06:05 29 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
316340

Чоршанбе Аловатов - ҳунарманди ҷавон дар даври ниҳоии озмуни Central Asia Got Talent ба забони итолиёӣ месарояд

ДУШАНБЕ, 21 дек— Sputnik. Чоршанбе Аловатов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи омодагии худ ба даври ниҳоии озмуни Central Asia Got Talent нақл кард.

Ба гуфти Чоршанбе дар даври ниҳоӣ ӯ ба забони итолиёӣ ва тоҷикӣ хоҳад сароид.

"Омодагиҳо хуб ҳаст. Ман бештар худам тамрин кардам. Суруд дар даври ниҳоӣ попурӣ мешавад - аввал ба забони итолиёӣ баъд ба забони тоҷикӣ", - гуфт Чоршанбе Аловатов, вале номи сурудро ишфо накард.

Чоршанбе айни замон дар Қазоқистон қарор дорад ва даври ниҳоии озмун дар шаҳри Нурсултон рӯзи 22 декабри соли 2019 баргузор мешавад. Бояд гуфт, ки рӯзи 22 декабр барои хонаводаи Аловатовҳо - ҳам барои Чоршанбе ва ҳам барои падараш сарояндаи номии Тоҷикистон Ақназар Аловатов рӯзи вижае мешавад. Ақназар Аловатов дар ин рӯз дар Маскав дар барномаи "Хушҳолӣ муборак" - ба муносибати Рӯзи мавлуди пешвои исмоилиёни ҷаҳонАълоҳазрат Оқохони IV ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Чоршанбе гуфт барои дастгирии ӯ аҳли хонавода - модар ва хоҳараш ба Қазоқистон рафтаанд.

Ғолиби озмуни Central Asia Got Talent тариқи овоздиҳӣ интихоб хоҳад шуд. 

Барои дастгирии Чоршанбе Аловатов аз дохили Тоҷикистон бояд рақами 02-ро ба 5021 равон кард. Тоҷикони Маскав метавонанд тариқи овоздиҳӣ дар торномаи Central Asia Got Talent Чоршанбе Аловатовро дастгирӣ кунанд.

Ёдрас мешавем, ки дар ду бахши аввали озмуни Central Asia Got Talent Чоршанбе Аловатов бо овоз ва тарзи иҷрои суруд доваронро шигифтзада карда буд.

Муъҷиза: Чоршанбе Аловатов бо суруди Далер Назаров доваронро шигифтзада кард - видео

Дар даври аввал Чоршанбе суруди Далер Назаров - "Агар он турки шерозӣ"-ро иҷро карду дар даври дуюм суруди шодравон Муборакшо "Акрамҷон"-ро сароида доварон ва тамошобинонро мафтуни худ гардонд
Аловатов суруди шодравон Муборакшоро хонд ва доваронро шигифтзада кард - навор

Central Asia's Got Talent - озмуни байналмилаллиест, ки дар беш аз 70 кишвари дунё баргузор шудааст. Ин бор ин озмуни бонуфуз дар чор кишвари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳунар меҷӯяд.

Дар ин озмун ҳар нафаре, ки истеъдоди фавқуллода ё ҳунаре бартар аз дигаронро дорад, метавонад ширкат кунад. 

Ин шоуи телевизионӣ дар пайравӣ ба лоиҳаи маъруфи Britain’s Got Talent роҳандозӣ мешавад.  

Ҳунари довталабон аз ҷониби чаҳор довар, намояндагони чор кишвари иштирокчӣ баҳогузорӣ мешавад. Ба ҳайати ҳакамон Нурлан Абдулин - сарояндаи қазоқистонӣ, ровии телевизион, соҳибкор, Ситора Фармонова - ҳунарпешаи кино, ҳофиза ва ширинкори узбекистонӣ, Гулнур Сатилганова -сарояндаи қирғиз, Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Қирғизистон, Аловуддин Абдуллоев - ҳунарпешаи тоҷик, режиссёри филми мустана, ҳунарманди театр дохил шуданд.

Ҷоизаи асосии озмуни Central Asia's Got Talent 260 000 сомониро ташкил медиҳад.

То имрӯз Чоршанбе Аловатов дар озмунҳои гуногуни ватанӣ ва хориҷӣ ширкат кардаву соҳиби ҷоизаҳо шудааст. Чоршанбе ҳунарнамоиро дар саҳнаи бузург аз синфи шашум оғоз кардааст. Ҳунарманди ҷавон мегӯяд, чун аз падараш доим сурудҳои халқӣ ва фалак мешунид, дар озмунҳои аввал ҳам дар ҳамин жанр ҳунарнамоӣ кард.

Нахустин бор Аловатов соли 2011 дар озмуни "Овози тиллоӣ", дар жанри фалак ширкат карду соҳиби мақоми аввал шуд.Соли 2014 дар озмуни "Шукуфаҳои пойтахт" низ суруде дар жанри фалак иҷро кард ва мақоми аввалро аз худ намуд. 

Соли 2017 дар озмуни "Парвин" ҳунарнамоӣ карду боз соҳиби ҷоизаи асосии озмуни овозхонӣ гардид.

Имсол Чоршанбе аллакай услуби худро ёфта, дар жанри фюжен баромад кард ва дар озмуни  "Bob Music Awаrds 2019", ки даври ниҳоии он рӯзи 28 сентябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, дар бахши "Беҳтарин овоз" мақоми аввалро соҳиб шуд.

Чоршанбе Аловатов кист?

Чоршанбе Аловатов ҳунарманди ҷавон, писари сарояндаи маъруф Ақназар Аловатов мебошад.

Ӯ 7 феравли соли 1998 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ дар хонаводаи санъаткор ба дунё омадааст. То синфи панҷум дар мактаби шаҳри Хоруғ таҳсил карда, пас аз кӯчидан ба шаҳри Душанбе, дар мактаби рақами 72-и пойтахт то синфи 9-ум таҳсил кардааст.

Пас аз хатми синфи 9 Чоршанбе ҳуҷҷатҳояшро ба Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов супорида, онро дар бахши овозхонӣ хатм мекунад. То имрӯз Чоршанбе ба Узбакистон, Қирғизистон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва шаҳрҳои гуногуни Русия сафар кардаасту мехоҳад боз бештар сайёҳат кунад. Аз ин рӯ айни замон донишҷӯи соли сеюми бахши сайёҳии Донишгоҳи санъати Тоҷикистон мебошад.

Барчаспҳо:
даври ниҳоӣ, озмун, суруд

Мавзӯъҳои асосӣ