"Кумак ба беморон": Аловатов гуфт, ҷоизаашро барои чӣ коре ҳазина мекунад

Обуна шудан
Ғолиби мутлақи озмуни байналмилалии Central Asia's Got Talent - Чоршанбе Аловатов, ки барандаи 26 ҳазор доллари амрикоӣ шуд, гуфт ҷоизаашро дар роҳи хайр ҳазина хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Чоршанбе Аловатов қарор кардааст қисме аз маблағи буридаашро дар роҳи хайр сарф карда қисми дигарашро барои рушди ҳунари худ сабти сурудҳои нав, ҳазина намояд.

Ӯ бовар дорад, ки пирӯзиаш қисман аз дуои ду бемор вобаста буд.

"Мо дар консерте дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе, дар Рӯзи маъюбон ҳунарнамоӣ карда будем. Он ҷо сандуқи хайрияе истода буд, ки барои ҷарроҳии чашми як духтари нобиное маблағ ҷамъоварӣ мешуд. Ман он рӯз дар дилам гуфтам, агар барандаи озмун шавам, албатта ба ин бемор ва боз як бемори дигар, кумак мекунам", - гуфт Чоршанбе Аловатов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Чоршанбе Аловатов на конкурсе - Sputnik Тоҷикистон
Соҳиба Давлатшоева дар бораи Чоршанбе Аловатов: "ӯ ифтихори Тоҷикистон аст "

Аловатов миёни 12 иштирокдори даври ниҳоии Central Asia's Got Talent дар паи овоздиҳӣ, дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон ғолиби асосӣ дониста шуд. 

"Албатта, ман ба истеъдоди худ бовар дорам, вале ин ҷо гап сари овоздиҳӣ мерафт ва ман боварӣ надоштам, ки мардуми Осиёи Марказӣ маро инқадар дастгирӣ мекунанд. Фикр мекунам, дуои ҳамон беморон барои пирӯз шудани ман қувваи бештар дод", - бовар дорад Чоршанбе.

Аловатов дар даври ниҳоии озмуни минтақавии истеъдодҳо бо костюми бисёр зебо, ки аз омехтаи матои атласи ранги сурху сафед омода шудааст, ҳунарнамоӣ карда, суруди попурӣ - аввал ба забони итолиёвӣ баъд ба забони тоҷикӣ хонд.

"Костюмамро тарроҳ Умед Негматов омода карда буд ва сурудамро Фарҳод Зикиров оранжировка кард", - гуфт Чоршанбе.

Аловатов аз пешвози гарми мардуми Тоҷикистон дар фурудгоҳи Душанбе бисёр шод шудааст ва мегӯяд интизор набуд, ки ӯро бо чунин ҳашамат пешвоз мегиранд.

Директор фонда Ага-Хана в Таджикистане  Ёдгор Файзов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ёдгор Файзов ба Чоршанбе Аловатов: "мардуми Бадахшон бо шумо ифтихор доранд"

"Албатта боиси ифтихор аст, ки намояндагони Ҳукумат, худи раиси Кумитаи ҷавонон, композиторҳо, муаллима Соро Музофиршоева - коргардон, намояндагони расонаҳо умуман, мардуми зиёд ба пешвози ман меоянд. Сипосгузорам",-изҳор дошт Чоршанбе дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Истиқболи Чоршанбе дар Душанбе: Ӯ гуфт, ин пирӯзии ҳамаи мост-видео

Чоршанбе Аловатов дар бораи нақшаҳои ҳунарияш гуфт, аллакай чанд пешниҳоди ҳамкорӣ ба ӯ шудааст, вале қарори ниҳоиро ҳунамрманд ҳоло қабул накардааст. Ҳаминаш дақиқ аст, ки Чоршанбе албатта дар роҳи санъат хоҳад кӯшид. Ӯ орзу дорад бо омехта кардани жанрҳои мухталиф фюжени худро пешкаши мардум кунад ва ҳунарманди маъруф шавад.

Аловатов суруди шодравон Муборакшоро хонд ва доваронро шигифтзада кард - навор

Ёдрас мешавем, ки Чоршанбе Аловатов, овозхони ҷавони тоҷик дар пайи овоздиҳии сокинони Осиёи Марказӣ ғолиби озмуни Central Asia Got Talent ва соҳиби ҷоизаи асосӣ - 10 миллион тангаи қазоқӣ, муодили беш аз 1,6 миллион рубли русӣ (тақрибан 26 ҳазор доллари амрикоӣ) эълон гардид.

То имрӯз Чоршанбе Аловатов дар озмунҳои гуногуни ватанӣ ва хориҷӣ ширкат кардаву соҳиби ҷоизаҳо шудааст. Чоршанбе ҳунарнамоиро дар саҳнаи бузург аз синфи шашум оғоз кардааст. Ҳунарманди ҷавон мегӯяд, чун аз падараш доим сурудҳои халқӣ ва фалак мешунид, дар озмунҳои аввал ҳам дар ҳамин жанр ҳунарнамоӣ кард.

Ҳунарнамоии Чоршанбе Аловатов дар озмуни Ҷоизаи мусиқии Боб 2019  - Sputnik Тоҷикистон
Видеои ҳунарнамоии пирӯзиовари Чоршанбе дар финал ва шоҳҷоизаи 1,6 миллион рублӣ

Нахустин бор Аловатов соли 2011 дар озмуни "Овози тиллоӣ", дар жанри фалак ширкат карду соҳиби мақоми аввал шуд.Соли 2014 дар озмуни "Шукуфаҳои пойтахт" низ суруде дар жанри фалак иҷро кард ва мақоми аввалро аз худ намуд. 

Соли 2017 дар озмуни "Парвин" ҳунарнамоӣ карду боз соҳиби ҷоизаи асосии озмуни овозхонӣ гардид.

Имсол Чоршанбе аллакай услуби худро ёфта, дар жанри фюжен баромад кард ва дар озмуни  "Bob Music Awаrds 2019", ки даври ниҳоии он рӯзи 28 сентябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, дар бахши "Беҳтарин овоз" мақоми аввалро соҳиб шуд.

Муъҷиза: Чоршанбе Аловатов бо суруди Далер Назаров доваронро шигифтзада кард - видео

Чоршанбе Аловатов ҳунарманди ҷавон, писари сарояндаи маъруф Ақназар Аловатов мебошад.

Ӯ 7 феравли соли 1998 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ дар хонаводаи санъаткор ба дунё омадааст. То синфи панҷум дар мактаби шаҳри Хоруғ таҳсил карда, пас аз кӯчидан ба шаҳри Душанбе, дар мактаби рақами 72-и пойтахт то синфи 9-ум таҳсил кардааст.

Чоршанбе Аловатов: ашхоси доро мехоҳанд баҳои ҳунарро арзон кунанд

Пас аз хатми синфи 9 Чоршанбе ҳуҷҷатҳояшро ба Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов супорида, онро дар бахши овозхонӣ хатм мекунад. То имрӯз Чоршанбе ба Узбакистон, Қирғизистон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва шаҳрҳои гуногуни Русия сафар кардаасту мехоҳад боз бештар сайёҳат кунад. Аз ин рӯ айни замон донишҷӯи соли сеюми бахши сайёҳии Донишгоҳи санъати Тоҷикистон мебошад.

Лентаи хабарҳо
0