09:45 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.79
  • RUB0.15
Пожилая мусульманка держит за руку своего мужа во время хаджа, архивное фото

Ошиқи Муқаддас Набиева - Нурулло иқрор шуд, ки пас аз 20 сол ҳамсарашро дӯст дошт

© AP / Nariman El-Mofty
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
3038 0 0

Қиссаи ошиқии овозхони нотакрор Муқаддас Набиева ва ҳунарманд Нурулло Абдуллоев замоне пурсадотарин овоза буд. Баъзе "ғайбатчиён" бовар ҳам намекарданд, ки ин овоза асосе дораду ҳамон таронаи ҷонгудози "Нури ман"-ро Муқаддас ба Нурулло бахшидааст. Билохир иқрори актёр пас чанд соли марги Набиева сирҳоро ифшо кард

ДУШАНБЕ, 8 июн – Sputnik. Нурулло Абдуллоев, ҳунарманди номӣ ва ровии барномаи "Беғараз панд" иқрор шуд, ки пас аз 20 соли зиндагӣ ошиқи ҳамсараш Латофатбону Ашӯрова гашт.

Мавзӯи мусоҳибаи ҳунарманд бо рӯзномаи "Оила" муносибатҳои хонаводагиаш аст, ки дар хотир ҳамон овозаҳои замоне ошиқиаш бо ҳунарманди номӣ Муқаддас Набиеваро бедор мекунад.

Абдуллоев дар мусоҳиба аз нақши зан дар зиндагӣ, ҳаёти хонаводагӣ ва ишқи аввалу ишқи ҳақиқиаш гуфтааст.

Ҳунарманд дар ҷое мегӯяд, ки соли 1975 бо ҳамсараш хонадор шуду, имрӯз аз чунин ҳамсар доштанаш "Худоро шукр мегӯяд".

"Латофатбону пуртоқату меҳрубону меҳнатдӯст аст. Пас аз 20 соли хонадорӣ ман ошиқи шайдои  ҳамсарам шудам", - иқрор мешавад вай.

"Дар ёд дорам. Ҳангоми дар синфи 6-уми мактаб-интернати №2-и пойтахт хондан ба муаллимаи забон ва адабиётамон Раҳматуллоева чунон ошиқ шуда будам ки…Баъдтар фаҳмидам, ки ин ишқи хоми кӯдакона будааст. Ишқи ҳақиқиро ман ҳангоми дар Донишгоҳи санъат хонданам дарёфтам, вале он ҳам бебарор буд. Ишқи ман қурбонии падару модари пиру дардмандам гашт", - афзудааст Абдуллоев.

Вале исми "ишқи ҳақиқӣ" дар мусоҳиба ифшо намешавад ва маълум нест, ки ӯ Муқаддас Набиеваро дар назар дорад ё хайр.

Қиссаи ошиқии овозхони нотакрор Муқаддас Набиева ва ҳунарманд Нурулло Абдуллоев замоне пурсадотарин овоза байни мардум буд. Баъзе "ғайбатчиён" бовар ҳам намекарданд, ки ин овоза асосе дораду ҳамон таронаи ҷонгудози "Нури ман"-ро Муқаддас ба Нурулло бахшидааст. Билохир иқрори актёр пас чанд соли марги Набиева сирҳоро шикаст.

Ӯ ахиран соли 2009 дар 60-солагии Муқаддас Набиева хотираҳояшро дар бораи нақши ин зан дар зиндагиаш варақгардон кард ва гуфт, ки ҳарчанд ин саҳифаи ҳаёташ ҳамсарашро нороҳат хоҳад кард, бо гузашти солҳо низ Муқаддас Набиева дарди ҳунарманд аст.

"Медонам, ки бо ин кашфиётҳоям хотири ҳамсарамро ранҷур мекунам. Чанд сол аст, ки Муқаддас байни мо нест, аммо ӯ то ҳол дарди ман аст. Чанде пеш ман дар мусоҳиба бо телевизиони "Сафина" ба тамоми кишвар аз ишқи мамнӯи ману ӯ гуфтам. Наздикони Муқаддас ба ишқи ҳардумон мухолиф буданд. Аммо аз ман миннатдор низ буданд, ки ӯро назорат мекардам. Танҳо ба ҳамон тӯйи бехосият дар ноҳияи Айнӣ, ӯ бе иҷозати ман рафта буд", - гуфта буд ҳунарманд ба "Азия Плюс".

Ҳамсари Нурулло Абдуллоевро Латофатбону Ашӯрова дар мусоҳиба ба ҷавонон маслиҳат додааст, ки дар зиндагӣ пурсабру таҳаммул бошанд, ҳатман бурд хоҳанд кард.

Муқаддас Набиева 7 январи соли 1950 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст ва хатмкардаи мактаб-интернати рақами 10-и шаҳри Душанбе мебошад. 

Пас аз хатми мактаб-интернат вай ба Институти тарбияи ҷисмонӣ дохил шуда, соли 1972 онро хатм намуд ва дар мактаби ибтидоии варзишии ноҳияи Фархор ба ҳайси тренер ба кор шурӯъ кард, аммо шавқу завқи сарояндагӣ ҳамоно қалбашро ором намегузошт.

Ҳамин буд, ки Муқаддас дар баробари тренерӣ бо дастаи ҳаваскорони санъати хонаи маданияти Фархор пайваста, дар ҷашну чорабиниҳои мухталиф ширкат меварзид.

Соли 1973 нахустин озмуни эҷодиёти халқ – "Бӯстон-1" баргузор гардид ва Муқаддас Набиева дар он суруди "Республикаи ман"-ро иҷро кард. 

Роҳбарияти ансамбли эстрадии "Гулшан", ки сарвараш Орифшо Орифов буд, истеъдоди волои ин духтараки ҷавонро дида, ӯро ба ҳайси яккахон ба кор қабул намуданд. Муқаддас Набиева соли 1974 ба Дастаи эстрадии "Гулшан" пайваста, дар як муддати кӯтоҳ дар ин ансамбл инқилоб кард.

Ҳунарманди тоҷик Муқаддас Набиева
www.tajmuz.com
Ҳунарманди тоҷик Муқаддас Набиева

Муқаддас дар ҳунари сарояндагӣ, махсусан дар санъати эстрада роҳи наву сабки хоси сурудхонӣ кушод. Сурудҳои ӯ бо форамию салосат ва зарбу оҳанги дилнишинашон ба зудӣ дар хотири шунавандагон нақш мебастанд. "Кӯи ту" (шеъри Авҳадии Мароғаӣ), "Хуршеди ҳаёт"(ғазали Ҳилолӣ), "Нури ман" (ғазали Мавлонои Румӣ) "Шарораи хотираҳо" (халқӣ), "Боди сабо" (Зебунисо), "Садои дил" (Аъзам Сидқӣ), "Ба ишқат интизорам" (Гулрухсор), "Дили зорам" (халқӣ), "Муҳаббат нест бе оташ" (Сайдалӣ Маъмур) ва даҳҳо таронаҳои дигари Муқаддас, ки теъдоди умумиашон ба 50 мерасад, то имрӯз куҳна нашуда, маҳбубият доранд.

Муқаддас Набиева соли 1979 ҳангоми сафар бо ҳамкоронаш ба ноҳияи Айнӣ баъди як тӯй ба садамаи нохуш дучор шуд ва даргузашт. Ҳунарманд он замон ҳамагӣ 29 сол дошт.

Мавзӯъҳои асосӣ