13:10 20 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Народний артист Таджикистана Афзалшо Шодиев

Овозаҳои бад шудани вазъи Афзалшоҳу гилаи ӯ аз бадгӯён: дар Душанбе вомехӯрем - Видео

© Sputnik
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
1649 0 0

Ҳунарманд дар бораи овозаҳои бад шудани саломатиаш бо изҳори нигаронӣ гуфт, ки онҳоро баъзе бадгӯён - шахсони бефарҳанг паҳн кардаанд, ки аз "мурдани каси дигар хурсанд мешаванд"

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодоиев  хабар дод, ки вазъи саломатиаш беҳтар гашт ва 24 май аз бемористон дар Олмон мураххасӣ шудаст.

Ӯ дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи Оила гуфт, ки боз 10-15 рӯзи дигар муолиҷааш идома мекуна ва баъди он ба Тоҷикистон бармегардад.

Ҳунарманд дар бораи овозаҳои бад шудани саломатиаш бо изҳори нигаронӣ гуфт, ки онҳоро баъзе бадгӯён - шахсони бефарҳанг паҳн кардаанд, ки аз "мурдани каси дигар хурсанд мешаванд".

"Бадбахтона, дар Тоҷикистони мо баъзе одамони бефарҳанге ҳастанд, ки даҳонашонро баста намешавад. Дар фалон ҷо, фалон кас мурдааст гуфта, аз мурданӣ каси дигар хурсанд мешаванд ва бузургонро бе аҷал мекушанд. Фарҳанги паст, ки доранд, ҳар чизе, ки аз даҳонашон барояд, беибо гуфтан мегиранд", - нигарон шудааст ӯ.

Ҳунарманд таъкид кардааст, ки вазъаш хуб шуду баъди чанде ба Тоҷикистон бармегардад.

Ин дар ҳолест, ки сомонаи "Ахбор" навореро аз таронахонии Шодиев дар Олмон мунташир кардааст.

Ӯ дар навор дар даст гитор чанд сурудашро мехонад ва дар анҷом ба бадгӯёнаш мегӯяд, ки "саломат бошанд".

"То Тоҷикистон ҳаст, то тоҷик ҳаст, суруди Афзалшоҳ ҳаст. Ҳар касе бадие моро мехоҳад дар ин Рамазон, бад гуфтааст, онҳо ҳам саломат бошанд! Ҳеҷ гап не, Худо хоҳад, боз мебиёем, ҳамдигарро мебинем", - афзудааст ҳунарманд.

Ҳунарманди мардумии Тоҷикистонро 8 май дар яке аз бемористонҳои Олмон ҷарроҳӣ карда буданд. Ӯ баъди ҷарроҳӣ дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки бемориаш ногаҳонӣ буд ва тамоми нақшаҳо, аз ҷумла баргузории консерташ дар Хуҷанро барбод дод.

Худи Шодиев баъди ҷарроҳӣ дар як муроҷиати видеоӣ аз мухлисонаш дар Хуҷанд барои лағви консерт узр хост ва гуфт, 25 рӯз мешавад, ки дар яке аз беморхонаҳои Олмон қарор дорад.

Баргузории ин барномаи консертӣ, санаҳои 30 -уми апрел ва 1- уми май дар нақша буд, вале бо сабаби сафари хориҷаи ҳофиз ин ду барномаи консертӣ ба рӯзҳои 11 ва 12 уми май ба таъхир гузошта шуд.

Афзалшоҳ Шодиев яке аз дастпарварони мактаби ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов аст, ки бо сабки хоси худаш маҳбуби мухлисонаш гардид.

Маъруфтарин таронаҳои вай, "Ҷавони рафт", "Самарқанду Бухоро", "Ватан", "Писари азизам омад" "Модар" ва ғайраҳо мебошанд, ки матни бештари онҳо ба шоири маҳбуби тоҷик Лоиқ Шералӣ ва Озарахш тааллуқ доранд.

Ҳунарманд аз соли 2014 роҳбари Филармонияи давлатии Тоҷикистон мебошад.

Мавзӯъҳои асосӣ