07:54 17 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Таджикская певица Мехрнигори Рустам

Меҳринигор касбашро иваз мекунад? - овозхон гуфт, ки акнун мутахассиси риштаи ҳуқуқ аст

© Facebook / Mehrnigor Rustam
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
436401

Меҳрнигори Рустам, овозхони номии тоҷик Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм кард. Худи ҳунарманд мегӯяд, акнун ӯ мутахассиси риштаи ҳуқуқ низ аст ва ба устодонаш изҳори миннатдорӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Меҳнигори Рустам, яке аз овозхонҳои ҷавон ва номии тоҷик Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи ҳуқуқшиносиро бо дипломи аъло хатм намудааст.

Дар ин бора худи Меҳрнигор дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дода, афзудааст, ки акнун ӯ мутахассиси риштаи ҳуқуқ низ ҳаст.

Ҳунарманд афзудааст, ки устодон нисбати таҳсилаш дар факулта сахтгир буданд ва ӯ ба ин мартаба расид.

"Ранги сурх рамзи муваффақият, талош, зафармандӣ ва сурхрӯиву сарбаландӣ аст. Гирифтани дипломи сурх, рухдоди муҳиме дар ҳаёти ман аст. Аз тамоми устодони кафедра миннатдорам, ки бо сахтгириашон маро мутахассиси риштаи ҳуқуқ карданд", - менависад ӯ.

Ёдрас мешавем, Меҳнигори Рустам афзун бар ин хатмкардаи Консерваторияи миллии ба номи Талабшоҳ Сатторов аст. Аммо феълан ҳунарманд тавзеҳ надодааст, ки дар соҳаи ҳуқуқ фаъолият хоҳад кард ё на.
Имсол Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро 270 нафар бо дипломи сурх хатм карданд.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, яке аз аввалин муассисаҳои олии кишвар аст, ки соли 1947 ҳамчун Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин ташкил шуда буд. Аз соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон номгузорӣ шудааст. ДМТ феълан дорои 17 факулта аст.

Мавзӯъҳои асосӣ