03:16 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Парда дар театр

Ошиқи Муқаддас ва дӯстдори ҳамсар: Нурулло Абдуллоев 71 сола шуд

CC0 / Pixabay
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
232 0 0

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Нурулло Абдуллоев дар Рӯзи конститутсияи Тоҷикистон 6 ноябр ба дунё омадааст

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Нурулло Абдуллоев ҳунарпеша, драматург, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон имрӯз 71 сола мешавад.

Нурулло Абдуллоевро мардуми Тоҷикистон бештар чун ровии барномаи "Беғараз панд" мешиносанд.

Зиндагиномаи Нурулло Абдуллоев

Нурулло Абдуллоев 6 ноябри соли 1948, дар деҳаи Лучоби ноҳияи Варзоб ба дунё омадааст.

Хатмкардаи шӯъбаи ҳунарпешагии Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода (1975) мебошад. Фаъолияти меҳнатиаш ҳанӯз ҳангоми донишҷӯӣ ба сифати коргари саҳна дар Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи Абулқосим Лоҳутӣ оғоз шуда, аз соли 1975 чун ҳунарпеша ва режиссёр дар театри номбурда фаъолият менамояд.

Абдуллоев маҳорати баланди ҳунарӣ дорад, ҷаҳони ботинии қаҳрамононашро хуб дарк мекунад ва амиқ мекушояд. Дар саҳнаи театр беш аз 150 нақш офаридааст.

Нақшҳои Нурулло Абдуллоев

Нақшҳои беҳтарини Нурулло Абдуллоев дар театр: Муфаттиш - "Бадқасд"-и А. Чехов, Аврангзеб - "Зебуннисо"-и М. Шералӣ ва Ш. Қиёмов, ноиби қозикалон - "Алломаи Адҳам ва дигарон"-и С. Улуғзода, Леонидик - "Марати бечораи ман"-и А. Арбузов, Гратсио "Ҳамлет"-и У. Шекспир, Шокиров - "Раъно"-и Н. Исломов, Абдулло - "Қиёми Лоҳутӣ"-и А. Атобоев, Вахтанг Мебуке - "Вақте ки шаҳр хуфта буд"-и А. Чхаидзе, Креонт - "Шоҳ Эдип"-и Софокл, Моҳрӯй - "Ғуруби Аҷам"-и Ҷ. Қуддус, Амир Наср - "Шоҳ Исмоили Сомонӣ"-и М. Бахтӣ, А. Раҳимбоев - "Драмаи миллат"-и С. Айюбӣ ва ғайра.

Нурулло Абдуллоев дар театри драмаи русии ба номи В. Маяковский низ як силсила нақшҳо офаридааст.

Ҳамчун ҳунарпеша дар бисёр филмҳои бадеии тоҷикӣ, аз қабили "Тирпаронӣ дар ағба", "Дом барои шағолон", "Духтарони "Суғдиён", "Нахи нуқратоб", "Марди роҳ" истеъдодашро нишон додааст.

Ҳамчунин Нурулло Абдуллоев дар киностудияҳои ИДМ ва Эрон низ нақш бозидааст. Абдуллоев дар филмҳои телевизионии тоҷикии "Тақвими интизорӣ", "Зистан мехоҳад", "Оғози умри ҷовид", "Ҷомӣ ва Навоӣ", "Дар орзӯи падар" ва ғайра ролҳои хотирмон иҷро кардааст.

Беш аз ду даҳсола барандаи барномаи телевизионии "Беғараз панд" мебошад.

Муаллифи асарҳои калонҳаҷми драмавии "Кӯҳистонӣ", "Афсонаҳои мӯйсафед", "Ҷеғ зан, Искандарата", "Хонадомод", "Куҷо равонаем?", "Шикасти умед", "Ҷанҷоли сари пода" ва ғайра мебошад.

Пйесаҳояш на танҳо дар театрҳои ҷумҳурӣ, балки дар театрҳои шаҳрҳои Маскав, Налчик, Хабаровски Русия, Токио ба саҳна гузошта шудаанд.

Як қатор пйесаҳои калонҳаҷми адибони хориҷиро ба тоҷикӣ гардондааст.

Аз соли 1994 узви ИН Тоҷикистон мебошад. Бо ордени "Дӯстӣ" сарфароз гардидааст.

Ошиқи Муқаддас Набиева ва дӯстдори ҳамсар

Қиссаи ошиқии овозхони нотакрор Муқаддас Набиева ва ҳунарманд Нурулло Абдуллоев замоне овоза буд. Баъзе бовар намекарданд, ки ин овоза асосе дораду ҳамон таронаи ҷонгудози "Нури ман"-ро Муқаддас ба Нурулло бахшидааст.

Ошиқи Муқаддас Набиева - Нурулло иқрор шуд, ки пас аз 20 сол ҳамсарашро дӯст дошт

Билохир иқрори Нурулло Абдуллоев пас чанд соли марги Набиева сирҳоро ифшо кард.

Нурулло Абдуллоев дар суҳбат бо рӯзномаи "Оила" иқрор шуд, ки пас аз 20 соли зиндагӣ ошиқи ҳамсараш Латофатбону Ашӯрова гашт.

Абдуллоев дар мусоҳиба аз нақши зан дар зиндагӣ, ҳаёти хонаводагӣ ва ишқи аввалу ишқи ҳақиқиаш гуфтааст.

Ҳунарманд дар ҷое мегӯяд, ки соли 1975 бо ҳамсараш хонадор шуду, имрӯз аз чунин ҳамсар доштанаш "Худоро шукр мегӯяд".

"Латофатбону пуртоқату меҳрубону меҳнатдӯст аст. Пас аз 20 соли хонадорӣ ман ошиқи шайдои  ҳамсарам шудам", - гуфт Абдуллоев.

Нурулло Абдуллоев ахиран соли 2009 дар 60-солагии Муқаддас Набиева хотираҳояшро дар бораи нақши ин зан дар зиндагиаш варақгардон кард ва гуфт, ки ҳарчанд ин саҳифаи ҳаёташ ҳамсарашро нороҳат хоҳад кард, бо гузашти солҳо низ Муқаддас Набиева дарди ҳунарманд аст.

Барчаспҳо:
рӯзи мавлуд, дӯстӣ, ҳамсар

Мавзӯъҳои асосӣ