16:01 16 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Концерт посвященный алмазному юбилею Ага-Хана IV в ГЦКЗ Россия

Завқибеков дар бораи ҷоизагирӣ аз дасти Оқохони IV: ин ифтихори бузург аст

Sputnik / Стас Этвеш
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
209840

Иқбол Завқибеков, навозандаи гуӯҳи "Шамс" ва писари марҳум Гурминҷ Завқибеков чанде пеш аз дасти волоҳазрат Оқохони IV ҷоиза гирифт.

ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik, Нилуфар Некқадам. Дар ҳошияи консерти гурӯҳи "Шамс" дар Маскав, хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, бо навозандаи тоҷик, яке аз бунёдгузорони гурӯҳи "Шамс" Иқбол Завқибеков дар бораи Ҷоизаи Оқохон суҳбат кард.

Ҷоизаи Оқохон дар риштаи мусиқиро 10 баранда дар 6 бахш, аз ҷумла Осорхонаи Гурминҷ Завқибеков дар шаҳри Душанбе соҳиб шуданд .

Завқибеков гуфт гарчанде борҳо дар маросимҳои мазҳабӣ ва ҷашнӣ дар назди волоҳазрат Оқохони IV ҳунарнамоӣ кардаанд, вале ба чунин наздикӣ ӯро бори аввал дидор кардааст. 

"Пеш аз ҷоизагирӣ дар паси саҳна маро ҳаяҷон фаро гирифта буд. Фикр кардам, ки наметавонам дар як саҳна бо волоҳазрат бошам. Вале замоне номамро хонда даъват карданд, ман ба саҳна баромадаму он лаҳзаҳо чунон тез гузаштанд, ки дигар хабар нашудам. Он эҳсосотро бо сухан гуфта намешавад",-изҳор дошт Завқибеков дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфти Иқбол соҳиби чунин ҷоиза шудан, ифтихори бузург аст. Ва дар остонаи 90-солагии ҳунарманди марҳум Гурминҷ Завқибеков ва 30-солагии таъсисёбии Осорхонаи ба номи ин шахсият, гирифтани ҷоиза, дучанд хуш ва размӣ мебошад.

"Падарам асбобҳои мусиқиро дар ҷавонӣ аз ҳар гӯшаю канори Тоҷикистон ҷамъоврӣ мекард. Соли 1989 онҳо ҳамроҳи модарам қарор доданд, ки аз асбобҳои ҷамъоварда осорхонае ташкил кунанд, то мардум бо олами мусиқии тоҷик ошно шаванд",-гуфт Завқибеков.

Даҳсолаҳо ин осорхона мардуми дохил ва хориҷи кишварро бо олами нотакрори мусиқии мардуми тоҷик ошно мекунад. Гурӯҳҳои номдори "Само", "Шамс", "Ҷирай" ва дигарҳо борҳо дар ин осорхона консерт баргузор кардаанду тарҳҳои гуногунро роҳандозӣ намудаанд.

Иқбол Завқибеков пас аз соҳиби ҷоиза шудан, тасмим дорад, ба осорхона ҷони нав бахшида ҳамроҳ бо Бунёди Оқохон дар риштаи мусиқӣ тарҳҳои нав роҳандозӣ намоянд.

"Мо ҳамроҳ бо Бунёди Оқохон дар осорхона барномаҳои таълимӣ роҳандозӣ хоҳем кард. Ба ҷавонони ҳунарманд кӯмак мекунем, то тавонанд дар арсаи байналмилаллӣ ҳунари тоҷиконро нишон диҳанд",-гуфт Иқбол Завқибеков.

Ҷоизаи Оқохонро дар баробари Иқбол Завқибеков, намояндаҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон соҳиб шуданд.

Ҷоизаи Оқохон ба овозхони нобинои тоҷик аз Узбакистон ва осорхонаи Гурминҷ Завқибеков-акс

Аз ҷумла дар бахшҳои санъати оҳангсозӣ ба Фарангиз Ализода, оҳангсозу пианист аз Озарбойҷон,  дар бахши фаъолияти маърифатӣ ба ансамбли “Омнибус”, гуруҳи мусиқичиҳо аз Тошканд,  дар бахши мушорикати иҷтимоӣ ба оҳангсозу овозхон Бадиа Боруизӣ аз Тунис ҷоиза дода шуд. Ҷоиза дар бахши саҳмгузории бисёрсола дар рушди санъати мусиқиро Уму Сангаре, овозхону оҳангсоз аз Малӣ, Баллаке Сиссоко, оҳангсоз аз Малӣ ва Дориюш Талай, мусиқишинос ва навозандаи тору сетор аз Эрон ба даст овардаанд. Ҷоиза дар бахши иҷроишро Мустафо Саид, овозхон аз Миср соҳиб шуд.

Қаблан Оқохони IV ба суоли маҷаллаи маъруфи “La Cohorte” дар мавриди таъсиси ҷоиза дар умури мусиқӣ гуфт, ба ҳамин восита мехоҳад, дар бораи санъати мусиқии кишварҳои рӯй ба рушд мардуми бештаре дар ҷаҳон огоҳӣ пайдо кунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ