Офарин ба таҳаммулпазирии мардуми рус: суҳбати Сино, овозхони тоҷики муқими Русия

© Sputnik / Стас ЭтвешСино Зоолшоев
Сино Зоолшоев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сино Зоолшоев – ҷавони муваффақи тоҷики муқими Русия дар бораи фаъолияти эҷодӣ, ҳаёти шахсӣ, муносибати ҷомеъаи Русия ба тоҷикону орзуи ҳунарнамоӣ дар Ватан гуфт

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Ҳунарманди ҷавони тоҷики муқими Русия – Сино Зоолшоев ахиран намоҳанги нави худро таҳти унвони "Комели" пешкаши ҳаводоронаш кард ва дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон далели интихоб нашудани духтари тоҷикро ба ҳайси қаҳрамони намоҳангаш, гуфт.

Сино кист?

© Sputnik / Стас ЭтвешСино Зоолшоев
Офарин ба таҳаммулпазирии мардуми рус: суҳбати Сино, овозхони тоҷики муқими Русия - Sputnik Тоҷикистон
Сино Зоолшоев

Сино Зоолшоев соли 1993 дар хонаводаи маорифчиён дар шаҳри Хоруғ ба дунё омадааст. Падараш Зоолшоев Зоолшо корманди илмии Донишкадаи физикаи шаҳри Петербург мебошад. Модараш Отамшоева Авалмо педагог ҳаст. Соли 1996 замони  ҷанги шаҳрвандӣ, падари хонавода оилаашро ба шаҳри Петербург, ки дар бахши аспирантура таҳсил мекард, мебарад. Сино пас аз хатми мактаб ба Донишгоҳи кӯҳии пойтахти шимолии Русия ҳуҷҷатҳояшро супорида, донишгоҳро соли 2015 бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм мекунад. Ба овозхонию ҳунармандӣ Сино 10 сол боз сару кор дорад. Дар хурдӣ ба ҷудо ва футбол машғул будааст. Забони русӣ ва англисиро хуб медонад.

Бе сарпараст, иқтисодчӣ ва ҳунарманд

Аброр Назаров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аброр Назаров: на ҳар касе метавонад роҳи Далер Назаровро биравад

Сино мегӯяд, ҷомеаи Русия имрӯз омода нест барои консертҳо ва умуман мусиқӣ маблағ пардохт кунад, аз ин рӯ аз интихоби касби иқтисодчӣ шод аст ва аз падараш барои насиҳати забономӯзӣ сипозгузор мебошад.

Сино дар роҳи ҳунар сарпарасте надорад ва ҷавони тоҷикро волидон ва худи ӯ дастгирӣ мекунанд. Сино мегӯяд ҳам сурудҳо ва ҳам намоҳангҳояшро аз ҳисоби ҳазинаи худ омода мекунад.

Ахиран Сино намоҳанги нави худро таҳти унвони "Комели" пешкаши ҳаводоронаш кард. Ин намоҳанг дар бораи ишқи ҷавони тоҷик ва духтари миллати ғайр нақл мекунад. Дар ин намоҳанг рафиқони Сино аз интихоби дӯстдухтараш розӣ нестанд ва кӯшиш мекунанд ӯро аз "Комели" ҷудо кунанд.

"Дар намоҳанг Мария Дризик ҳунарпешаи шинохтаи ҷомеаи Петербург, нақш офарид. Комели исми духтаре ҳаст, ки ман ошиқаш будам. Дар ин намоҳанг интихоб миёни рафиқони ҳамшаҳр ва ишқ меистад, ки дар охир ман ба таҳдидҳои дӯстонам нигоҳ накарда бо ишқи худ мемонам”, - нақл кард Сино.

Матни ин сурудро худи Сино навиштааст ва оҳангашро продюсери муваффақи рус, Константин Курнаков омода кардааст.

Дигар дар намоҳангҳоям духтарони тоҷикро наворбардорӣ намекунам

То имрӯз Сино Зоолшоев чор суруд “Винтум” (Дидам), “Тайны” (Сирр), “Звезда” (Ситора) ва “Комели” – ро иҷро карда ва ду намоҳанг сабт кардааст. Дар намоҳанги аввалаш, ки “Тайны” (Сирр) ном дорад, духтари тоҷик нақш офаридааст. Вале Сино мегӯяд пас аз сабти ин намоҳанг дигар намехоҳад духтарони тоҷикро дар намоҳангҳояш ба навор бигирад. Чун сарфи назар аз он, ки Сино дар Русия бузург шудааст, пайвандӣ ба фарҳангу урфу одот ҳамоно мустаҳкам боқӣ мондааст.

“Ростӣ, пас аз сабти намоҳанги "Тайны" миёни дӯстон ва ошноҳоямон гапу калоча бисёр шуд. Бархе мегуфтанд, қаҳрамон дӯстдухтарам ҳаст ва умуман нисбати духтар, ки дӯсти наздикам буд, шарҳҳои беҷо менавиштанд. Фикр мекунам то ҳанӯз ҷомеаи тоҷикони Русия барои баҳогузории холис ба ҳунар, омода нест”,- гуфт Сино.

Сурудҳои Сино ба забони шуғнонӣ ва русӣ омода шудаанд. Ҳунарманди ҷавон барои ҷалби бештари ҳаводорон нақша дорад ба забони тоҷикӣ низ суруд офарад.

Айни замон Сино бо лейбли “Аркайда мюзик” – созмони ҷавонони ҳунарманд, ҳамкорӣ дорад ва дар нақша ҳаст, сурудҳои навро сабт ва пешкаши ҳаводоронаш кунад.

Тӯй дар Русия – макони ошноӣ бо фарҳангу урфу одоти миллӣ

Таджикская свадьба в Москве Хангомы и Алима - Sputnik Тоҷикистон
Панҷ далели тоҷикон барои таҷлили тӯй дар Маскав

Бар хилофи Тоҷикистон дар Русия барои баргузории тӯй маҳдудияте нест. Тоҷикон барои арзонтар будани ҳазинаи баргузории тӯй ва даъвати бешумори меҳмонон Русияро интихоб мекунанд. Ин маросими шодӣ дар шаҳрҳои гуногуни Русия, аз 5 то 8 соат метавонад идома кунад.

Аксари овозхонони тоҷик барои ба даст овардани даромади иловагӣ дар тӯю маъракаҳои тоҷикони Русияро ҳунарнамоӣ мекунанд. Вале барои  Сино тӯю маъракаро танҳо ҷои ошноӣ бо фарҳанги миллии тоҷикон ва урфу одоти миллӣ боқӣ мемонад на макони даромад.

“Як бор мо кӯшиш карда будем, дар тӯй ҳунарнамоӣ кунем. Вале ин бисёр хандаовар буд. Чун мо бо сурудҳои попи русӣ ва мардум бо либосҳои миллӣ”, - гуфт бо табассум Сино ва афзуд, ки дар тӯйи тоҷикӣ суруду мусиқӣ ҳам бояд мувофиқ барои рақсу базму сури тоҷикӣ бошад.

Ба гуфти Сино сатҳи баргузории тӯй дар қиёс бо солҳои пеш хеле беҳбуд ёфтааст ва навхонадарон ҳам ҳамакнун ба баргузории ин маросими муҳим бо ҷиддият муносибат мекунанд.

Боре ҳам чун тоҷик таҳқирам накардаанд

Сино се сол дошт, ки волидонаш ба шаҳри Санкт Петербург кӯчиданд.  Дар хурдӣ борҳо Сино ба Тоҷикистон дар вақти таътили тобистона рафтааст, вале 16 сол мешавад, ки ӯ аз ватан боздид накардааст.

Гулнигор Тиллоева - Sputnik Тоҷикистон
Гулнигор Тиллоева: зебосанами забондон ва пуштибони муҳоҷирон

“Албатта мехоҳам ба Тоҷикистон биравам.  Дар бораи рушди шаҳри Душанбе, Хоруғ ва умуман дигар манотиқи Тоҷикистон аз интернет хуб воқиф ҳастам, вале орзу дорам бори дигар аз сарзаминии бобогӣ дидан кунам ва дар Душанбею шаҳри Хоруғ ҳунарнамоӣ намоям”, - гуфт Сино дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Аз солҳои хурдсолӣ ва мактабӣ ёдрас шуда Сино мегӯяд, боре ҳам таҳқири мардуми бумиро нисбаташ эҳсос накардааст.

“Мо аввал дар хобгоҳ ба сар мебурдем. Он ҷо намояндагони ҳамаи миллатҳо буданд. Ҳам тоҷикон ҳам қирғизҳову муғулҳо ва ҳам арманиҳо. Ба мактаб ҳам ҳамроҳ мерафтем аз ин рӯ ман ҳис намекардам, ки ин ҷо бегона ҳастам”, - ба ёд меорад Сино ва меафзояд, ки овони наврасӣ дар ҷо ҷое шунида мешуд, ки мо дар ватани бегона зиндагӣ дорем.

Сино мегӯяд чанд ҷойҳое ки кор кардааст, бештари кормандон русҳо будаанд, вале боре ҳам нисбати худ калимаи таҳқиромез нашунидааст.  Айни замон Сино дар Созмони ташкили чорабиниҳо кор мекунад, ки аксари ҳамкоронашро мардуми бумӣ ташкил медиҳанд.

“Ростӣ имрӯзҳо муносибати ҷомеаи Русия ба мардуми тоҷик бисёр хуб аст. Ман офарин мегӯям ба мардуми рус, ки нисбати халқи муҳоҷир чунин таҳаммулпазиранд”, - гуфт Сино ва афзуд, ки дар чанд ҷое, ки кору фаъолият кардааст аз тоҷик буданаш бо ифтихор гуфтааст ва аз ҷониби корфармоён низ хуб қабул шудааст.

Чун Олег Фезов

Сино мегӯяд дар ҷаҳони мусиқӣ худро ба касе аз сарояндагон муқоиса карда намехоҳад, чун барои ӯ овозхонӣ шуғли дӯстдошта ҳаст ва ба қадри ҳунари доштааш ба ин кор машғул мешавад.

Далер Назаров дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Маскав: Далер Назаров бо иҷрои суруде аз Лоиқ мухлисонро гирёнд

Ӯ оҳангҳо ва сурудҳои чунин сарояндагони тоҷик чун Муборакшо, Далер Назаров, гурӯҳи “Шамс” – ро пайваста гӯш мекунад ва аз комёбиҳои ҷавонони ҳунарманди тоҷик изҳори шодӣ мекунад.

Миёни овозхонони ҷавон Сино - “Onative”, Мадина Ақназарова, Амир ва Мануро қайд кард. Сино мегӯяд дар ояндаи наздик маҳз ин ҷавонон шоу-бизнеси Тоҷикистонро идора хоҳанд кард.

Олег Фезов ва Умед Ашрафбекро Сино махсусан қайд карда мегӯяд, овозхониро пас аз шунидани сурудҳои Умед оғоз кардаасту Фейзов дар олами мусиқӣ ҳамто надорад.

“Ман фикр мекунам, беҳтарин оҳангсоз дар таърихи мусиқии Тоҷикистон ин Олег Фезов аст. Ман аз оҳангҳои ин ҳунарманд мастам ва ҳаводори ашадии ӯ ҳастам.  Ман ҳайронам, ки чаро Олег Фезов бо чунин ҳунари воло аз мусиқӣ канор рафтааст”, - суол мегузорад Сино ва меафзояд, ки агар замони ҷавонии Олег Фезов ба сар мебурду мусиқачӣ мешуд, албатта монанди ӯ эҷод мекард.

Лентаи хабарҳо
0