18:46 06 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Выступление Саши Заифи в Москве

Саши Заифӣ аз даромади худ, ҷарроҳии писарчааш, тӯйгардӣ ва сафар ба хориҷа гуфт

© Sputnik
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
168041

Саши Заифӣ - ҳунарманд ва барди машҳури тоҷик дар бораи албоми ҷадид, ҳаёти шахсӣ, ҳунарнамоӣ дар тую шабнишиниҳо ва сафар ба хориҷа гуфт

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Охирин консерти бузурги Саши Заифӣ авохири соли 2016 ва аввали соли 2017 дар ду шаҳри бузурги Русия, Маскав ва Санкт-Петербург баргузор шуд. Он замон толорҳои консертӣ пур аз тамошобин буд ва ҳатто мардум рост истода ҳунарнамоии Саши Заифиро тамошо карданд.

© Sputnik
В Москве прошел концерт знаменитого таджикского барда Саши Заифи

Саши Заифӣ дар бораи дидор бо Далер Назаров: "вақте ба оғӯшаш гирифтам озодиро эҳсос кардам"

Дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Саши Заифӣ далели се соли хомӯшиашро гуфт.

"Ростӣ ин солҳо ман кам-кам кор мекардам. Писарчаи хурдиам пас аз ҷарроҳӣ ба табобат ниёз дошт ва ростӣ барои навиштани сурудҳои нав вақт камтар буд. Шукри Худо имсол писарчаам комилан сиҳат шуд", - гуфт Саши Заифӣ.

Вале ба серкорӣ ва машғул будан ба табобати писар нигоҳ накарда, Саши Заифӣ албоми навашро омода кард, ки чанде пеш дар саҳифаи бард дар Youtube нашр шуд.

"Номи албоми навам "Одам" аст. Ин албом аз 13 суруд иборат мебошад. Ман бо нашри ин албомам ба қадри имкон кӯшиш кардам пастию бузургии инсониятро нишон бидиҳам. Чун ҳамешагӣ сурудҳоям аз метафора бой ҳастанд ва ман умед дорам, ки шунавандагон маро хуб бифаҳманд", - гуфт ҳунарманд.

Саши Заифӣ мегӯяд нақша дорад бо албоми нав сафарҳои ҳунариашро аз сар гирад.

"Ростӣ ман кор мекунам. Нақшаҳои бузург дорам. Худо хоҳад чанд консерти бузург баргузор мекунем. Ҳам дар Тоҷикистон, ҳам дар Қирғизистону Қазоқистон ва ҳам дар Русия. Албатта ки аввал Худованд амонӣ насибамон кунаду мухлисон сиҳату саломат бошанд", - таъкид мекунад Саши Заифӣ.

Албатта барои сабти сурудҳо маблағи зиёд лозим аст. Саши Заифӣ мегӯяд ӯ намедонад кӣ ӯро сарпарастӣ мекунад ва дар роҳи ҳунар дастгираш мухлисону дӯстонаш ҳастанд.

"Маро дӯстон ва мухлисонам дастгирӣ  мекунанд. Ҳатто ҳастанд ашхосе, ки дастгириям мекунанд вале ман онҳоро намешиносам".

Хушию хафагиҳои Саши Заифӣ дар Маскав: ҷои тоҷикон Тоҷикистон аст

Саши Заифӣ мегӯяд аз баррасии сурудҳояш ва шеърҳои шоирони дигар, аён мешавад, ки мардум ботадриҷ мақоми шеъри асилро дарк карда истодаанд. Ва дар ин росто, кор барои бард сабуктар ва ширинтар шудааст.

"Шеъри хуб ҳамеша ҷойгоҳашро меёбад. Ман мушоҳида мекунам, ки имрӯзҳо шеърҳои асил бештар машҳур шуда истодаанд. Дар телефонҳои ҷавонон ҳамакнун бештар шеърҳои Лоиқ, Ҳофизро мебинам. Сурудҳои Лидуш Ҳабибро аз нигоҳи нав маънидод мекунанд. Аз ин рӯ хулоса кардам, ки мардум сурудҳои асилро фарқ мекунанд".

Аксари ҳунармандони тоҷик рӯзгорашонро аз ҳисоби ҳунарнамоӣ дар тую маърака, шабнишиниҳо ва ё касби иловагӣ мегузаронанд. Вале Саши Заифӣ мегӯяд танҳо ба мусиқӣ сару кор дорад ва ин ягона роҳи даромадаш аст.

"Ман танҳо менавозам, фақат бо мусиқӣ сару кор дорам. Рӯзгорамро ҳам аз ҳисоби ҳамин мегузаронам. Ман даромади калон надорам ва инро ошкоро мегӯям. Вале ман мақсад ҳам надоштам, ки маҳоратам ба ман пул биёрад. Ман барои он ҳунармандиро хуш дорам, ки ин ягона корест ки ман метавонам", - таъкид мекунад Саши Заифӣ.

Дар бораи ҳунарнамоӣ дар тӯй Саши Заифӣ мегӯяд сурудҳояш барои "китфҷунбонӣ" нестанд.

"Ростӣ тӯй ҷои мо нест. Ман сурудҳо ва маҳоратамро барои тӯй намебинам. Танҳо ин сурудҳоро дар студия мешавад сароид. Ба истиснои тӯйи шахсони наздикам, ки он ҷо ҳам фақат як ё ду оҳанги "рапой" менавозам. Ман фикр мекунам, ки маҳорати ҳунарнамоӣ дар тӯйро надорам" - хулоса кард Саши Заифӣ.

Барчаспҳо:
албоми нав, Тоҷикистон, ВМКБ, ҳунарманд, бард, Саши Заифӣ

Мавзӯъҳои асосӣ