06:49 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Выступление группы Шамс, архивное фото

"Духтари тоҷик": нахустин намоҳанги гурӯҳи овозадори "Шамс"- видео

© Страница Нобовара Чанорова в Facebook
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
20810

Гурӯҳи овозадори "Шамс" нахустин намоҳангашон зери суруди "Духтари тоҷик"- ро нашр намуданд

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Ин аз нахустин намоҳанги овозхони номдор Нобовар Чаноров бо тимаш ба ҳисоб меравад. Намоҳанги мазкур таҳти унвони "Духтари тоҷик" рӯзи 10 - уми сентябр  ба шабакаи YouTube  роҳ ёфт.

Намоҳанги "Духтари тоҷик" дар табиати басо зебои Тоҷикистон ба навор гирифта шудаст.

Иштироки зебосанамҳои тоҷик боз ҳам намоҳанги мазкурро ҷолибтар гардонда то ба имрӯз беш аз 1 ҳазор нафар онро тамошо карданд.

Суруди "Духтари тоҷик" - ро гурӯҳи "Шамс" бо забонҳои ширини тоҷикиву помирӣ иҷро намудаанд.

Нобовар Чиноров: дар ситоиши Худо расонотарин забон форсии тоҷикӣ аст

Нобовар Чаноров дар ин суруд,  зебогии духтарони Ҳисору  Хатлон, Бадахшону  Ғарм, Суғду Мастчоҳу Айнӣ ва Дарвозу Ванҷро васф мекунад. 

Нашри намоҳанги "Духтари тоҷик" аз ҷониби мухлисону ҳаводорони ин гурӯҳ гарм пазироӣ шуд ва худи Нобовар низ дар сафҳаи Фейсбукиаш изҳор намудаст ,ки "Дӯстон, он чизе, ки бисёр интизораш будем, амалӣ шуд. Нахустин намоҳанги гурӯҳи "Шамс"- ро бипазиред".

Гурӯҳи "Шамс" чаҳор даҳсола пеш аз ин ташкил шуда буд. Оғози ҳунарнамоии он ба соли 1974 рост меояд, замоне, ки Далер Назаров, Иқбол Завқибеков ва Тоҳир Паллаев сурудҳои "Агар он турки шерозӣ", "Сӯзи маро" ва дигарро эҷод ва пешкаши мухлисон карда буданд.

Бунёдгузорони аслии ин гурӯҳ сароянда, оҳангсоз ва ҳунармандони номӣ Далер Назаров ва Иқбол Завқибеков ҳастанд. Дар ин гурӯҳ ҳунармандоне ҷамъ омадаанд, ки ҳисси мусиқоӣ, андеша ва ҳадафашон ҳамсон буд. Ва инак даҳсолаҳост, ки номи гурӯҳи "Шамс" вирди забони хурду бузург дар Тоҷикистону берун аз он аст ва ситораи шуҳраташон ҳамоно фурӯзон.

Барчаспҳо:
навор, гурӯҳи Шамс, намоҳанг, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ