Азми Шабнам барои кумак ба беморони сил ва дастгирии модараш аз ин иқдом

© акс аз саҳифаи фейсбукии Шабнами СурайёСурайё Қосимова бо духтаронаш - Шабнам ва Фарзона
Сурайё Қосимова бо духтаронаш - Шабнам ва Фарзона - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шабнам Сурайё ба ҳайси сафири ҳусни нияти Тоҷикистон дар Созмони ҷаҳонии муҳоҷират барои кумак ба беморони сил консерти хайриявӣ баргузор мекунад

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Бо ибтикори Ассотсиатсияи "Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон" консерти хайриявӣ бо ширкати овозхонони маъруф Шабнам Сурайё, Фарзона Хуршед ва модарашон Сурайё Қосимова баргузор мешавад.

Бино ба иттилои саҳифаи tamoshow, консерт рӯзҳои 24-25-уми августи соли 2019 дар амфитеатри "Аҳорун" баргузор мегардад.

Публикация от Tamoshow (@tamoshow)

Гуфта мешавад, ки чиптаҳои консерт дар хазинаи амфитеатр ба фурӯш гузошта шудааст.

Манбаъ афзуда, ки баргузоркунандагони озмун барои дастгириву мусоидат ба мақомоти шаҳри Душанбе, Вазорати тандурустӣ ва Вазорати фарҳанг изҳори сипос менамоянд.

Ёдовар мешавем, Шабнами Сурайё ахиран ба ҳайси сафири ҳусни ният ба ҳалли масоили муҳоҷирату сил ҷалб гардид, намоҳанги насиҳатомез таҳти унвони "Надорӣ" нашр кард.

Шабнам Сурайё дар ин суруд аз бевафоӣ ва ғаму танҳоӣ шиква карда, изҳор доштааст, то нафас дорад,  дӯст хоҳад дошт.  Дар охири намоҳанг паёми иҷтимоиро низ алайҳи бемории сил ироа намудааст.

“Ишқро эҳтиёт намо, магузор нобуд шавад. Нагузор беморие чун сил муҳаббатро аз байн бубарад – бигузор меҳру муҳаббати мо силро аз байн бубаранд", - таъкид шудааст дар охири намоҳанг.

Шабнами Сурайё ахиран аз ҷониби Созмони ҷаҳонии муҳоҷират ба ҳайси сафири ҳусни ният ба ҳалли масоили муҳоҷират ва сил ҷалб гардид.

“Tarolla Dalli”: Шабнам сурудаш бо Юлдуз Усмоноваро нашр кард - видео

Ӯ  зимни як ҳамоиши байналмилалӣ  дар шаҳри Остона азмаш барои кумак дар бахши сил ва муҳоҷиратро баён кард.

"Мавзӯи сил бароям бегона нест. Дар зиндагӣ ман бо афроди гирифтори сил вохӯрдаам. Ин мавзӯъ маро ҳамеша нигарон мекард ва вақте ба ман пешниҳод карданд, то сафири ҳусни ният гардам, бо ҷону дил розӣ шудам . Мехоҳам дар ин бора бештар донам ва ба одамон ёрӣ расонам", - изҳор дошта буд Шабнами Сурайё.

Суруд баъди сафирӣ: намоҳанги нави насиҳатомези Шабнами Сурайё - навор

Фаъолият ба ҳайси сафири ҳусни ният миёни афроди муътабар ва шинохта дар ҷаҳон густурда шудааст. Чун эътибору имкониятҳои афроди шинохта бештар асту метавонанд таваҷҷуҳи бештар ба масоили мубрами ҷомеаро ҷалб кунанд, созмонҳои гуногун аз чунин афрод даъват мекунанд, ки ба ҳайси сафири ҳусни ният фаъолият кунанд.

Лентаи хабарҳо
0