18:55 26 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Мужчины с портфелем в руке. Архивное фото

Раиси Хатлон ба аёдати ягона генерал-зани тоҷик Саодат Амиршоева рафт

© Sputnik / Алексей Даничев
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
983 0 0

Саодат Амиршоева ягона генерал аз миёни бонувони Тоҷикистон мебошад

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар остонаи иди саиди фитр ба аёдати собиқадорони меҳнат рафт, хабар медиҳад равобити умумии мақомоти вилояти Хатлон.

"Қурбон Ҳакимзода дар остонаи иди саиди фитр ба аёдати собиқадорони меҳнат-Амиршоева Саодат-ягона генералзан, Вали Сироҷ ва Шафиев Исмоил, ки саҳми худашонро дар таъмини амнияти давлат ва ободии Ватанашон гузоштаанд, рафт".

Ба гузориши манбаъ, раиси вилоят аз ҳоли зиндагии онҳо пурсон шуда, бо онҳо суҳбати гарм намуда, аз ин нафарони рӯзгордида барои пешравии вилоят пешниҳодҳои хуб гирифтааст.

"Ин собиқадорон аз ғамхории Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон хушҳол гашта дуогуи тинҷию амонии Ватани азизашон ҳастанд",-омадааст дар хабарнома.

Саодат Амиршоева ягона генерали тоҷик аз байни занон, чандин сол дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ фаъолият кардааст.

Ӯ 16 сол раёсати идораи адлияи вилояти Хатлонро бар дӯш дошт.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Аз соли 2016 аз парлумон рафту пас аз бознишастагӣ вакили дифоъ шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ