунарманд Қадами Қурбон "Сипоснома" додааанд.

Навори супоридани сипоснома дар Ютуб 29 март нашр шуда, эҳтимол меравад он баъди нашр шудани аввалин намоҳанги Қадами Қурбон баргузор шудааст.

Намояндаи ҲХДТ аз ҳунар ва хоксории Қадами Қурбон тавсиф мекунад, ки ӯро шӯҳратманд кардааст. 

"Баъзан ситораҳое ҳастанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо гирифтани  70-80 ҳазор "лайк" дигар назарашон заминро намегирад. Аммо ҳамин як ҳофизи маҳбуби халқие, ки тавонист дар тӯли 10 соат 700 ҳазор лайк (манзур аз намоҳанги нав ва боздид - идора) гирад, бо ҳамин хоксории худ фарқ мекунад", - изҳор медорад вай.

Қадами Қурбон шахси ватандӯстанд, услуби хоси сарояндагӣ доранд ва бо дили соф маъракаҳоро гарм мекунанд, афзудааст намояндаи ҳизб. 

"Ҳамин тавр, ба Қурбонов Қадаммурод барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ тарғибу ташвиқи ғояҳои ватанпарастӣ ва арҷ гузоштану эҳтиром намудан ба оинномаву барномаҳои ҲХДТ ҳамин сипоснома сарфароз гардонида мешавад", - эълом кард ӯ.

Ин аввалин чорабинии расмие будааст, ки Қадами Қурбон иштирок мекунад.

Лентаи хабарҳо
0