07:14 22 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Нозия Кароматулло вернулась на сцену

"Ду ҳамсадо": консерти Нозия ва Муҳаммадрофеъ дар Хуҷанд

© Youtube / Positive Production
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
359 0 0

Ҳунармандони шинохтаи тоҷик Нозия ва Муҳаммадрофеъ дар шаҳри Хуҷанд ҳунарнамоӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Нозия ва Муҳаммадрофеъи Кароматулло дар шаҳри Хуҷанд ду консерт мегузоранд. Дар ин бора Tamoshow дар саҳифаи Instagram хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ду консерти Нозия ва Муҳаммадрофеъ рӯзи 9 июн дар қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад. 

"Консерт таҳти унвони "Ду ҳамсадо" соатҳои 12:00 ва 16:00 баргузор мешавад",-омадааст дар эълом.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от Tamoshow (@tamoshow)

Ёдовар мешавем, ки Нозия Кароматулло дар панҷ маҳи ахир ду намоҳангашро пешкаши мухлисон кард.

"Дареғ" - суруди нави ҳунарманд 13 апрел дастраси корбарони интернет гардид.

Пештар дар шабакаи Фейсбук мухлисони Нозия дар бораи дар Ҳиндустон ҷоиза гирифтанаш хабар дода буданд.

Акимбеков бо М.One, гурӯҳи Авесто ва Баҳром Ғафурӣ дар Маскав "БАЗМ" меороянд

Намоҳанге, ки моҳи ноябр овозхон ҳамроҳи бародараш Муҳаммадрофеъ Кароматулло пешниҳод кард, "Ишқи рӯҳафзо" яке аз таронаҳои номии падари марҳумашон шодравон Кароматуллои Қурбон буд.

 

 

Мавзӯъҳои асосӣ